Тӯҳмат одатан ба одамони шоиста зарба мезанад, мисли он, ки кирмҳо асосан ба меваҳои беҳтарин ҳамла мекунанд.
Ҷонатан Свифт
Оре, ҷаноби Хоҷаев, ҳақ ба ҷониби файласуф ва нависандаи англо-ирландӣ Ҷонатан Свифт аст. Он чизе ва ё касе, ки ба андозаи сутуданӣ лоиқу созгор нест, кам андар кам ҳадафи тӯҳмат қарор мегирад. Ҳамин ҳоло бо ҳастӣ, имтиёзу имконот, мавқеъ, бо ҳама чизи худ, бо худ бархӯрд карда истодаам. Мефаҳмӣ!? Не? Шарҳи ман: ба андеша рафтаам, ки оё ман меваи беҳтарин ҳастам ё на? Оё ба ҷое расидаам, ки касе пайт ҷӯяду ҷон коҳонад, то бо лафзи заҳрогину тӯҳмати гӯшношунид ба ман осеб расонад? Мардона иқрор мешавам, ки ба хулоса омада натавонистам…
Аммо, ҳоло бишунав қиссаи воқеиро, ки аз сари бандаи ганда гузашт ва он аллакай барои дигарон (на барои ман) кӯҳна шудааст: Синфхонаи таъмирталабу салқин, бо фарши чӯбини ҷо-ҷо рангпаридаву фарсуда. Ҳамсинфон болои курсиҳои паси мизҳое, ки бо «нақшу нигор»-ашон «ҷазираи ошиқон»-ро мемонанд, карахту ноҷунбон нишастаанд. Баръакси ҳолатҳои муқаррарӣ, чун занги баромад садо медиҳад, муаллим аз ҷой намеҷунбад. Садо баланд мекунад: «Ба ҳама ҷавоб!». Духтарону писарон, ки ин фурсатро бесаброна интизоранд, бо хушҳолӣ аз синфхона берун мераванд. Банда низ чун одат аз ҳама охир берун шудан мехоҳам. Вале хитоби муаллим аз роҳ бозмедорадам:
— Ту, ист, кор дорам!
Меистам. Бо тааҷҷуб ба муаллим менигарам. Аҷабо, ӯ ба омӯзгор монанд нест! Андомаш аз ғояти ғазаб ларзон. Бо аҷала аз ҷой мехезад, наздик меояд ва «шаллақ»!!! Аз зарби шаллоқи панҷааш бари рӯям месӯзад. Аммо… боз ва боз, боз… Баногӯшам сурх мешавад.
— Чӣ гап аст, муаллим? Чӣ гуноҳ кардам?,- бо тарс овоз мебарорам.
— Намедонӣ? Намедонӣ!? Чаро қаламҳоро аз «шкаф» дуздидӣ!?,- бо итоб боз наздик меояд муаллим.
— Кадом қалам? Чӣ хел дуздӣ?
— Дафъ шав! Гум шав аз назарам, падарлаънат!
Бо сари хам, хомӯшу музлим аз синфхона берун мешавам…
Ростӣ, аллакай аз фардои он рӯзи воқеа дигар сухане гуфта нашуд. Гӯё муаллим «дуздӣ»-и маро фаромӯш кард. Ё, гӯё касе аз моҷаро хабардор нагардиду он ҳангома ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Вале ман фаромӯш накардам. Фаромӯш карда ҳам наметавонистам. Чӣ гуна фаромӯш мекардам, дар ҳоле, ки дар синф дуюмин нафари воқеан хонанда ва донанда (бидуни таърифу тавсиф) будам ва ҳамеша паси мизи дуюми қатори якум аз тарафи рост менишастам…
Таваҷҷӯҳ намо, дӯстам, Хоҷаев! Бо гузашти солҳои зиёд, ман то ҳол ҷои нишастамро дар он синфхонаи пур аз талотум дар хотир дорам. Ҳам он «шкаф» — макони дафтару қалам, хатпоккуну дигар лавозимоти таълимро, ки қулфи рақамӣ дошт ва намедонистам рақамҳояшро кӣ медонаду кӣ не. Ҳам чеҳраи ғазаболудаи муаллимро, ки он гоҳ тӯҳмат ба дӯшам бор мекард. Дар ҳоле, ки падари ман ба либосаву хӯрокаам чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекард, аммо тамоми лавозимоти таълимиро муҳайё менамуд. Ҳатто ба падар аз боби рафтори муаллим забон накушодам. Зеро, чун ӯ тӯҳматро хуш надорад, тарсидам, ки бо муаллим радду бадали баҳсу мунозираашон тӯлонӣ хоҳад шуд. Аммо нисбати он муаллим низ, ки тӯҳмати ноҷову нораво нисбатам дошт, кин надорам. Танҳо мехоҳам бо садои баланд фарёд занам: «Муаллим, ман қаламдузд набудам!!!». Бигзор ӯ худ ба ёд орад қазияи солҳо боз хуфтаро ва бори дигар амиқ биандешад, ки кӣ чӣ кор кард!
Охир, муаллим омӯзгор аст. Ӯ бояд тарбия диҳад, омӯзонад. Гузашта аз ин, воқеиятҳоро дарк намояд. Мисли сиёсатшиноси фаронсавӣ Шарл Морис, ки гуфтааст: «Яроқи аз тӯҳмат даҳшатноктар вуҷуд дорад. Он ҳақиқат аст!».
Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»