Оё издивоҷи мардҳо ба духтарони ҷавон ва ҳатто ноболиғ беморӣ нест

Ҳафтаи гузашта пурбаҳстарин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ навори издивоҷи духтари 11- сола бо ҷавони 22- сола дар Эрон буд. Он боиси хашми корбарон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Издивоҷи онҳо пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ бекор карда шуд, аммо ин маънои онро надорад, ки масъала бо ҳамин хатм шуд.

Ҳодиса пас аз он ба тамоми дунё паҳн шуд, ки хабарнигори эронӣ Масиҳ Алинажод дар сафҳаи худ дар Твиттер қонунҳои Ҷумҳурии исломии Эронро, ки духтарони зери 13-соларо ба шавҳар медиҳанд, шадидан маҳкум намуд. Ӯ изҳор намуд, ки кӯдаконро маҷбур ба издивоҷ медиҳанд ва барои онҳо сарулибоси арӯсиро худи волидонашон интихоб мекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз дидани ин навор навиштанд, ки ин издивоҷ нест, балки таҷовуз ва педофилия (бемории равонии мардони калонсол ба майли ҷинсӣ бо кӯдакон) аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки хонаводаи “домод” дар ҷавоб ба хашму ғазаби корбарон посух доданд, ки бо ин роҳ онҳо мехостанд ба арӯсу домод вақт диҳанд, то бо якдигар “ошно” шаванд ва ба ҳамдигар “одат кунанд”.

Инро танҳо мешавад дурӯғросткунӣ гуфт, на ҳалли масъала ва мушкил, ки дар ҷомеаҳои мо низ пайдо шудааст. Агар ёдатон бошад, 3 сол қабл пулиси Афғонистон як муллои калонсолро барои ба занӣ гирифтани як духтараки 6-сола дастгир намуда буд. Ин муллои беимон, ки Саидмуҳаммад Карим ном доштаву аз вилояти Ғӯр будааст, ба пулиси афғон посух додааст, ки духтарро падару модараш ба ивази туморнависӣ ба ӯ … ҳадя карданд. Аммо волидони духтарак баъдан гуфтанд, ки мулло Карим духтарашонро дуздидааст. Намедонам ин қазия бо чӣ поён ёфт ва он муллои беимон ҷазо гирифт ё не, вале табибони афғон гуфта буданд, ки духтараки бечора озори сахти ҷинсӣ дида, саломатӣ ва ҳолати равонии худро аз даст додааст.

Тасаввур намоед, ки ин корро як “мулло” анҷом дода ва то “ошно шудан” ва “одат кунонидан” тоқат накарда, нафси ҳайвонии худро қонеъ кардааст. Пас аз куҷо бовар кардан мумкин аст, ки он ҷавони эронӣ, агар ин қазия расонаӣ намешуд, таҳаммул мекард ва як кӯдаки ноболиғи дигарро ба чӣ балоҳое гирифтор наменамуд?

Ба ин ҳам чашм пӯшидан имкон дошт, агар мегуфтем, ки Эрон як кишвари мазҳабист ва Афғонистон мамлакати ҷангзада. Бадбахтона, нишонаҳои чунин ҷаҳолатро дар Тоҷикистон низ намедидем. Агар ёдатон бошад, соли 2015 Суди шаҳри Душанбе Зайнаббибӣ Сафарова, як сокини ноҳияи Бохтарро, ки духтари 11-солаашро иҷборан барои истисмори шаҳвонӣ дар ихтиёри тоҷири чинӣ — Абдулажан Абдулайтӣ додааст, ба 29 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Тибқи иттилои паҳншудаи мақомот, “модар” — Зайнаббибӣ Сафарова барои ба шавҳар додани духтари ба синни 14 норасида ва қаллобӣ дар ҳаҷми калон гунаҳкор дониста шуд. Модар гуфтани маҳкумшударо мо махсус дар нохунак гирифтем. Кӣ метавонад чунин одамро, ки ба ҷигарбанди худ раҳме накардааст, модар гӯяд?

Тасаввур кунед, ки ӯ аз соли 2008 махсус монеи таҳсили духтараш гардида, моҳи августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе як хонаро ба иҷора гирифта, духтараш — Мижгонаро ба ақди никоҳи Абдулажани 35-сола даровардааст. Дар маълумотномаи он замон аз ҷониби мақомот паҳншуда омада буд: “Дар натиҷа Мижгона ҳомиладор мешавад ва модару шавҳараш ӯро дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе водор ба исқоти ҳамл мекунанд”. Оё ин даҳшат нест?

Тасаввур кунед, ки як модар ба фарзанди худ раҳм накарда, ояндаи ӯро хати батлон кашида, ба саломатии кӯдаки худ чи гуна муносибат намудааст. Маълум аст, ки ба хотири нафси ҳаром. Яъне соҳиб шудан ба пули бедардимиён ва сарвату дороӣ.

Аммо мардонро ба чунин ҷиноят чӣ тела медиҳад? Онҳоро ҳам нафси ҳароми шаҳвонӣ ба ин ҷиноят мебарад. Зеро қонунгузории Тоҷикистон синни издивоҷро 18 муқаррар намудааст. Пештар имкон дошт, ки духтаронро аз 17-солагӣ ба шавҳар диҳанд. Ҳукумат махсус ин синро як сол боло бурд, то падару модарон масъулият эҳсос кунанд. Пас, воқеан ба давлату Ҳукумати Точикистон бояд ташаккуру сипос кард, ки то имрӯз синни 12-солаву 13-и духтаронро ба издивоҷ аслан иҷозат намедиҳанд. Яке мурад ҳам духтар, вале мурда — мурда қонунро риоя мекунад. Накард, марҳамат, волидайну “акаи пулдор “ ба зиндон!

Шукр, ки дар давлати мо ба чунин номардҳо ҷой нест. Ба чунин “пулдор”-ҳо ҳам. Вагарна, дар Тоҷикистони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳолатҳои гирифтани “арӯси ҷавон” мӯд шуда буд. Дар асл, волидон бо баҳонаи “ба обрӯи Муҳаммадӣ шӯ додани” духтарони ҷавон ва ноболиғашон, аслан ниёзҳои моддиву молии худро “ҳал” мекарданд. Ҳол он ки, “беобрӯӣ” маҳз пас аз ин ҳолатҳо зиёд мешуд. Зеро домоди пири пулдор пас аз чанд сол ба духтараки ҷавонтари дигар “ошиқ” шуда, бо пули ночизе ӯро “мехарид” ва “ҳамсари” пешинаи худро талоқ медод. Ӯ ба куҷо мерафт? Ба панел! Яъне фоҳишагӣ…

Духтарони худро фоҳиша насозед ва ба бемории педофилӣ дар Тоҷикистон хотима диҳед, волидони муҳтарам!

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

 

P.S. Дар забони англисӣ вожаи ill (ил), ки дар сарлавҳаи мо омадааст, маънои бемориро дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here