Онро чӣ гуна бояд гузаронид?

 

Агар ин саволро дар дилхоҳ «браузер» ворид кунем, садҳо маслиҳатчӣ пайдо шуда, бо нигоҳҳои гуногун маслиҳату тавсия меҳиданд, вале ба фикри ғолиб, онҳо барои мо нестанд. Зеро аз миёни маслиҳатчиҳои бешумор як шарқӣ ё як тоҷикро пайдо карда натавонистем ва ин маъноеро дорад, ки ҳоло ҳам мо чӣ тавр гузаронидани таътилро намедонем, ё медонему ба касе намегӯем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамасола таътили хонандагони синфи 9-уми макотиби миёна қариб бемаъно мегузарад. Зеро, бисёриҳое ҳастанд, ки пас аз хатми маълумоти миёнаи асосӣ ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шудан мехоҳанд ва бо ҳамин минвол таътили онҳо бо даводавҳои дохилшавӣ сипарӣ мегардад.

Ду моҳи тобистон барои мактаббачагони синфи 11-ум ҳам то андозае бо корҳову фикрҳои дигар мегузарад. Ташвиши дар хориҷа таҳсил кардан, даводави имтиҳоноти марказонидаи тестӣ, хизмати ҳарбӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дарсҳои иловагӣ, омодагӣ ба донишгоҳу донишкада ё коллеҷҳо… ва ин ҳамаро метавон барбодиҳандаи таътили ҳар нафаре номид, ки аз мактаби миёна номаи камол мегирад.

Таътили тобистона барои донишҷӯёни курси 1-ум ва 4-ум ҳам ба қадре хуб сипарӣ намегардад. Донишҷӯёни курси 1-ум аввалин маротиба аз оилаашон ҷудо шуда, мехоҳанд то сентябр ба кору бори деҳа машғул шаванд, ё донишҷӯёни шаҳрӣ ҳам баҳонаи афгор шудан карда, хостгори ба деҳа рафтан мегарданд. Донишҷӯёни курси 4-ум бошанд, саргардониҳои имтиҳонотро тамом карда, аз пушти дарсҳои ҳарбӣ, зинаи магистратура, ҷустуҷӯйи кор шуда, нафаҳмида мемонанд, ки чӣ гуна таътилашон мегузарад.

Акнун ба ҷуз инҳо боз ҳастанд нафароне, ки дар дигар зинаҳои таҳсил қарор доранд ва хостгори хуб ва беҳтар гузаронидани таътилашон мебошанд. Бо ин баробар онҳо ба саволи болоӣ ҷавоб надоранд.

Чаро ҳар нафар наметавонад соати 3-и шаб аз хобаш бархезад? Ин савол ҷавоби бисёр сода дорад: чунки ҳар нафар дар он вақти шаб кори мекарданӣ надорад. Агар як нафар дар дилхоҳ вақт кори мекарданӣ дошта бошад, ҳатман дар ҳамон дилхоҳ вақт корашро анҷом медиҳад, вале бадбахтӣ дар он аст, ки мо кори мекарданӣ надорем. Ин ришта алоқаманд аст ба мову таътиламон. Агар барои ду моҳи охири тобистон аз моҳе қабл нақша кашида, кор ё корҳои анҷом медодаамонро муайян кунем, пас барои гузаронидани таътил дигар чизе лозим нест, ин як.

Дуввум, хуб мешавад ду моҳи таътилро ба қисмҳои муайян, ки дар он порчаҳо корҳои аз ҳамдигар тафовутдошта меистанд, ҷудо кунем. Як нафар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ду моҳи дарозро бо як кор ва як роҳ гузаронад. Бигзор мо барои ду моҳи таътиламон чор костагиеамонро пур кардан хоҳем, ки ҳар кадом 15-рӯзиро дар бар гиранд.

Саввум, беҳтар аст, агар аз таътили касе нагирем ва ҳам ба касе иҷозати сиёҳ кардани вақтамонро надиҳем.

Ва чаҳорум, дар ду моҳ кӯшиш кунем, ки ноумедиҳоро бисӯзем, таваҷҷуҳманди худ бошем. Ҳама қувваамонро барои дигаргуншавӣ ва тағйирот даровардан ба зиндагиамон сарф кунем.

Таътил дар як сол танҳо ҳамагӣ ду моҳ аст ва онро бояд тавре гузаронид, ки дар сентябр афсӯсашро нахӯрем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here