Шармандагист, вақте табиберо бахусус дар ин шабу рӯз мезананд… Кӣ бояд ӯро ҳифз намояд?

Ҳамон тавре интизор мерафт ва коршиносон дар ин бора қаблан мегуфтанд, СОВИД-19 духтуронро ба қаҳрамонҳои замони мо табдил дод. Ҳатто онҳоро баъзан аз пайвандони наздик ҳам қаринтар меҳисобанд. Зеро дар ҳолати беморӣ ҳатто хешу табор метавонанд аз тарс пеши шумо наоянду як табиби ношинос аз баратон намегурезад. Барои ҳамин, вақте аксе дар “Фейсбук” пайдо шуд, ки табибон дар назди раиси вилояти Суғд даст ба сина мондаанд, мавриди вокуниши манфии мардум қарор гирифт. Одамоне буданд, ки дар шарҳи ин сурат акси дигареро аз Белгия монданд, ки табибон ба пешвози сарвазири ин мамлакат пушт гардонидаанд. Дар ин кишвари аврупоӣ, ки барои табибон беҳтарин шароитро муҳайё кардаанд, аммо табибон аз вазъи доштаашон чандон розӣ нестанд. Духтурон дар ҳақиқат имрӯз арзандаи ҳама гуна эркагианд…

Ҳоло мо саргузашти дигареро бароятон ба баррасӣ мегузорем, ки ҳолати даҳшатноктарро дорад. Духтури оилавӣ ва муовини директор оид ба корҳои машваратӣ-табобатии Маркази давлатии саломатии рақами 5-и шаҳри Душанбе Бибиҳоҷар Ахиева ба мо аз он шикоят намуд, ки ӯ дар ин рӯзҳои вазнин аз тарафи як зан мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ӯ, ки аз соли 2004 инҷониб собиқаи корӣ дорад, нақл мекунад, ки дар таҷрибааш чунин ҳолатеро бори аввал мебинад. Аз рӯи нақли Бибиҳоҷар, ӯро Нигора ном сокини Душанбе таҳқир кардааст, танҳо барои он ки духтур ба пеши холаи дардманди ин “зани махсус” нарафтааст.

— Албатта, вазифаи мо табибон хизмат ба мардум аст. Махсусан ин шабу рӯзҳо. Вале нарафтани ман ду сабаб дошт. Якумаш, ман худам новобаста аз беморӣ ҳоло ба кор мебароям, то ба ниёзмандон то ҷое кӯмак расонам. Он рӯз табам аз ҳад баланд буду наметавонистам рафтан. Дуюм, маҳаллае, ки маро ба он ҷо бурдан мехостанд, ба муассисаи мо тааллуқ надошт ва роҳбарият ҳам иҷозат намедоданд. Аммо Нигора инро фаҳмидан намехост ва ба ҷои кори мо омада, дар дохили утоқам бо ман ҷанҷол карда, таҳқири зиёдро раво дида, латукӯбам намуд. Бар замми ин, вазири муҳтарамамонро, ки нав дар шароити душвор ба вазифа таъин шуд, беобрӯ намуд. Дар назди ҳама бо овози баланд дод мезад, ки гӯё вазир хеши наздикашон асту ҳар коре хоҳад, нисбати ҳар нафар мекунад. Гуфтем, ки ин як зан аст ва шояд аз сари эҳсос ин корро кардааст. Вале дертар бародари ин зан омад ва кӯшиши латукӯби маро намуд. Пас аз ин тасмим гирифтам, ки бояд аз болои онҳо шикоят намоям. Дар ҳоле, ки дар ин шабу рӯзи барои мардум душвор шояд муроҷиат бо чунин даъвоҳо мантиқӣ набошад,- бо алам нақл мекунад Бибиҳоҷар.

