Дуруд Абдувоҳид!

Бовар мекунед, як рӯз пеш аз занг задан ба Шумо ва гуфтани ин ибора “дуруд Абдувоҳид” ҳаросида будам. Мепурсед чаро? Гуфтанӣ набудам, аммо агар нагӯям, ин номаро ба Шумо навиштан маъно надорад. Рӯзи якшанбе, баъди он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги сарояндаи хушном Ҷамшеди Исмоил паҳн шуд, нафаре, ки номашро ба хотири ба иззати нафсаш нарасидан намеорам, занг заду гуфт:

Шунидӣ, шоир Абдувоҳид ҳам аз дунё гузаштааст?

Ҳолати маро тасаввур кунед.Телефон дар дастам лол мондам.Чеҳраи Шумо мисли навор аз пеши назарам мегузашт. Нолае банди гулӯямро гирифта буд. Мехостам фиғон кашам, аммо наметавонистам. Бемадорона нишастаму аввал хостам ба Шумо занг занам. Аммо… тарсидам, ки телефони Шумо хомӯш аст ва ин хабар тасдиқ мешавад.

Охир замоне расид, ки хабари марги ин ё он азиз ба як ҳарфи хушку бедард табдил ёфтааст. Баъди андешаи зиёд ба сармуҳаррири ҳафтаномаи “Самак” Зоҳири Сайфулло занг задам. Ӯ ҳам баробари шунидани ин хабар, фикр мекунам маст буду ҳушёр шуд, хоб буду бедор гардид. Гуфт:

Абдувоҳид? Нее?!… ва телефонашро кушт. Ҳамагӣ баъди чанд дақиқа паём фиристод: “Он нафари даргузашта Абдувоҳид не, балки Абдуфаттоҳи Кулолӣ будаанд.Он кас ҳам шоир”…

Нафаси сабук кашидам. Ҳарчанд марги як шоири дигар як теша ба решаи маънавиёти миллат аст, вале ман Шуморо нек мешиносам, аммо шоири дигарро ғойибона.

Мақсад чист? Мақсад он ки чаро вақте мо хабари хоҳ воқеӣ, хоҳ дурӯғро мешунавем, аввалан ба шахси наздики он нафар занг мезанем? Чаро лаҳзае намеандешем, ки агар ин хабар дурӯғ бошад, чӣ зарбае ба дилу ба асаби ин шахс мезанем!

Шумо бовар мекунед, баъди шунидани марги Шумо аввалин чизе андешидам ин буд ки дар ҷанозаатон чӣ гуфта, фиғон мекашам? Баъди ба манзили охирин гуселонидан, ба Шумо “хонаи нав муборак, шоир” мегӯям ё не? Дар марсияномаи Шумо чиҳо хоҳам навишт?

Медонед чӣ, Абдувоҳид? Муҳимтарин чизе, ки дарк кардам он буд, ки марги Шумо барои ман бетафовут нест.

Худо накунаду агар Шумо пеш аз ман гузаштед, аниқтараш, ҷонатонро халос кардед, донед, ки ман дар марги Шумо гиря хоҳам кард.

Инро бидонед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here