Инсонҳо дар дил орзуҳои зиёд мепарваранд ва яқинан, ки аксарият ба амалишавии онҳо бовар доранд. Шахсан худи ман то ҳол бо нафаре вонахӯрдаам, ки ба амалишавии орзуе аз орзуҳояш бовар надошта бошад. Дуруст аст, ки бисёр вақт ҷомеаи мо, хусусан қаламбадастону рӯ ба рӯ бо “Word” менишастагиҳо орзуҳои ҳавоӣ мекунанду барои ба онҳо расидану онҳоро амалӣ кардан кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Орзуҳое, ба мисли ҳал шудани мушкилии рақами яки Душанбе — нақлиёти мусофирбар…

Орзуҳое, ба мисли дар назди масоҷид надидани гиряҳои шашқатори неоталбандаҳо…

Орзуҳое, ба мисли китобдӯсту китобшиносу китобхон шудани тамоми ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон…

Орзуҳое, ба мисли дар дилхоҳ соҳаву масъала ба ояндаҳои миллат имтиёз додану онҳоро хубтару беҳтар дастгирӣ кардан…

Орзуҳое, ба мисли он ки ҳар донишҷӯву унвонҷӯ ҳадди ақал сарфаҳми кори мекардаву менавиштаашро равад…

Орзуҳое, ба мисли баланд шудани мақоми донишгоҳу донишкада, донишҷӯву хонанда, муаллиму домулло…

Орзуҳое, ба мисли қадри бузургмардонро дар зиндагиашон донистан…

Орзуҳое, ба мисли дидани толорҳои пури тамошобини театрҳо ва холӣ мондани дискоклубҳои пур аз ноболиғ…

Орзуҳое, ба мисли дар автобусу треллобус, спринтеру старекс, таксиву қатора ба ҷойи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ муд шудани китобхонӣ…

Орзуҳое, ба мисли аз асри иттилоот ба асри “қанд” нагузаштани баъзе даруни нохунакбудаҳо…

Орзуҳое, ба мисли дар умқи қалби “одамон” нобуд кардани чоплусиву тарсуӣ ва “камбағалӣ”-ю “тангназарӣ”…

Орзуҳое, ба мисли ҳама моҳҳои додаи Худоро бо ҳикмату хосиятҳояшон дӯст доштану эҳтиром гузоштан…

Орзуҳое, ба мисли ба нестӣ бурдани фанду фиреб, бухлу ҳасад, хиёнату номардӣ ва ба ҷойи инҳо зуҳур намудани антонимҳояшон…

Орзуҳое, ба мисли…

Боз ҳам метавон рӯйхати ин орзуҳои амалинашавандаро зиёд кард, вале чун медонем, ки аз зарар холӣ нест, ба ҷойи аломати “се нуқта” аломати маъмулӣ ва халоскунанда аз ҳам аҷанҷолҳоро мегузорем.

Дар асно мо бошем ба як орзуямон расида наметавонем ва ба амалишавияш ба ҷойи боварӣ ноумедӣ ва шубҳа думболагирамон шудааст. Ба орзуе, ки имсол Худо кунад, ки моҳи шарифи Рамазонро бо фарқият аз дигар солҳо хуб пешвоз гирифта, беҳтару зеботар аз солҳои қаблӣ сипарӣ кунем. Худо кунад, ки дар забону дилу фикрамон як чиз бошаду монад.

Дар интиҳо бояд бигӯем, ки ба амалишавии орзуе, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳо дар бозорҳои мо осмонбӯс намешаванд. Дар нақлиёти масирҳоямон нишастан мушкил намегардад. Нафарони тануманду сиҳатмандро дарди меъда ва боз ҳазору як беморие, ки онҳо танҳо бояд хӯранду хоб кунанду нӯшанд, азоб намедиҳад. Мусалмонӣ танҳо дар забон намемонад… Ва ба ҳазору яки дигар умед мебандем.

Сино ТОҲИРОВ

 

P.S. Омад-омади султони моҳҳо — моҳи шарифи Рамазон ба кулли хонандагони ҳафтавори “Фараж” муборак бод ва Худо кунад, ки дар ин моҳи раҳмат, мағфират ва халосӣ аз азоби ҷаҳаннам пайваста пайи корҳои нек ва кӯмак ба башарият бошеду орзуҳое, ки ба амалишавияшон боварӣ 100/1 аст, амалӣ гарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here