Ваалайкум бар салом Хуршеди азиз!
Як рӯзи дароз, дарозтар аз қарн…
(Чингиз Айтматов)
Аз ҳафтаи гузашта ёд овардеду ман ҳам ба ёдаш афтидам. Чун ин ҳафта ҳафтае набуд, ки зуд аз ёди одам фаромӯш шавад. Дар ҳақиқат ид болои ид буд! Ҷашни Истиқлолияту ҷашни Саразму ҷашни зодрӯзи чанд нафар аз бузургони миллат буд. Аммо ҳиҷ нафаҳмидам, ки чӣ хел гузашту чӣ шуду чӣ нашуд! Танҳо дар саҳифаҳои фейсбук чанд нафар аз фаъолон хабару табрикот пароканданду бо ҳамин ман на телевизор тамошо кардаму на ба ҷойе даъват шудам, яъне мисли Шумо дар кулбаяки фақиронаам “истироҳат кардам”.
Мактубатонро хондаму мӯд шудани сериалбиниҳои давраи шӯравӣ пеши назар овардам. Пеши худ муқоиса кардам, ки ин сериалтамошокуниҳои имрӯза аз дирӯза чӣ фарқу тафовут дорад?! Ҳиҷ! Ҳардуяш як чиз-бекорӣ! Шумо дар як ҳафтаи бекорӣ ин қадар ба сериалҳо дил бастед, ҳарчанд дар бораи тақдири журналисту журналистика фикр кардед, аммо боз ҳам ҳосилаш тамошои серал- силсилафилм буд. Акнун худатон фикр кунед, ки дар нуқтаҳои фиттафурӯшии Тоҷикистони азизи мо ҳар рӯз чӣ қадар силсилафилмҳои туркию урусию ҳиндию ҷиндӣ ба фурӯш мераваду чӣ қадар модару зану духтару писарони тоҷик ба онҳо дилбаста мешаванд?! О, бародарҷон! ҳамаи ин аз бекорӣ охир! Як маротиба ҳоли мардуми деҳотро фикр кунед! Қариб навад фоизи занҳои деҳот бекоранд! Занҳои бечора дигар чӣ кор кунанд?! Даштҳои Болои мардуми деҳот аз хушкию беобӣ макони мору аждаҳо шудаанд дигар! Дастам кӯтаҳ аст, агар не мерафтаму ҳамаи деҳоти Панҷекатро обёрӣ мекардаму мегуфтам, ки занҳои азизу муҳтарам, вақти дар хона нишастан гузашт, ҳама ба саҳро!!!
Дар бораи филмҳои тоҷикӣ ҳоҷати гап ҳам нест, ҳарчанд, ки ман ҳам дар яке аз филмҳои тоҷикӣ як вақтҳо як нақшча бозида будам. Ман филмҳои таърихию саргузаштиро меписандам. Гоҳ-гоҳ филмҳои таърихии синамогарони Амрикою Аврупоро тамошо мекунам. Аҷоибии кор дар ин аст, ки ун синамогарон дар бораи таърихи гузаштагони мо низ дар филмҳояшон нишон медиҳанд (чун бе ин намешавад!), фақат ба диду идеяю хоҳиши худашон мувофиқ. Дар 29- соли истиқлолият ёд доред, ки ягон филми таърихӣ офарида бошем?! Масалан, дар бораи Куруши Кабир ё Спитамен ё Баҳроми Чӯбина?
Хуршедҷон! ман ба ин фикратон куллан мувофиқ ҳастам, ки гуфтаед:
“Филмҳои тоҷикии Шумо чӣ? Ишқ, муҳаббат, бой, камбағал, фалсафае, ки ҷуз муаллифи сенария касе намефаҳмад. Яъне, ба истилоҳи дигар, идомаи ҳамон афсонаи Лаку Пак”!
Ман аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ТВ “Варзиш”-у ТВ “Баҳористон”-ро хуш дорам. Барномаҳои хуби варзишӣ хотирамро хуш мекунанд, филмҳои тасвирии гуногун маро ба давраҳои поки кӯдакӣ мебаранд ва бо ҳамин худамро, вақтро, фазоро ва ҳавою ҳавасро фиреб медиҳам.
Боз ҳамон курунои лаънатӣ! (Хуш дорам, “коронавирус” нею “куруно” гӯям, чун талаффузаш ба забонам мувофиқат дорад). Охир чӣ кунем, ки аз мост, ки бар мост! Ҳарчанд пинҳон доранд ҳам ба “чор подшоҳ” маълум аст, ки имрӯз шаҳру деҳоти Панҷекат бо ин вабо чӣ гуна дастугиребон аст. Шояд дигарон ба ин ахбор бовар кунанд, аммо ману Шумо, ки ун ҷо хешу пайванди зиёд дорем, медонем ва огоҳем, ки мардум дар чӣ ҳолати баде ба сар мебаранд.
Ҳини навиштани ҷавоби мактубатон сари компютер миёнам дард кард. Аз ҷоям хестаму хамёза кашидаму гуфтам: Зинда бод халқи афсонапардозу сериалдӯсти ман!!! Чун аз дастам чизи дигаре намеояд.