Чаро буҳрони коронавирус ҳам бархе намояндагони баъзе мақомоти масъулро аз аъмоли ғайриқонунӣ бознадошт?
Бисёриҳо фикр доштанд, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ дар ин даъвати ҷавонон ба сафи артиш дигаргуна кор мекунанд. Аввалан, мақомот ваъда дода буданд, ки роҳҳои дигари ҷалби ҷавононро пайдо хоҳанд кард ва аз “облава” озод мешавем. Баъдан, бо пеш омадани буҳрони коронавирус, интизор мерафт “раги инсонии” масъулон “меҷумбад” ва низ ҷавонон дар ин муддат роҳи гурез ҳам надоранд.
Ҳоло маълум мешавад, ки не, “сарбозшикор” боз дар авҷ аст. На аз коронавирус тарс доранду на аз Худо, касе пеш омад “меқапанд”. Тайи 1 ҳафтаи охир ба камиаш 3 видео дар Интернет пайдо шуд, ки “облава”- ро “реклама” мекард.
Қаблан ба қонун тағйирот пешниҳод шуда буд, ки муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 2 сол ба 1,5 сол кам карда мешавад. Гуфта мешуд, ин пешниҳод, ки қаблан аз ҷониби коршиносон изҳор шуда буд, барои ҷалби ҷавонон мусоидат мекунад.
Ҳоло маълум мешавад, ки “дили одаткарда — балои ҷон”?
Вагарна, онҳо намедонанд, ки ин “одат” ҳам обрӯи давлатро мерезонад, ҳам мардумро нигарон кардааст?
Пеш аз ҳама чунин муносибати кормандони комиссариати ҳарбӣ модарони тоҷикро ба даҳшат меорад. Зеро, ба қавле аз “кинои бепул”-и ин ниҳод, ки як донишҷӯйи бечора ё камбағалеро дар байни мардум иҳота намуда, таҳқир мекунанд, дертар ҳатто кормандони БДА ва милисаву чанд “волонтёр”-и кадом як ниҳод ба он ҳамроҳ мешаванд, одам воқеан ҳайрон мемонад.
Ҳатто одами бегуноҳ дар ин миён фикр мекунад, ки ӯ ҳам чизеро дуздидааст. Тарс одамро то ин дараҷа фаро мегирад.
Мардум хеле суолҳои бамаврид мегузоранд, ки оре, хизмати ҳарбӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, вале чаро ҳар даъват он роҳи ҳалли худро пайдо намекунад? Чаро даъватномаи қонунӣ ирсол намекунанд, то дар сурати сарпечӣ тибқи талаботи Кодекси ҷиноятӣ кор гиранд?
Ҷомӣ Кабиров — як сокини ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мегӯяд:
— Маро аз даруни Ҳукумат, бидуни муаррифӣ, вақте барои иштирок дар озмуни ҷойҳои холии корӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафтам, мисли дузд рабуданд. Аз болояшон шикояти зиёде кардам, вале ҳама хомӯш. Аммо ман, то вақте ҳисобамро баробар накунам, ором намегирам.
Дар ҷавоб ба ӯ посух медиҳанд, ки “зимни санҷиши муроҷиати мазкур муайян гардид, ки дар ҳақиқат шумо аз тарафи 3 нафар, ки ному насабашон ба шумо маълум нест, аз бинои МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ бурда шудед ва баъди азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, бинобар яккаписар буданатон, аз комиссариати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаед. Вале ваҷҳҳои шумо оид ба тариқи маҷбурӣ бурдани шумо аз ҷониби 3 нафар дар рафти санҷиш тасдиқи худро пайдо накард”.
Медонед инро кӣ навиштааст? Не, ягон савдогари бозор не, прокурор! Оне, ки назорати иҷрои қонун ба уҳдаи ӯст!
Тасаввур мекунед, ки прокурор чунин посух диҳад? Ӯ аз як ҷониб мегӯяд, ки “шуморо 3 нафар бурданд”, вале “тариқи маҷбурӣ бурданатон тасдиқи худро наёфт”. Яъне, ин прокурор шояд ё қонуну мантиқро “хуб” медонад, ё медонад, ки “облава” буд ва ҳиҷ кор аз дасташ намеояд, ё шахси даъвогар гумроҳест, ки ҳар кас куҷое хост, мебарадаш…
Ё ҳама мақомот медонанд, ки ин кори ғайриқонунӣ вуҷуд дорад, вале онҳо бояд худро пас аз овоза шуданаш “сафед” кунанд?
Бубинед, видеои охирини “облава”, ки дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе сурат гирифтааст, чӣ сарусадоеро ба по хезонд. Тибқи ин гузориш, як фурӯшандаи дорухонаро ба мошин “бор” карданӣ мешаванд. Издиҳом монеъ мегардад ва ба мақомот мефаҳмонанд, ки дасти ин писар шикаста аст, одами беморро чӣ гуна ба артиш мебаред? Нафаре, ки худро корманди милиса муаррифӣ мекунад, хеле худписандона дар байни мардум мегӯяд, ки ин нафар ҷиноят кардааст ва ӯро бозпурсӣ мебаранд. Аз “шикор”-и нобарори кормандони комиссариати ҳарбӣ доруфурӯш бо кӯмаки издиҳом мегурезад. Дар ин ҳол мардум чӣ фикр мекунанд? Оё нахоҳанд гуфт, ки дар мақомот танҳо одамони бесавод, ки қонунро намедонанд, кор мекунанд?
Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти охираш гуфт, ки минбаъд фарзандони мансабдорон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ бояд дар сафи аввал бошанд. Мардум пештар ҳам чунин даъво доштанд, ки агар ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандист, на танҳо “камбағалҳо” ба он ҷалб шаванд. Пас аз изҳори назари Пешвои миллат чанд масъули зинаҳои паст фарзандони худро ба артиш равон карданд ва тамоми расонаҳои чӣ ҳукуматӣ ва чӣ мустақил гузориш омода намуданд. Аммо дигарон ва мансабдорони сатҳи баландтар чӣ? Ё ҳоло саросема нашавему фарзандони онҳоро низ дар миёни дигар ҷавонаскарон хоҳем дид?
Фикр мекунам, то вақте ин савол ҷавоби худро пайдо накунад, ҷалби ҷавонон ба артиш осон нахоҳад буд. Яъне мардум бояд хулосаи қатъӣ бароранд, ки Ватан Ватани ҳамаи мост ва ҳимояи он ба ҳамаамон фарз аст.
Ё нодуруст мегӯям?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Что то воздуху мне мало…
Ветер пью, туман глотаю….
Чую с гибельным восторгом —
Пропадаю. пропадаю!!!