Дуруд ба Хуршеди азиз!

Намедонам, шояд охирзамонаш ҳамин бошад? Ҳар рӯз як вирус. Як тараф коронавирус , як тараф вируси ноодамӣ, вируси бесаводӣ, вируси маҳалгаройӣ, вируси тағобозӣ, вируси порахӯрӣ, вируси пулпарастӣ ва ҳазорон вируси дигар. Худованд Шуморо аз коронавирусу аз ҳар вируси дигар нигоҳ дорад!

Аммо дар бораи шаҳру деҳа: дар таърифи шаҳр омадааст, ки шаҳр ҷойе будааст, ки заводу фабрика доштаасту корхонаҳои калони саноатӣ доштаасту донишгоҳҳо доштаасту марказҳои фарҳангию маданӣ доштаасту мардумони бофарҳангу бомаданият доштаасту обод будаасту мардумонаш озоду озода будаанд ва ғайра. Калимаи “шаҳр” соф форсӣ будаасту аъробияш “мадина” будааст. Пас, маълум мешавад, ки гузаштагони мо мардуми шаҳрдору шаҳрнишин будаанд!

Баҳси фарқи байни шаҳру деҳа аз қадим вуҷуд доштаасту имрӯз ҳам вуҷуд дорад. Баъзе одамон шаҳрро меписанданду бархеи дигар ҳавои деҳаро дар сар мепарваранд. Вале чӣ хеле, ки мегӯянд ҳар ҷо, ки умр хуш гузарад Ватан ҳамон ҷост. Ману Шумо ҳам дар деҳа ба воя расидаем, аммо чаро шаҳрро барои зиндагиамон интихоб кардем? Ин саволест, ки ҷавоб мехоҳад!

Хуршеди гиромӣ!

Шумо панҷ фарқи байни шаҳру деҳаро овардеду аз камбудиҳои дар шаҳр ҷойдошта навиштеду дар ҳар нукта деҳаро боло гузоштед. О, ҷони бародар! Агар шаҳр нисбат ба деҳа ҷойи мувофиқ ба зиндагию эҷод намебуд аз куҷо ин қадар олиму шоиру мутафаккиру мутакаббир медоштем?! Ҳамаи ҳамин фарзонагони миллатро деҳа зодаасту шаҳр парваридааст.

Ман шаҳрро дӯст медорам, Душанберо дар назар дорам, аммо деҳа дар дили ман ҷойи худашро дорад, чун намешавад, ки айёми кӯдакию наврасиро фаромӯш кунӣ! Масъалаи партову ҳамсоядорию зӯрию худнишондиҳию фахр аз пушти хеши мансабдору ба сари ҳасоя милиса овардан, як масъалаи ҳақиру кӯчак аст. Инҳо ҳама аз бемаданиятӣ сарчашма мегирад. Бе ”маданиятӣ”, яъне бешаҳрӣ, яъне шаҳрдор набудан, яъне худро шаҳрванд ҳис накардан, яъне дар шаҳр зистану аз деҳа дил накандан! Як амак доштам, ки аз хурдиашон дар дегдонҳо (“детдом”) калон шуда буданд. Ҳар вақте, ки ягон қилиқи қишлоқии маро медиданд, мегуфтанд, ки “э, бача ту аз қишлоқ буромада бошӣ ҳам, қишлоқ аз ту набуромадаст!” Ана, акнун бародари ман, ки бошед, худатон хулоса буроред.

Абдувоҳиди ЗЕВАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here