Фароҳам гардидани имконоти фанноварӣ барои фаъолияти хабарнигорӣ дар солҳои охир кори журналистонро осон гардондааст. Як хабарнигор бо истифодаи дастгоҳҳои ҳушманд метавонад дар дақиқаҳои аввал иттилоъро аз тариқи сомонаи расона дар маърази умум гузорад. Дар баробари ин рушд, ҳамчунин нигарониҳо дар мавриди даст ёфтан ба иттилооти маҳрамона, хусусӣ ва хонаводагӣ ба бор омадааст. Ин технологияҳо имконият фароҳам меоранд, ки ҳар журналист метавонад мавриди назорати гуруҳҳои алоҳида қарор гирад ва ин кор халале барои фаъолияти касбии рӯзноманигорон шавад.

Сомонаи Шабакаи байнулмилалии рӯзноманигорон бо нашри як мақола дар мавриди амнияти иттилоотӣ навиштааст: “Имконияти фанноварӣ бо пахши як тугма дастрасӣ ба гуфтугӯи телефони мобилӣ, почтаи электронӣ, мукотибаҳоро фароҳам меорад. Барномаҳои компютерӣ, ки олуда ба вирус ҳастанд, метавонанд маълумоти компютер, рамзҳо (пароль) ва кадом тугмаеро, ки корбари компютер пахш кард, ба фармоишгар дастрас гардонанд. Ҳамлагарҳо метавонанд гуруҳҳои ҷиноӣ, гуруҳҳои террористӣ ва идораҳои пайгирикунандаи фаъолияти расонаҳо бошанд”.
Пас, савол ба миён меояд, ки журналист чӣ гуна метавонад ҳангоми фаъолияти касбӣ иттилоотро то лаҳзаи нашр ҳифз кунад? Дар ин ҷо мо 10 маслиҳатро меорем, ки ҷанбаъҳои ҳуқуқӣ ва техникиро дар бар гирифта, таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми фаъолияти журналистиро таъмин мекунанд.

Ҷанбаъҳои ҳуқуқӣ:
Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” маслиҳат медиҳанд, ки:
1. Дар навиштаҳои шумо набояд хусусияти тарғиботии гуруҳҳои экстримистиву террористӣ бошад, дар сурати вуҷуди тарғиботии ин гуруҳҳо журналистро метавонанд ба ҳамдастӣ бо ин гуруҳҳо айбдор кунанд. Дар сурати гузаронидани тадқиқоти журналистӣ вобаста бо гуруҳҳои мамнуъ ва террористӣ, журналист барои таъмини бехатарии худ бояд бо навиштани дархост аз мақомоти қудратӣ иттилоъро дастрас кунад.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилои шахсӣ, фаъолияти касбии журналистиро кафолат медиҳад. Дар сурати поймол гардидани ин ҳуқуқҳо журналист ҳуқуқ дорад ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи иттилоот таъсис ва мустаҳкам карда шудаанд. Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки истифодаи иттилоот ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таблиғи фаҳшу фуҷур (порнография) манъ аст.
Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танҳо бо розигии соҳиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси қарори суд мумкин аст. Яке аз мақсадҳои асосии муҳофизати техникӣ ин ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ мебошад.
Иттилоъ ва ё маълумоти тибқи қарори суд фошшударо танҳо бо мақсадҳои дар қарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст (моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”). Зеро амнияти иттилоотӣ аз ҷумла ин ҳолати муҳофизатии манбаъҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот мебошад (моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”).
Дар ҳолати поймол гаштани ҳуқуқ ба амнияти иттилоттӣ тибқи боби 28-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷиноятҳо муқобили амнияти иттилоотӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҷанбаҳои техникӣ:
Аҳлиддин Салимов, журналист ва мутахассиси фанновариҳои ҷадид дар соҳаи рӯзноманигорӣ чанд равиши сода барои таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми фаъолияти журналистиро пешниҳод медорад:
3. Истифодаи барномаҳои аслӣ. Windows ва Office-ро барӯзгардонӣ (обновление) кунед. Ин кор компютери шуморо аз ҳамлаҳои вирусӣ эмин нигоҳ медорад.

