Салом Хуршед! Умедворам, ки ҳолатон хуб бошад!
Номаатонро гирифтам.
Хондаму ҳиҷ дасту дилам нарафт, ки ҷавоб нависам. Дасту дилам нарафт гуфтанам ба он маънист, ки мавзӯи интихобкардаатон ҳарчанд як чизи муқаррарии рӯзгорамон аст, аммо боре ман дар борааш фикр накарда будам!
Ман дар бораи маршруткаҳо бисёр фикр мекардаму мекунам, чун ҳамин маршруткаҳоро ман боиси асосии паҳншавии курунои лаънатӣ медонам. Аммо таксӣ… оҳ ин таксиширкатҳо ҳам як намуди бизнес аст, охир! Инҳо чун замбӯруғҳои баъди борон дар шаҳри мо “яке пайдо шуданд”. Инҳо байни худашон як рақобати ногуфтанӣ доранд. Инҳо ҳам меваҳои истиқлол ҳастанд… Инҳо ҳам (ширкатҳоро дар назар дорам) мардумро истифода мекунанд. Худи ҳамун таксисти бо Шумо ҳамсуҳбатшуда, ки ба мардум бо чашми ҳақорат менигараду аз ҳисоби мардум ҳар рӯз камаш 200-300 сомонӣ пул кор мекунад, дар навбати худ истифода мешавад. Маҷбӯр аст, ки мошинашро ба ягон ширкат номнавис кунад ё мошини ширкатро иҷора гираду ҳар рӯзи Худо як миқдор пули нақд ба хазинаи ширкат супорад.
Шумои азиз бо таксисти гаронқадр дар бораи мардуми бечораи мо мулоҳизаронӣ кардеду вай ду сухани ба назаратон аҷиб гуфту Шумо лол мондед?! Ҳиҷ боварам намеояд, Хуршедҷон! Охир Шумо воқифи ҳол ҳастед, ки мардуми бечораи шаҳр аз тарси ҳамин офати лаъин маблағи охиринашро ба таксӣ медиҳаду аз ҷое ба ҷое меравад ё зану фарзандашро меорад ё равон мекунад, ки Худое накарда дар даруни маршруткаҳои пури одаму бӯйи арақи бадану бӯи носу сигору атрҳои пастсифату ҳазору як бӯи нохуши дигар дошта ба куруно мубтало нашавад.
О, Хуршедҷон ба ҳамун ҷавонаки шохношикастаи пушти чамбараки мошини иҷора нишаста нагуфтед, ки ҳой бачек! Ту ҳам аз як хидматгор фарқ надорӣ! Ин мардуми бечораи ман аст, ки бо ҳамаи ин нодорӣ ва бечоранолӣ боз ҳам шумо хидматгоронро, ҷӯгиҳоро, кормандони андозро, аробакашҳоро, бозорнишинони ноинсофро… ҳатто депутаҳоро мехӯронаду мепӯшонаду боз шумо халқи бечораро наҳ мезанеду таҳ мезанед!
Ун ҷавонаки ба назари Шумои азиз “ҷаҳонбинии васеъдошта”, агар ақлу тамиз медошт, ҳаргиз ба Шумо саволҳо аблаҳонаи “кай истироҳатгоҳ рафтед”, “кай назди маҳсгар рафтед”, “кай санатория рафтед” намедоду мепурсид, ки “ако ҳамин худи Шумо барои чӣ аз хизмати таксӣ истифода мекунед?” Ана ун вақт Шумо ҳам мисли ман фикр мекардед! Ана ун вақт Шумо ба кормандонатон амр ё супориш ё фармон медодед, ки “фалонӣ ин ҳафта вазифаи ҷонии ту аст, ки дар мавзӯи бурду бохти ширкатҳои таксиҳои навбуромад ” як тадқиқот анҷом бидиҳӣ!
Лекин, гап байни худамон Хуршедҷон, агар имконият медоштам ман ҳам як мошин мехаридаму таксӣ мезадам.