Ё чаро мо бисёр гап мезанем?

Мутаассифона, дар зиндагии мо чунон “то”-ҳо зиёд ҳастанд, ки баъзан вақт аз онҳо мегурезем, баъзан вақт худро тарзе вонамуд мекунем, ки гӯё нашунида истодаем, баъзан вақт барои онҳоро нашунидан бо нафаре ё нафароне дастбагиребон мешавем, баъзан вақт аз пушти онҳо бо нафарони зиёд ногапу ҷангӣ мешавем ва баъзан вақт онҳо сабаби шармандагиву сархамии мо мегарданд.

Маҳз будани “то”-ҳои бешумор аст, ки мо барои худро аз доми онҳо халос кардан бисёр баҳсҳои бемаъно мекунем. Маҳз будани “то”-ҳои бешумор аст, ки мо барои ба онҳо дучор наомадан атрофиёнамонро бо калимаҳои зиёд побанди дигар корҳо мекунем. Маҳз будани “то”-ҳои бешумор аст, ки худамонро назди ҳамагон бадрӯ ва бадфеъл нишон медиҳем. Маҳз будани “то”-ҳои бешумор аст, ки мо аз зиндагии берангу бӯ шикоятномаҳо менависем. Маҳз будани “то”-ҳои бешумор аст, ки мо бисёр гап мезанем.

Он “то”-ҳо чиҳо ҳастанд? Воқеан ҳам ин саволи хуб аст. Дар зер чанд “то”-ро меорем, ки боварӣ дорем ҳадди ақал боре ҳам бошад ба қисми зиёди онҳо дучор омадаед.

Мо ба ҷое расидем, ки то корафтодаро бо нигоҳи раҳматталаб нанигарем, раҳмат намегӯяд. Ин дар ҳолест, ки сари ҳар қадам таъкиди “Ҳар чизе ки хоҳиш дорӣ, бо илтимосу ҳар чизе ки мегирӣ, бо ташаккур бош”-ро мешунавем.

Мо ба ҷое расидем, ки то кондукторро панҷ маротиба “40 дирамамро деҳ” нагӯем, хап карда меистад. Яъне фурсати қулай барои вақтгузаронӣ мекобад.

Мо ба ҷое расидем, ки то кӯдакро ҷанг накунем ё ягон шаппотӣ назанем, ором намегирад. Ва ин ҳолатеро мемонад, ки касеро бо чизе ё чизеро бо касе наздик карда, одат мекунонем.

Мо ба ҷое расидем, ки то бадӣ накунем, хубиамонро намефаҳманд. Аниқтараш, то ба сари касе бо болға назанем, ба қадри ҳашарҳои рафтаамон барои иҷрои корҳои рӯзгордорияш намерасад ё расида наметавонад.

Мо ба ҷое расидем, ки то ба насли нав китобро ба зӯрӣ  нахононем, худашон намехонанд. Ва ин “то” далели он аст, ки ба наврасону ҷавонон гуфтани он ки “фалон китобро мутолиа кун” беҳуда аст, балки бояд худамон бихононем ё дар наздашон бо овози балан бихонем.

Мо ба ҷое расидем, ки то мақолаамонро дар 10 шабакаи иҷтимоӣ пахш накунем, касе аз газета ё сомонаамон ҳатто сарлавҳаашро пурра намехонад.

Мо ба ҷое расидем, ки то духтаронро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойи нишаст надиҳем, ба мо ҳамчун нафари қарздор нигоҳ карда меистанд ва ҳамин ки ба ҷоямон нишастанд, тарзе вонамуд мекунанд, ки қарзашонро пардохт кардем.

Мо ба ҷое расидем, ки то худамонро насозем, ҳамагон кӯшиши шикастану нобуд сохтанамонро мекунанд.

Мо ба ҷое расидем, ки то вақтамонро қиммат нагӯем, атрофиёнамон онро беарзиштарин чизи дунёӣ мепиндоранд.

Мо ба ҷое расидем, ки то гулро бӯй накунем, ба қадраш расида наметавонем.

Мо ба ҷое расидем, ки то фоидаи нафареро набинем, ҳамоно ӯ бароямон беаҳамият аст.

Мо ба ҷое расидем, ки…

Бисёр аст чунин “то”-ҳо ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон охирашро пайдо карда, нуқта гузошт. Худо кунад, ки ҳамааш ба хубӣ анҷомад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here