Монолог

«Аз миёни ҳама эҳсосоти паст тарс эҳсоси пасттарин аст». 

Уилям Шекспир

Воқеан, ҳамин тавр аст, ки нависандаи англис Уилям Шекспир мегӯяд. Зеро, тарс инсонро ба дард меорад, меозорад, аз худ бехуд мекунад, садди роҳи фаъолнокиаш мегардад, бемор месозад. Барои ҳамин аст, ки фоизи зиёди одамон дар ин боб андеша меронанд, изҳори нигаронӣ мекунанд, ба насиҳати ҳамдигар мепардозанд, тавсия медиҳанд. Тавсияи онҳо бештар сари он аст, ки бахусус кӯдаконро аз хурдӣ бо «омад-омади аҷинаву деву дад» натарсонем, то ҷасуру сарафрохта ба камол расанд. Аммо нуктаи муҳим ин ки, худи тарс чист? Маълум, ки он эҳсос аст, рангу бӯй надорад. Танҳо як ҷузъе аз хусусиятҳои равонии инсон аст. Беманфиат ё баманфиат будани тарс вобаста ба муҳит ва фазо маълум мегардад. Яъне, ҳар гунаи тарс ба худ ҷойгоҳ дорад ва набояд нодида гирифта шавад.

Ҷаноби Хоҷаев, шояд ҳоло ба фикр фурӯ рафтаӣ, ки чаро тарсро ба ду навъ — беманфиату манфиатнок ҷудо кардам!? Дигар кӯдак нестӣ, андеша намо! Бубин, нафаре дигареро аз зӯри бозуяш метарсонад, тарсуе бо истифода аз мавқеъ ва мақоми кадом як хеши воломақомаш моро тарс медиҳад, шахси аз лиҳози молӣ доро, вале аз ҷиҳати маънавӣ пуче бо ҳамҳамаву дамдама таҳдид мекунад, ки «хап ист, набошад бо пул мезанам, ҷар мешавӣ». Агар дақиқ таҳқиқ намоӣ, инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳатто аз сояи худ метарсанд. Ба ҳадде, ки шояд шимашон тар шавад. Вале мо аз онҳо метарсем… Ва ин бар зарари мост. Бар зарари худи онҳо низ, зеро мо баъд аз ин дӯсташон нахоҳем дошт.
Ба ёд меорам даврони чанд соли пешро. Дӯсте доштем, ки аз мо бо ҷусса бузургтар ва бо қувва қавитар буд. Ҳар гоҳ — ҳар гоҳ воҳима мекард ва рафиқони кӯчакеро, ки дар доираи мо давр мегаштанд, таҳқир менамуд. Дар ҳақиқат, мо аз ӯ метарсидем, чун як сол дараҷаи меҳтарӣ дошт. Аммо рафта-рафта тарс ба бадбинӣ бадал шуд ва дигар касе ӯро бо назари нек намепазируфт. Фикр мекунам, ки ҳоло ҳам ӯ дар тасаввури ҳама нафарони огоҳ аз асли ҳол маҳфуз аст ва зуд-зуд набошад ҳам, кам-кам бо бадбинӣ ёд мешавад. Айби худаш! Агар дар вақташ аз ин панди хирадманди афинагӣ — Солон — «касе, ки барои бисёриҳо даҳшатнок аст, бояд аз бисёриҳо тарсад» баҳравар мебуд, шояд кор ба ин зина намерасид.
Боз нафароне ҳастанд, ки аз тақдири дигарон метарсанд. Ба андешаи адиби англис Редуард Киплинг, «ин гуна одамон нафарони орифанд». Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар фикри дигарон худро азоб медиҳанд, месӯзанд, обу адо мешаванд. Гарчанде таҳти фишори тарс қарор доранд, ба хотири дигарон муқобили тарс мубориза мебаранд, то онон тарсро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоранд. Мисли он, ки сиёсатмадор, собиқ президенти Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела гуфтааст: «Нафари нотарс на он касест, ки тарсро таҷриба намекунад, балки он касест, ки муқобили он мубориза мебарад». Ман фидои ин тоифа шавам!
Чӣ!? Ман худам метарсам ё не? Метарсам, рафиқ Хоҷаев, метарсам. Тарсончак нестам, аммо баъзан-баъзан маро ҳам эҳсоси тарс фаро мегирад. Масалан, аз душманон не, аз номардии дӯстон метарсам. Аз он метарсам, ки дониставу надониста гуноҳе содир накунам. Яъне, аз худам метарсам. Метарсам, ки касеро ранҷур насозам. Ниҳоят, аз тарс метарсам. Мисли он, ки актёри машҳури чинӣ Ҷеки Чан гуфтааст: «Ягона чизе, ки аз он бояд тарсид, худи тарс аст». Мехоҳам, ки касе аз ман натарсад ва аз касе ҳам натарсам. Охир, ман ҳам мисли шумо одамам, шох ё дум надорам…
Орзу дорам, ки ягон нафар беманфиат натарсад, дӯстам Хоҷаев. Онҳое, ки ҳамвора лову газоф аз нотарсӣ мезананд, худ тарсончаканд. Амали онҳо сохтакорие беш нест!

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here