Тағйироти кадрӣ чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ “занозанӣ ба вуҷуд овард?

Пас аз ҷаласаи васеи Ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ин маъракаро баъзе журналистон “дилзанак” меноманд ва маъниеро дорад, ки аксарияти мансабдорон хеле дар ташвишанд, албатта агар бо курсӣ хайрухуш кунанд.

Солҳои пеш чандин мансабдорон пеш ё баъд аз ин тағйирот “меҳмони” беморхонаҳо, аз ҷумла бахши кардиологӣ мешуданд. Қисми дигар дар ҳамин мавсим бо худ “валерианка” мегардонанд. Махсусан, вақте Президент чанд нафарро дар ҷаласа танбеҳу сарзаниш мекард, ё аз толор берун менамуд.

Баъзе мансабдорон дар ин мавсим назди муллоҳои ҷодугар барои “гармкунӣ” бо мушовирони кадрӣ мераванд. Ҳатто “чамшмбандак” мекунанд, то ки номи онҳо дар рӯйхати хориҷшудагон наафтаду зиндагиашон талх нашавад. Ва боз чӣ корҳое намекунанд!

Шабакаҳои телевизионӣ ҷаласаи Ҳукуматро мустақим набошад ҳам, дар нашри бегоҳии худ хеле муфассал намоиш медоданд. Ростӣ, яке аз барномаҳои сербинанда ҳам ҳамин ҷаласаҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳоло чунин нест. Соли гузашта баъзе расонаҳо хабар доданд, ки чанд сохторро Пешвои миллат сахт интиқод намуда, бархе кормандонро аз толори ҷаласа пеш кардааст. Вале дар воситаҳои ахбори оммаи расмӣ хеле “дипломатона” навиштанд, ки “бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд”.

Имсол хабари “ҳангомадор” аз ҷаласаи васеи Ҳукумат буд ё набуд, мо огоҳӣ пайдо накардем. “Сенсатсия” пас аз он оғоз шуд, ки аз мансаб барканор карданҳову ба ҷои дигар таъин шудани роҳбарони баъзе вазорату кумита ва шаҳру навоҳӣ сурат гирифт. Пештар аз ин маркази матбуотии Президенти Тоҷикистон навишт: “Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд”.

Баъзе расонаҳо дар хабари таъинот ба иштибоҳ низ роҳ доданд. Аз ҷумла, вақте ёрдамчии Президент Абдуҷаббор Раҳмонзодаро аз мансаб “барканор” ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “таъин” намуданд. Раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шудани Нуриддин Саид, ки пештар вазири маориф буду ҳамеша бо суханрониву иқдомоти аҷибаш “дӯстдоштаи” журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ буд, баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Чиҳое дар ҳаққаш нагуфтанд.

Вале бояд иқрор кард, ки новобаста аз танқидҳои мардум Нуриддин Саид ҳамеша ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб мегӯяд, суҳбат мекунад, ҳатто телефонӣ.

Рости гап, таъиноти кадрии занон чандон баҳснок нагардид. Теъдоди занҳои ба мансаб таъиншуда дар Ҳукумат акнун хеле зиёд шуданд. Ба ҷои вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки пештар Сумангул Тағоева буду ҳоло номзад ба вакилист, Гулрӯ Ҷабборзода таъин гашт. Ба вазифаи вазири фарҳанг ба фикрам бори аввал аст, ки зан таъин мегардад — Зулфия Давлатзода, ки ӯ пештар муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд. Ширин Амонзода бошад, дар вазифаи раисии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор хоҳад кард.

Шояд ин таъинот ба изҳори назари Пешвои миллат вобаста бошад, ки дар паёми ахири худ гуфтанд, ки ҳангоми пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва ҲХДТ 40% номзадҳояшро аз ҳисоби бонувон пешбарӣ мекунад.

Дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ягон гапи ҷиддӣ набуд, баъзеашон умумиву қисми дигар таҳқиромез. Ба гуфтаи худамон, “занакои лаби об мегӯянд”.

Як аҷобати ин баҳсҳо пас аз таъиноти нав ин буд, ки “дӯстдорон” ва “дӯстон”-и мансабдорони нав хеле зиёд будаанд. Баъзеҳо тамаллуқу хушомадзании рӯйрост мекарданд: “Ӯ ҳамсинфи ман аст, хеле донишманд”, “ӯ ҳамсояи мост, аз кӯдакиаш маълум буд, ки ояндаи дурахшон дорад”, “бо он кас чандин бор суҳбат доштам, одами бофарҳангу босавод аст”, “бовар дорем, ки ин вазифа охирин нест”, “аҷаб одами хоксору дилёб”…

Ҳол он ки, пештар, ки онҳо ё мансабе надоштанд, ё мансабашон чандон баланд набуд, ягон бор дар бораи “дӯстони хубу донишмандашон” чизе намегуфтанд. Ман инро хислати мардона гуфта наметонам.

Ё хато мекунам?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Агар хохи, ки махбуби ч,ах,он гардй, бирав зан шав, Ки айнак аз ду по бардоштан бар дидах,о ч,о шуд…(Боки Раз,имзода)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here