Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз…
(Урун Кӯҳзод)
Дуруд Абдувоҳид!
Ҳафтае, ки гузашт, бештар ба тамошои сериалҳои русӣ рӯй овардам. Сабабаш ин буд, ки ҳафтае гузашт, ид болои ид буд ва телевизионҳои тоҷикӣ чун ҳамеша як барномаашонро даҳҳо бор такрор ба такрор медоданд. Гоҳо ҳатто рӯзҳои дароз такрор ба такрор барнома медоданд ва водор мекарданд, то думболаи шабакаҳои русӣ равед.
Хуб, мепурсед хулосаам чӣ буд? Албатта, медонам, ки фикр кардед ҳоло аз сериалҳои бешумор дар бораи милисаҳо ҳарф мезанам ва ё аз мелодрамаҳои ошиқона? Не- не… балки баъзе сериалҳои русӣ муҳаббати маро ба пешаи интихобкардаамон, журналистӣ афзун кард. Медонед, дар баъзе аз сериалҳои маҳбубтарини русӣ ончунон аз пешаи журналистиву журналист меҳаросанд, ки ҳатто тасаввур карда наметавонед! Албатта, он ҷой, аз соҳибрасонаҳои ҳам матбуотӣ ва ҳам телевизиёнӣ ва ҳатто блогерҳое, ки осон мешавад хариду фурӯш кард, танфурӯшоне, ки ба ивази танфурушӣ журналистикаро касб интихоб кардаанд, зиёд мегӯянд. Вале дар ҳамин баробар, дар сериалҳои алоҳида исбот мекунанд, ки фаъолияти журналист хатарноктар аз фаъолияти милиса ё корманди амният аст. Ин андешаро хеле оқилона дар зеҳни тамошобин ҷой мекунанд ва метавонанд собит созанд.
Албатта, Шумо хоҳед гуфт, ки “хайр, ҳамон афсонаҳои тоҷикии гуфтаат дар шакли сериал будааст”. Боз ҳам хато мекунед! Масалан, хеле ба осонӣ метавонанд милисаҳои фурӯхташуда, кормандони хадамоти махфии фурӯхташударо чеҳракушоӣ намоянд, симои аслии баъзе аз онҳоро намоиш диҳанд.
Филмҳои тоҷикии Шумо чӣ? Ишқ, муҳаббат, бой, камбағал, фалсафае, ки ҷуз муаллифи сенария касе намефаҳмад. Яъне, ба истилоҳи дигар, идомаи ҳамон афсонаи Лаку Пак.
Дар сериалҳои русӣ бошад, фалсафафурӯшию сергапӣ нест. Ҳама чиро урён, бо номи худаш пешкаш менамоянд ва сабаби муваффақияти онҳо ҳам ин аст!
Бароям хушоянд буд, ки масалан, дар сериали “Живой” (“Зинда”) барои пешгирии фаъолияти як журналисти тадқиқотгар чандин гуруҳҳои ҷиноӣ мубориза мебаранд, вале ин ҳамкасби моро фақат ҳамқаламонаш дастгирӣ мекунанд ва аз яроқе, ки доранд, яъне “озодии сухан” хуб истифода менамоянд.
Аммо медонед, дар ҳамин шабу рӯз дар шабакаҳои телевизионии мо пайиҳам як дурӯғро дар мавриди он ки масалан, дар Панҷекат ҳамагӣ се нафар дар давраи вабои аср (коронавирус) аз дунё гузаштааст ва ҳама далелҳо дар ин маврид ҳангомаи журналистӣ аст, намоиш медоданду бас!
Ҳам гиряам омад ба шабакаҳое, ки водор мешаванд пайиҳам дурӯғ гӯянд ва ҳам ба ҳамон модарону падарону фарзандгумкардагон дилам сӯхт…
Шояд онҳо гӯянд, ки чӣ азизи гумкардаи мо инсон набуд? Ё агар аз коронавирус нагузашта бошад, пас, чаро нагузоштед то мисли Инсон гӯронем? Чаро салафанпеч кардаву бе дидани рӯяш барои охирин бор гӯронидед?
Хулоса, дӯстам, шабакаҳои путинӣ ҳоло ҳам баъзе ҳарфҳои гуфтаю мегуфта доранд, ки бояд омӯзем. Намедонам, дар қалби Шумо баъди ин навиштаи ман ҳавасе барои тамошои он сериали гуфтаам пайдо шуд ё не, аммо ман дигар ҳатман ин сериалҳоро мебинам!
Бовар кунед, агар бубинед, пушаймон намешавед!