Рӯз ба хайр Абдувоҳид!
Чун анъанаи тақрибан беш аз шашмоҳа, ин ҳафтаи ман ҳам бо хабари ғамангез оғоз шуд. Ин бор дӯст ва ҳамкори ману Шумо, шоир Шуҳрати Давлатшоҳ падарашро аз даст дод. Ман зиёд аз падарам мешунидам, ки падару Шуҳрат аз хонандагони доимии “Фараж ” буданд, муштарии доимии падари ман, ки нашрияҳоро барояшон дастрас мекарданд. Равони ин инсони шариф шод бод!
Ва аммо биёем сари мавзӯъ: Боре ба наздикӣ ба ноҳияе корафтода шудам. Ронанда бо дидани макони ободу зебое ҳатман сарпарасти онро ба ман шинос мекард:
-Ин мактабро фалон вазир обод кард, чун ин даргоҳро хатм кардааст, ин беморхонаро фалон вазир, ки аз ин деҳа мебошад, сохт, ин боғро раиси ноҳия бунёд кард, чун волидайнаш аз ин деҳа мебошанд, ин роҳро фалон вакили парлумон…
Абдувоҳид!
Обод кардану сохтан амри хайр аст! Аслан ҳама бояд дар фикри анҷом додани кори хайре бошанд, вале фикре азобам дод:
Бечора вазиру раису вакил ин мавблағро аз куҷо меёбанд? Масалан, агар хато накунам, маоши як вакили парлумон 6000 сомонӣ аст. Маоши раису вазир ҳам бовар дорам то ба ҳазор доллар намерасад. Пас, ин ободкорию созандагӣ аз кадом ҳисоб? Магар аз ришваю миёнаравию кор буд кардан нест? Агар не, пас, аз кадом ҳисоб? Аз мероси бобоӣ?
Магар дидаю дониста онҳо ҷомеаро гӯл намезананд? Ғорат кардан аз ҷоеву обод кардани ҷои дигар чӣ ном дошта метавонад? Охир, мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад то даст ба кори тиҷорат занад, шаҳрванди дигар кишвар бошад…
Метавонед ба ин суоли ман посух диҳед? Медонам, ки наметавонед!
Медонед, гоҳо дили ман ба ана ҳамин вазиру раису вакилҳо месӯзад. Аз субҳ то шом пушти дари онҳо хешу ҳамсояю ҳамсинфу ҳамкурс бо умеди ҳал кардани ин ё он мушкил… Сар карда аз гирифтани замин барои сохтани хона, то ба хоҳиши гирифтани ин ё он мансаб. Бадтар аз ин, аксар барои пурсидани фалону фалон маблағ меоянд. Он бечора чӣ кор кунад?
Магар ба ғайр аз ғорат кардани мардум, пулакӣ кардани “кор буд кардан” илоҷи дигаре дорад?
Дорад? Надорад!
Агар дошта бошад, марҳамат карда ба ман гӯед, яъне ба ман нависед!
Ободӣ
Хуршед дуруд!
Дар аввали номаатон ёдоварӣ аз Устод Давлатшоев кардед, ташаккур дӯстам! Ёдашон ба хайру гиромӣ бод! Шуҳрат бародарам аст. Барояш сабри ҷамл таманно дорам.
Ин ҳафта дар мактубатон дар бораи ободӣ суханрониву андеша кардаед. Ин хуб аст! Шукр, ки бо ин ҳама шӯридагию руҳафтодагӣ шахсоне мисли Шуморо дорем, ки дар бораи вайронӣ нею дар бораи ободӣ андеша мекунанд. Танқидӣ ҳам бошад боке нест. Андешидан худ гувоҳи он аст, ки ободӣ ҳаст, чӣ хеле набошад, вуҷуд дорад.
Аз хурдӣ як орзӯе дар дилам гиреҳ хӯрдааст, ки намедонам аз куҷо ва кай пайдо шуд. Фақат ҳаминро медонам, ки ҳамеша мехоҳам ягон ҷойи ноободро обод кунам. Як порча замини ноободро бигираму обод кунам, дарахт шинонам, гул шинонам, хона пӯшонам, гирди хонаамро гулзор кунам, об биёрам, ҷӯй канам. Намедонам ин хоҳишро кӣ ба ман талқин кардааст. Аммо ҳаминро медонам, ки умрам ба поён расиду коре накардаам. Чун имконият надоштам ва ҳоло низ надорам. Аммо ин умед рӯз то рӯз дар дилам шӯъла меафрӯзад, оташ мегирад, аланга мезанад..
Пеши худ фикр мекунам, ки агар ин хоҳиш дар дили ҳар як нафар тоҷик, новобаста дар кадом вазифа кор карданаш, дар кадом сатҳ қарор доштанаш, дар кадом синну сол буданаш, дар кадом ҳолат қарор доштанаш, мебуд, диёри мо ба мамлакати афсонавӣ мудаддал мегашт. Дар бораи он ки касе ё сардоре ё раисе ё саисе фармон диҳаду баъд масъулини кишвари мо зодгоҳашонро обод кунанд, танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки “табармусулмон”! Дигар ҳеҷ!
Агар масъули давлатие “аз киссаи худаш” ҷоеро обод кунад ман тарафдораш. Фақат нагӯед, ки ту ҳам ба ҷинояташ қӯш! Аввалаш ин ки агар ҷойеро обод кунад, як гӯша обод мешавад ва мардум аз он истифода мекунанд. Дуюмаш ин ки ҷойи ободкардаро бардошта ба ҷойи дигар бурда наметавонад, сеюмаш ин ки хоҳ нохоҳ маблағи дар ҳамун ҷой истифода шуда, аллакай рабуда шудааст. Пас хубтар нест, ки ҳамун маблағҳо барои ободии кишвар сарф карда шавад?! Ман тарафдори он ҳастам, ки бигузор қасру кӯшкҳои сар ба фалак зиёд шавад, боғҳо ҳар чӣ қадар мумкин аст гул-гулшукуфон бошанд, хонаҳои баландошёна бунёд гарданд, роҳҳо обод шаванд, мактабҳои замонавӣ сохта шаванд, тарабхонаю ошхонаю қаҳвахона, бургеру тезтаёру чойхонаҳо қомат афрозанд. Яъне маблағ, хоҳ дуздӣ бошад, хоҳ бо роҳи қонунӣ ба даст омада, дар кишвар боқӣ монад!
Ҷойе хонда будам, дузде будааст, ки моли мардумро медуздидаасту гӯшташро байни камбағалон тақсим мекардааст. Пурсидаанд, ки аз ин ба ту чӣ фоида? Посух додааст, ки калаву почаву пӯсташ мемонад-ку!
Яъне ин ободкориҳо ҳам ба ҳамон маъно. Ҳиҷ набошад чанд нафар аз хешу таборонаш аз он фоида мегиранд, ҷойи кор меёбанд, ба Раис раҳмат мегӯянд, миннатдор мешаванд.
Кошки вазифадорону пулдорҳои деҳаи мо низ зиёд мешуданд!
Бо эҳтиром Абдувоҳид.