Бубинед, имрӯз ҷаҳон ба кори табибон зор аст ва ҳар кас кӯшиш мекунад бо ҳар василае ба онҳо кӯмак намояд. Яке мекӯшад аз ҷайби худаш ба онҳо либоси муҳофизати харидорӣ кунад, дигаре пойафзоли санитарӣ, саввум кӯмаку хайру саховат мекашонад, шабакаҳои телевизионӣ ва интернет аз иқдомҳои хайру саховат мегӯянд, рӯзноманигорон ба онҳо “фариштаҳои қаҳрамон”, “фариштаҳои наҷот”, “хилъатсафедони ҷавонмард” унвон медиҳанд… Аммо дар ин миён як “зӯр” пайдо мешаваду на танҳо ин қаҳрамонро, ки новобаста аз беморӣ ба хидмат баромадааст, таҳқир мекунад, балки вазири навро, ки мардум аз ӯ умеди зиёд доранд, беобрӯ карданӣ мешавад. Аз ин чӣ метавон хулоса кард?

Дар давлатҳои пешрафта барои табибон беҳтарин шароитро муҳайё мекунанд. Зеро кори онҳо дар ҳақиқат қаҳрамонист. Баъзе табибон гиря мекунанд, ки 14 рӯз аз коргоҳашон берун нашудаанд, фарзанду оилаашонро надидаанд.

Дар Русия кормандони тиб тавассути шабакаҳои телевизионӣ эълон карданд, ки ҳар касе мехоҳад ба онҳо кӯмак кунад, “марҳамат биёед, ақаллан ба сифати фурӯшанда дар мағозаҳои хурди беморхона ва ё овардану бурдани хӯрок бароямон ёрӣ хоҳед расонид”.

Албатта, латукӯби духтурон дар дигар давлатҳо низ ҷо доштааст. Хоса дар Русия аз ҷониби бадмастҳо ё ҷинояткорон. Аз ин ҷост, ки пешниҳод шуд ба табибон истифодаи асбобҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла газҳои балонӣ, пистолети махсус ва электрошокер иҷозат дода шавад, то дар чунин мавридҳо аз худ ҳимоя карда тавонанд.

Бархеҳо чунин пешниҳодро ғайримантиқӣ гуфтанд, зеро ба гуфтаи онҳо, вазифаи духтур табобат аст ва ҳукумат вазифадор аст амнияти ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла духтурҳоро таъмин намояд. Аз ҷониби дигар, истифодаи газҳои балонӣ дар дохили беморхона на танҳо ба ҳуҷумкунанда, балки ба дигарон низ зиён хоҳад расонд, чун беморон ҳархелаанд, тарсиданашон мумкин.

Духтурҳо ҳам навиштанд, ки “вазифаи мо нест, ки кӯмак ба мардумро монда, ба тренингҳои “чӣ тавр бояд ба рӯи одамон тир кушод?”-ро омӯзем”.

Дар парлумони Русия низ чандин маротиба барои латукӯби табибон лоиҳаи қонунҳо пешниҳод карданд, ки то ҳабси абад барои даст боло кардан сӯи табибонро баррасӣ менамуд.

Дар мо бори аввал аст, ки аз “ҳуҷум” ба табиб мегӯянд. Худо накунад, ки ин ҳолати ягона барои дигарон “сабақ” шаваду задани духтурон кори маъмулӣ. Аммо ин табиби дардманду латукӯбшуда мегӯяд, ки муроҷиати ӯро дар ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур ҷиддӣ нагирифтаанд.

Барои ҳамин, интизорем, ки мақомот ба ин қазия зуд бархӯрд мекунанд, то дигарон сари ин гуна ҳолатҳо хуб андешанд.

Ё мо ҳам пешниҳод намоем, ки ба табибон асбобҳои худмуҳофизатӣ диҳанд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

P.S. Ҳоло ин табиб бо аломатҳои сулфа, беҳолатӣ, дарди миён, дарди дасту по, бемадорӣ, сустии умумӣ ва табларза дар хона табобат мегирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here