Аз моҳи шариф кӣ бештар манфиат дид ва барои кӣ ҳикматҳои рамазонӣ мисли “азон хондан ба гӯши кар» буд«?
Мардуми Тоҷикистон аллакай одат кардаанд, ки бо фарорасии идҳо, хоса идҳои Рамазону Қурбон ба қавле бурути савдогарҳоро чизе намебурад. Нарх дар осмон мехезад ва эркагии савдогарон беҳудуд мегардаду агар каме нарху наворо танзим карданӣ шаванд, савдогарҳои қимматфурӯш аз бозор қаҳр карда мераванд, гӯё хонаи очаашон бошад. Вагарна, бубинед, чаро ҳатто таъкидҳои Пешвои миллат, ҷаримабандии Хадамоти бойторӣ, ҷазои Прокуратураи генералӣ, дархосту фармонҳои мири шаҳри Душанбе, ошкор гардидани гӯшти чорвои ҳаром мурда, мавъизаҳои Шӯрои уламо нархи гӯштро дар шаҳри Душанбе поён набурд? Аз нархи муқаррарии 38 сомонӣ то ба 40-45 расид арзиши гӯшт ва дар супермаркетҳо аз 70 сомонӣ гузашт. “Фейсбук” аз нархҳои барои кисаи раисон “муътадил” мегиряд.
Аз бозорҳои «Корвон», «Саховат» ва «Садбарг», ки 4 фасли сол пуриздиҳом аст, маҳз дар арафаи ид ронандаҳои ба истиллоҳ “таксиҳои сесомонӣ”, ки ба самтҳои номбурда мусофир мебурданд, акнун ба ҷойи 5 сомонии ҳоло меъёршуда 10 сомонӣ меситонданд. Ба суоли “чаро роҳкиро баланд шудааст?” ҳам аз Худову ҳам аз бандаҳояш натарсида, ҷавоб медиҳанд: «Идай охир, мо ҳам як чӣ кор кунем, дастархон кардан даркор!». Дар ҳоле, ки беинсофиашон тамоми марзҳои ахлоқро гузашт. Масалан, агар аз бозори «Корвон» мусофиронро савор мекарданд, онҳоро дар наздикиҳои бозори «Саховат» мефароварданд. Бо баҳонаи он, ки дар болотар кормандони БДА ҳастанд, ё баъзеашон бешармона бо овози ғазаболуд мегуфтанд, ки «боло намерам, то ҳамин ҷо».
Дар ин моҳи муборак мардум кӯшиш карданд аз ғайбат, ҷангу ҳасудӣ ва гапи бад каме ҳам бошад, дурӣ ҷӯянд. Аммо як суҳбати телефонии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Мавҷуда Бобозода бо зердастонаш аз бахши занон хашми мардуми оддии мусулмонро дар тамоми гӯшаҳои дунё ба бор овард ва шокӣ кард. Суҳбати ӯ дар хусуси як маълумотнома аст, ки бояд ба Ҳукумати шаҳри Душанбе дастрас гардад, вале чун сари вақт онро нагирифтааст, якбора сели ҳақорату дашномаро ба сари ҳамсуҳбаташ мерезад: “Шумо у варақора да мурдаҳоя мебаред? Қабристон? Ҳозир ман дар ин Рамазон дар даҳанатон қопшаш қати м…м. Ҳолӣ бестен…”. Истифодабарандагони “Фейсбук” ин амали ӯро «бемаданият, ҳайфи курсӣ, бетарбия» ном бурда, аз мири шаҳр Рустами Эмомалӣ хостанд, ки ӯро бо чунин гуфтори бад ҳарчи зудтар аз курсиаш барканор кунад. Нафароне, ки бо ӯ кор кардаанд, аз ӯ ҳамчун як зани бадзабон ёд мекунанд.
Аммо ҳодисаи бадзабонӣ дар Рамазон танҳо ҳамин ҳодиса набуд.
Шикояти омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат аз раиси комиссияи аттестатсионӣ Тӯраев Холмуҳаммад, аъзои комиссия Назиров, Раҳмонов, Ғуломов ва Қурбонов низ дар интернет нашр гардид, ки Тӯраев ҳангоми ворид гардидани муаллимаҳо ба синф гуфтааст: “Ин кампиракони аз шир мондаро аз куҷо овардед, ки нигоҳ карда намешавад? Ино магар муаллима ҳастанд? Аз инҳо маймун хушрӯтар аст”. Аъзои комиссия ба ҷои дифоъ аз зани тоҷик ва ҳамкасбони худ, баръакс барои “напаридан” аз курсӣ, ба ҳоли заноне, ки ҳатто ҳамсолони модаронашон ҳам дар байни онҳо будаанд, хандидаанд. Ин мавзуъ ва ин бадзабонии мудири маорифи як шаҳри пуровоза ҳамаро асабӣ намуд ва аксаран бо забони худаш ба ӯ посух гуфтанд. Баъзеҳо бо шӯхӣ гуфтанд, ки шояд ин мудир “маймун”-ро ба маънои дигараш, ки “зебо” аст, истифода кардааст. Пас, бигзор худашро ҳам “хушрӯ” гӯем…
Ба ҳамсари мотамзадаи майор Абдуҷаббор Ҳалимов (қурбонии фоҷиаи маҳбаси Ваҳдат маъруф ба «Кирпичный»), ки бо фарзандонаш дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ аст, як марди хайрхоҳ, ки худро шинос накардааст, 2000 $ (ду ҳазор доллар) ва 2,500 сомонӣ хайр намудаасту рафтааст. Аллоҳ хайрашро қабул кунад.
Фарзандони Гулбегим ном зан низ, ки барои баргардонидани қарзи шавҳараш аз бонки «Ҳумо» рафт ва тобуташро ба Ватан оварданд, аз ҷониби корбарони шабакаи «Фейсбук» кӯмаки зиёди молӣ гирифтанд, ки мардум дар моҳи шариф хайр карданд.
Аммо бархе корбарони «Фейсбук» одамонеро ҳам ошкор намудаанд, ки ба номи ниёзмандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушода, дар асл ин кӯмакҳоро ба манфиати шахсӣ истифода бурдаанд.
Дар маҷмуъ, ҳар кас мехост аз ҳикматҳои моҳи шариф манфиат бинад. Албатта, онҳое кам набуданд, ки бо намозу рӯза аз ин моҳ хайр меҷустанд, вале савдогарону ронандаҳои худонотарс, ки аз ин рӯзҳо истифода бурда, нархи маҳсулоти худро якбора боло бурданд, зиёд буданд.
Дармондагоне буданд, ки бо хайри рамазонии мардум кадом мушкили худро ҳал карданд, аммо онҳое ҳам буданд, ки аз хайрдӯстии одамон сӯйистифода намудан хостанд…
Буданд нафароне, ки пул намеёфтанд, то дастархони хуби идона таҳия созанд, вале шогирдони баъзе раисҳо дар бозор барои худу «хӯҷаинашон» то 3 ҳазор доллар масраф намудаву харид мекарданд, чун «раисҷонашон» ба бозор намеояд, табъи нозукаш намебардорад…
Посухи ин ҳама корҳои неку бадро танҳо Худо медиҳад.
Ид муборак!
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА