Ҳеҷ гоҳ ба фаҳми он, ки мо якдигарамонро барои пир шудан, барои як қадам ба марг наздик шудан ва барои ба охири хатсайри ҳаёт наздик шудан табрик мекунем, нарасидам.

Хушбахтона, рӯзи сеюми август дар ҳамсоягии мо тифле ба дунё омад. Дирӯз бо падараш суҳбат доштам. Ӯ гуфт:

— Дар як масъала бо ҳамсарам ба як хулосаи аниқ омада наметавонем. Тавре медонӣ, мо рӯзи сеюми август кӯдакдор шудем. Худам 10-уми август ва ҳамсарам бошад 1-уми август ба дунё омадаем. Ҳозир ҳамсарам мегӯяд, ки дар шаҳодатномааш якуми август кайд мекунем, ман бошам, мегӯям, ки зодрӯзашро даҳуми август мемонем.

Инро шунида пурсидам:

— Пас зодрӯзи ҳақиқии кӯдак чӣ мешавад?

Гуфт:

— Он дар ёди мо меистад, муҳим ин ки дар шаҳодатномааш рӯзи даврӣ ва ба яке аз мо мувофиқ бошад.

Пас аз ин суҳбати кӯтоҳ ба зодрӯзи худам шубҳа кардам. Ва ба зодрӯзи ҳама. Воқеан ҳам, кӣ кафолат медиҳад, ки фалон рӯзу моҳ зодрӯзи ҳақиқии ӯст?

Дар омади гап бояд бигӯем, ки дар масъалаи зодрӯз якчанд тезис дорам, ки ин ҷо оварданашон аз фоида холӣ нест.

Тезисти аввал: Вақте бо устод Муҳаммадориф Шарифзода — собиқадори журналистика ва кордидаи “Тоҷик ТА” (АМИТ «Ховар»-и имрӯза) мусоҳиба доштам, аз он кас дар бораи кай будани рӯзи таваллудашон пурсидам, зеро дар вақти омодагӣ ба суҳбат на аз интернету рӯзномаҳо ва на аз ёру дӯстонашон ин маълумотро дарёфт карда натавонистам. Он кас чунин ҷавоб гуфта буданд:

— Вақти мо тамоман дигар буд. Касе аниқ намедонад, ки ман кадом рӯз ба дунё омадаам. Танҳо модарам мегуфт, ки вақти харбузапаз таваллуд шудаам.

Тезисти дуввум: Чанд сол пеш аз устодон фаҳмидам, ки устод Нур Табаров 15-уми июл зодрӯз доранд. Чун бо намояндагони хатми даҳуми ДМТ нияти анҷом додани як силсила мусоҳибаҳоро доштам, пас аз каме омодагӣ ба хонаи мусоҳибам рафтам ва чунин суҳбат шуд:

— Ассалому алейкум, устод!

— Воалейкум-воалейкум…

— Омад-омади зодрӯзатон муборак бошад!

— Раҳмат бачам, аммо зодрӯзи ман дар моҳи май буд-ку!

— Ман ҳоло барои суҳбат омадам, махсус барои рӯзи мавлудатон. Чӣ хел дар моҳи май?

— Ҳа, суҳбат бошад, мушкиле нест, суҳбат мекунем, марҳамат, хона даро, аввал ба ҳамин саволат ҷавоб медиҳам.

— Ташаккур, устод! Ҷавоби Шуморо интизорам…

— Аслан, ман дар моҳи майи соли 1941 таваллуд шудаам. Сабаби дар ҳуҷҷатҳоям 15-уми июл қайд шудан он аст, ки солҳои пеш баробари ба дунё омадан волидон шаҳодатномагирӣ намерафтанд, балки пас аз 1-2 моҳи таваллуд ба идораи ҷамоат мерафтанд ва ҳамон рӯзе, ки шаҳодатномаро мегирифтанд, таваллуди кӯдакро ҳам ҳамон санаро мемонданд. Тамом, дигар муаммое нест.

Бубинед, ҳар замон дар мавриди зодрӯз, ҷашнгирӣ аз он, фаҳмиш ба он ва дигару дигарон хосияти ба худ хос дорад. Пас, ҳоло ки мо барои аниқу дақиқ мондани зодрӯзҳоямон ҳеҷ мушкиле надорем, биёед, худу дигаронро фиреб накунем.

Сино ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here