Гап занам мекушано, гап назанам деги масҷидро мебарано…

Аз саволу ҷавоби нишастҳои матуботии нимсола, ки ба поёни худ расиданд, журналистонро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Онҳое, ки воқеан кадом мушкилеро пайгирӣ доранду мехоҳанд онро ба масъулин расонанд.
  2. Ҳамкасбоне, ки гӯё вобастаи ин ё он вазорат бошанд, ки дар доираҳои касбии журналистӣ ин гунаҳоро “сухангӯёни ғайрирасмӣ”-и ин ё он вазорату идора ном мебаранд.

Онҳое, ки ба қисмати аввали гуфтаамон мансубанд, албатта рисолати касбии худро иҷро мекунанд. Аммо “сухангӯҳои ғайрирасмӣ”, ки одатан бе “конверт” (ва маълум, ки дар дарунаш чист) кор намекунанд, вазифаи мушаххас доранд: ба вазиру раис бояд “саволҳои дуруст” бидиҳанд, то табъи нозуки эшон нохуш нагардад.

Журналистони таҷрибадор, ки собиқаи тӯлонии иштирок дар нишастҳои матбуотиро доранд, мегӯянд ин гуна журналистон нав пайдо шудаанд ва, мутаассифона, боис ба беобрӯии аксарият мегарданд. Дар натиҷа, агар ба масъуле бо ин саволу масъалагузории ҷиддӣ муроҷиат намоӣ, бавосита ё  бевосита мепурсанд: “Ин журналист чӣ мушкил дорад? Шояд ягон хешашро мехоҳад ба кор гирем?”.

Дар нишасти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гарчанде ба бисёр саволҳо посухи ошкор надоданду қисмати ҳисобот аз ҷониби генерал-майори адлия  Султонзода Сулаймон дуру дароз хонда шуд, вале як хубӣ дошт: ба саволҳо мутасаддиён ҷавоб медоданд.

Нишасти Вазорати корҳои дохилӣ аз нишастҳои қаблии ин вазорат тавофут дошт. Қаблан ҷавобҳо аз ҷониби вазир Рамазон Раҳимзода хеле мушаххас буданд, аммо ҷомеаи журналистӣ одат карда буданд, ки генерал-полковник Раҳимзода тавассути журналистон бархе мушкилоти бахши назорати ӯ ва баъзе кормандони бемасъулияташро ошкор карда, ҳал мекунад. Ин бор ҳам вақте як журналист гуфт ба вазир маслиҳат доданист, ӯ изҳори хурсандӣ  кард: “Аввал маслиҳатро диҳед, баъд савол”. Маълум шуд, ки он маслиҳат не, балки кори шахсӣ будааст.

Як бурди вазири корҳои дохилӣ дар он аст, ки ӯ таҷрибаи хуби корӣ дорад ва шояд ин таҷриба барояш боварӣ мебахшад, ки ба дилхоҳ саволи журналистон ҷавоб дода метавонад. Аз ин хотир, нишастҳои матбуотӣ бо иштироки Раҳимзода беш аз 2 соат мегузаранд ва пурборанд. Бар илова, ҳамеша таъкид мекунад, ки хостори ҳамкории бештар бо рӯзноманигорон аст ва омода аст, на фақат дар 6 моҳ як маротиба, балки ҳар вақти дигар ҳам, агар саволи муҳиме пайдо шуд, бо онҳо сӯҳбат кунад.

Албатта ин баръакси гуфтаҳои раиси ноҳияи Вахш Қурбон Қувватзода, ки мегуфт: “Раис бо журналистон танҳо дар шаш моҳ як маротиба ҳақ дорад вохӯрад”. Аҷаб мансабдоре дорем, мисли Қувватзода.

Журналистон тавонистанд ба таври ошкор аз гурӯҳи “Авангард”, ки зери дастгирии ВКД ташкил шудааст, интиқод кунанд ва масъалагузорӣ кунанд, ки бачаҳои ин гурӯҳ дар бисёр маврид марзҳои ахлоқиро мегузаранд. Оё гуфтан мумкин, ки нафарони аз мактаби генерал Раҳимзода гузашта, чунин рафтор карда метавонанд? Онҳо худро шогирдони ғоибона меҳисобанд, вале Раҳимзода киро шогирди самимиву касбӣ мешуморад, суоли муҳим ин аст. Раҳимзода ба зердастон таъкид кард, ки “шикоятҳо аз гуруҳи “Авангард” хеле зиёд аст, ҷиддӣ назорат кунед, ин хел тамоман мумкин нест”.

Бовар дорем, муовини вазир Абдураҳмон Аламшозода, ки аз ҷониби роҳбари худ дар ин бора  дастур гирифт, масъаларо зери назорати ҷиддӣ  қарор медиҳад.

Ба фикрам ин яке аз ғалабаҳои журналистон ҳам хоҳад шуд, чун “Авангард”-ҳо бештар ба ҳамкасбони мо “мечаспанд”.

Шояд акнун таҳаммулпазир мешаванд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here