4. Мукотибаҳои онлайнӣ — почтаи электронӣ. Интихоби дурусти почтаи электронӣ аз нигоҳи амнияти рақамӣ дар ҳоли ҳозир намунаи беҳтари почтаи электронӣ ин Gmail аст, ки бо фаъол гардонидани Google Authenticator амнияти почтаи шумо таъмин мегардад. Истифода накардани почтаи электронӣ аз компютерҳои бегона ва интернеткафеҳо. Дар сурати истифода, баъдан рамзи почтаатонро иваз кунед. Ҳадди ақал дар 3 моҳ рамзи почтаи электрониатонро тағйир диҳед.

5. Гузоштани рамз (пароль). Рамзҳои қавӣ барои компютер, барномаҳо, файлҳо ва почтаи электронӣ муҳим аст. Роиҷтарин иштибоҳе, ки ҳар корбар мекунад, ин истифодаи як рамз барои почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст. То чӣ ҳад қавӣ будани рамзи гузоштаатонро метавонед баъдан санҷед. Барои рамзи қавӣ адади рамзҳо, аломатҳо ва ҳарфҳо на камтар аз 8 ё 14-то бошад. Насби барномаи Password Card дар телефонатон метавонад барои сохтани рамзи қавӣ ба шумо кӯмак кунад.

6. Ҳимояи компютер аз вирус. Тибқи маълумоти сомонаҳо, бештар аз 6000 вирус ҳар моҳ дар фазои интернет бо ҳадафҳои муайяе сохта мешаванд. Журналистон аз хатари вирусҳо эмин нестанд. Барои ҳимояи компютер аз вирус журналистро мебояд одитарин қоидаҳоро барои ҳимоя аз вирус риоя кунад. Ин қоидаҳо метавонанд нусхабардории маълумоти дар компютер буда ба дискҳо, боз накардани сомонаҳои олуда ба вирус, истифода накардани флешкаҳои дигарон, доштани антивируси фаъол дар компютер ва ғ. бошанд. Дар фазои интернет барномаҳои зиддивирусии ройгон барои компютер мавҷуд аст, ки ҳар нафар метавонад онро дарёфт ва насб кунад: Avira.com, Bitdefender (Windows), Avast.com (Windows, Mac), Avg.com (Windows, Mac), Lavasoft Ad-Aware Free (Windows).

7. Худдорӣ аз насби барномаҳои ношинос. Аксари барномаҳои ношинос дар фазои интернет олуда ба вирусҳо буда, ба рахнагар имкон медиҳанд идораи компютери шуморо зери назари худ бигирад. Барои ин, барномаҳои нолозими компютератонро пок кунед. Агар барномаи компютератон русӣ аст, метавонед аз ин тариқ равзанаи пок кардани барномаҳоро ёбед: Меню пуск –> Панель управления –> Программы и компоненты –> барномаи нолозимро интихоб карда –> Удалить-ро зер мекунед.

8. Истифодаи Google Docs барои ҳуруфчинии маводи журналистӣ. Ин барнома онлайн кор карда, имкон медиҳад, ки ҳар сония тағйироте, ки дар матнатон меоред, сабт кунад. Ҳамчунин, дар як замон матнро метавонанд ҳамкоратон ё муҳарриратон бубинанд. Инчунин, дар сурати қатъ гардидани барқ, ҳуҷҷат гум намешавад.

9. Нигаҳдории маълумот дар фазои захирасозии абрӣ (облачные хранилище). Барои ҳимояи маълумоти зарурӣ аз сирқат, гум кардан ва ҳамлаҳои вирусӣ онро дар фазои “абрӣ” нигаҳдорӣ кунед. OneDrive, Dropbox, Google Drive ва Box имкониятои онлайние мебошанд, ки ба таври ройгон шумо метавонед аз 2 гб то 15 гб маълумоти заруриро нигаҳдорӣ кунед. Барои телефони мобилӣ низ ин барномаҳо дастрасанд.

10. Ҳимояи телефони мобилӣ. Қадами аввал барои ҳимояи телефони мобилӣ ин гузоштани рамзи қавӣ, насб кардани барномаҳои машҳури санҷидашуда, худдорӣ аз насби барномаҳои ношинос аст. Насби барномаи зиддивирусӣ барои телефон Malwarebytes ё Lookout. Телефонро ҳамеша бо худ доштан. Барӯзгардонии барномаҳои телефон. Нусхабардории маълумоти телефон дар захираҳои абрӣ.

Аҳлиддин Салимов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here