Чаро минбардорон онро антиреклама мекунанд?
Чанде пеш мо бо ҳунарпешаи театр ва синамо Абудулмумин Шарифӣ суҳбат доштем. Устод як нуктаи муҳимро таъкид карданд: “Мо бо рӯзноманигорон, нависандаҳо ва олимон муносибати хуб надорем. Вақте даъватнома мебарем, ки марҳамат, ройгон ба театр оед, ҳамин фарҳангиҳо намеоянд».
Мо — аксарияти кулли нафароне, ки минбар дорем, дар мавриди театр нарафтани мардум ва намоишномаҳои хуб надоштани театрҳоямон баъзан забони шиква кушода, чизе ки хоҳем, мегӯем. Хоҳем, таъриф мекунем, хоҳем, танқид ва агар хоҳем, барои ба театр рафтани дигарон монеа ҳам мешавем, зеро ба чанд нафар гапамон мегузарад. Бисёриҳо дар бораи театр ва намоишномаҳои театрӣ менависанду мегӯянд, аммо агар аз охирин маротиба рафтану кадом намоишномаро диданашон суол кунем, 180 дараҷа суханро тарафи Ғарб тов медиҳанд. Мушкилӣ аён аст: мо худамон театр намеравем ва боз дар минбарҳои баланд тарғиби нарафтан ба театрро мекунем, дар натиҷа ҳеҷ кас театр намеравад, зеро «чёрный пиар, это тоже пиар».
Ҳамаамон медонем, ки агар бо ҳамин минвол корамонро, суханамонро ва “реклама”-амонро давом диҳем, кадом рӯзҳо моро интизоранд, аммо бо ин вуҷуд боз мегӯям: агар ҳами хел давом диҳем, ояндаи торику норушан, маънавиёти коста, дарҳои бастаи театрҳо, ҳунарпешаҳои муҳоҷир, ахлоқи пасти ҷомеа… моро интизор аст. Пас, биёед рӯзҳои бадро интизор нашавему бо соле як маротиба театр рафтанамон намоишномаҳои театриро антиреклама накунем.
Биёед, дар ҳоле ки худамон театрдӯстдору театрраву театрхоҳ нестем, ашхосеро, ки моро мехонанду мешунаванд ва мебинанд, гумроҳ накунем. Яъне барои гонорар, барои “хайп”, барои оне, ки мардум бидонанд мо дар як сол як бор театр меравем ва барои саҳифапуркуниву эфирпуркунӣ дили мардуми одиро аз театру ҳунарпешаҳо хунук накунем.
Дар баробари ин ҳама тарафҳои манфӣ, мо танҳо як роҳи ҳалро мебинем: хомӯшӣ. Ва охир, модоме ки қудрати хубӣ кардан надорем, бадӣ накунем.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