Дар сатҳи ба қавле зиёӣ ва мансабдорони мо анъанае пайдо шудааст, ки дар ҳар иду ҷашн “табрикоти вазир, раис, ректор, директори фалон вазорату идораву донишгоҳу коллеҷ бахшида ба рӯзи муҳими таърихӣ ва иду ҷашн” нашр мешавад. Воқеан, амалест тааҷҷубовар ва каме атрофи он бояд андешиду чизе навишт.
Аввалан, офаринашон, ки ҳамчун як роҳбари кордон аз таърихи санаҳои муҳими таърихиву иду ҷашнҳои милливу динӣ огаҳӣ доранд. Вале ҳайратовар ин аст, ки оё он вазир, раис, ректор ё директор кай аз он қадар ташвишҳои пурпечутоби ниҳодаш фориғ мешаваду рӯ ба рӯйи мизи кории компютер варақи вордро мекушояду таманниёти ҷашнии худро бо чанд ҷумлаи равону пурмаъно менависаду сипас интишораш мекунад? Яқин, бе ягон дудилагӣ, агар аз сад фисад сифру аз даҳ як фисадашон вақт ёбанд, шояд нависанд, аммо боқӣ наваду нуҳу аз сад нуҳ фисадашон наменависанду намедонанд, ки табрикоташон аз ҷониби чӣ касе навишта шудааст. Шояд гуруҳе пайдо шаванд, ки ҷумлаи болоро инкор кунанду дар нависанда ва зиндадил будани роҳбарашон пофишорӣ намоянд, аммо ин ҳақиқатест ошкор, ки бо ду-се нафар муътақидон наметавон ширро сиёҳ гуфт.
Имрӯз ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дар шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ дорои саҳифаи расмӣ мебошанд. Ҳамарӯза аз пешравию дастовардҳои муассисаашон менависанду даҳҳо гузоришҳои аксӣ мегузоранд. Албатта, вазифаи бахши таблиғотии ниҳодашон аст, аммо дар ин самт низ офаринашон бод. Вале ба ҷуз он табрикотҳои якрангу обшустаи зердастон, ки бо имзои роҳбари сарсупурдаашон нашр мешавад. Ба имиҷи як вазир, як раис, як ректор ва як директор шоиста нест, то ба ин кор даст занад. Мефаҳмам, бояд таассубкор бошед ва дар ин самт бо дигар рақибонатон пештозӣ кунед, аммо пешравиатонро танҳо дар нашри ду-се хабари пуч аз фаъолияти муассиса ва як табрикоти самимиатон мебинед. Ҳол он ки, агар оқилона каме атрофи камбуду нуқсонҳои ниҳодатон фикр кунед, вазифаҳои бешумор ёфт мешаванд, ки роҳбарияти давлат барои иҷроиш ба уҳдаи шумо вогузоштааст. Аммо шумо бошед, масъулиятшиносиро танҳо дар баргузории ду-се ҷашни миллӣ ва муборакбодатон мебинед, ки аксаран сохтаву назарфиребанд.
Ин пӯшида ҳам нест, ки дар қолаби куҳна имиҷсозиро ба худ ихтиёр кардаед. Аз пайи фармоиши зердастон барои навиштани табрикоту мақола шудан ба шаънатон шоиста нест, то як камбудӣ соҳаатонро ислоҳу дар идора як навгонӣ биёваред. Ин роҳ муфиду манфиатовар аст, нисбат ба он ақидае, ки рӯз то бегоҳ дар сар болои роҳаткурсии гардон нишаста мепарваред.
Шояд пас аз ин каме атрофи гуфтаҳои боло андешеду аз ин навиштаҳои бесамар ё ба қавле “хизмати хирсона”-и зердастон даст кашед ва тарки ин амал кунед.
Нуралӣ КАРИМ