“Ва ба зино наздик машавед; ба дурустӣ ки он беҳаёӣ ва бад роҳе аст”.
Қуръон, сураи Исро, ояти 32
Аз ин ҳушдори Худованд имрӯз қисме аз мардуми мусалмони кишвар фарсахҳо дуранду машғул шудан ба ин амали зиштро кори маъмулие мепиндоранд. Биёед каме атрофи ҳаводиси ахир, ки бевосита ба мавзӯи таҷовузу дастдарозӣ ба номус рабт дорад, тафаккур кунем. Ҳадаф хароб кардани асаби шумоён ва хотиррасон кардани дастдарозии чанд зинокор бо маҳрамҳояшон ва духтарони ноболиғ нест, аммо мебояд атрофи воқеоти наввуқуъ чанд нуктаро хуб дарк кунем.
Аслан, мардуми мо куҷо равонаанд? Оё боре андешидаанд, ки имрӯз, фардо ё пасфардо ҳатман мемиранд? Албатта, ҳар кадоми мо як маротиба ҳам бошад, дар кунҷи хаёлотамон оид ба фонӣ будани ин дунё лаҳзае ист кардаем. Пас агар ин тавр бошад, чаро қисме аз ба ном мардон аз байни худи мо баромадаву даст ба фаҳшо мезананду номуси хоҳареро бадному тақдири дигареро хати сиёҳ мекашанд?
Инҷо чанд омил вуҷуд дорад, аммо аз ҳама муҳимаш аз Худо натарсидан аст. Қоида ин аст, ки вақте дар вуҷуди касе тарсе аз холиқ ҷой надорад, пас иҷроиши ҳар амал барояш ҳалол мегардад. Чанде пеш оморе ба гӯшам расид, ки мувофиқи он дар соли 2019 дар ҳар 32 сония дар Амрико як нафар мавриди таҷовуз қарор гирифта будааст. Онҷо, ки ба қавле демократитарин кишвар аст, ҳар тавре роҳат ҳастанд, рафтор мекунанд. Лекин моро чӣ бало задааст, ки имрӯз кори гуруҳе аз гумроҳон ба бадном кардану дастдарозӣ ба номуси оҷизае мондааст!? Ин тоифаи зинокорро бо сахттарин ҷазо бояд муҷозот кард. Албатта ҳоло бо ҳар ҷинояткор тибқи қонунгузории ҷории кишвар муносибат мекунанду ҷазояш аз ҷониби суд муқаррар мешавад. Вале натиҷа чист, ки бо додани ҳукмҳои чандинсолаи ҷазо дар ҳабсхонаҳои сангин боз ҳам сафи аз пайи хоҳишоти шаҳвонӣ равандагон майли афзоиш дорад…
Аксарият гумон доранд, ки бо насиҳат метавон пеши роҳи фаҳшкориҳоро гирифт, аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло мавъиза ба гӯши фарзандат ҳам хушоянд нест. Агар ислоҳ мешуд, дар паси панҷара тавба карда, даст аз ин кори зишту нопок бармедошт.
Айнан ҳамин мавзуъ, яъне бо ин тоифаи зишткор чӣ бояд кардро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чандест мавриди баҳс қарор додаанд. Гуруҳе мегӯянд, ки сазовортар нест, то шеваи рафтор ва ҷазо барои зинокоронро то ба эътидол омадани фазои гуруҳи ҷинояҳои алоқаманд ба таҷовуз каме тағйир диҳем. Шояд ин тоифаи палидонро якеро сангборон кунем, дувумиро оташ занем ва ба он савумие, ки ба маҳрамҳояш дастдарозӣ мекунад, ҳукми қатл диҳем?
Дар ин миён афроде шояд садо баланд кунанд, ки ин хунхорӣ ва ваҳшоният аст, аммо маълум мешавад, ки аслу ҳадаф ислоҳи ҷомеа аз палидиҳост. Бо аз дунё рафтани ду-се зинокор ҷомеа ҳеҷ чизеро аз даст намедиҳад. Ва аммо гумони ғолиб ин аст, ки вақте як нафаре аз ин палидон сангборон карда шавад, ҳатман ҳамтабақонаш ба худ хулосаи бозгашт аз ин роҳҳо мебароранд. Роҳи ислоҳро дар ҳамин мебинам.
Ва боз, Худо донотар аст.
Нуралӣ КАРИМ