Он то куҷо мушкилоти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ҳал мекунад?
“Облава” дар шароити кишвари мо падидаи наве нест. Коршиносон мегӯянд, ки ин амали табиатан ғайриқонунӣ аст. Ба ақидаи онҳо, “облава”ҳанӯз аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, замоне сар шуд, ки ба аскарӣ бурдани ҷавонони синнашон барои хизмат ба Ватан мушкил буд. Падару модарон аз тарси ҷанги даҳшатангези он замон намехостанд, ки ҷигарбандони нозпарвари худро ба хизмат фиристанд ва инро фаҳмидан мумкин буд. Ҷигари модар то ҷон дар бадан дорад, албатта, месӯзад.
Пас мардум суол мегузоранд, аҷабо, ки “облава” дар шароити осоишта, сулҳу субот чӣ зарурат дорад? Агар ба барномаҳои телевизионӣ ва шарҳи масъулин бовар намоем, “дар қисмҳои ҳарбӣ шароити олии хизматӣ ҳукмфармост”.
Масъулин ҳам як гап доранд, ки тӯтивор такрор мекунанд: “Дар мо “облава” нест, бовар мекунед, баъзе ҷавонон ба назди мо меоянду тавалло мекунанд, ки моро ба хизмат фиристед ва мераванд!”.
Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет бошад, зуд –зуд наворҳое паҳн мекунанд, ки ҷараёни боздошти ҷавонон дар кӯча аз почаву дасту мӯйи сар ва ҳатто гӯш ва тариқи тела додан ва маҷбуран онҳоро ба мошин бор карданро сабту паҳн менамоянд.
Намедонем ба меҳрубонии масъулини болозикр бовар кунем ё ба видеоҳое, ки беш аз 2 миллион бинанда доранд?
Таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки вуҷуд доштани мафҳуми “облава” пеш аз ҳама маънии заифии ниҳодҳои масъулро, ки як маъракаи ватандӯстона ташкил кардаву ҷавононро воқеан ҳам ба хизмати Модар – Ватан бурда наметавонанд. Чӣ садди роҳашон аст? Барои ҷалби ҷавонон танҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ нишон додани шароити хуби мисли биҳишт дар қисмҳои низомӣ бе гуфтугӯ басанда нест. Чун дар мулоқотҳои қаблӣ ҳам Пешвои миллат ба кормандони шабакаҳои телевизионӣ ёдовар шуда буданд, ки “фақат таърифу тавсиф накунед, ба мардум иттилои дурустро расонед”.
Бубинед, гоҳо хабарҳое паҳн мешаванд, ки аз кушта шудани аскарон дар хизмати ҳарбӣ дарак медиҳанд. Дар ин робита, пеш аз ҳама бояд масъулини ниҳодҳои қудратӣ масъалаи “дедовшина” –ро дар қисмҳои ҳарбӣ аз байн бубаранд. Чандин кас имрӯз бо “шарофат”-и маҳз ҳамин “дедовшина” дигар умед ба зиндагӣ надоранду маъюбанд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ва паҳлуҳои заъфи ниҳодҳои масъул гуфтаниям, ки масалан, чанд сол пеш бархе аз шаҳру ноҳияҳо тасмим гирифтанд, ки ба ҷавононе, ки довталабона ба хизмати аскарӣ мераванд, замини наздиҳавлигӣ медиҳанд. Азбаски тақсими замин дар деҳот як масъалаи хеле ҷиддисту мушкил, фикр мекунам, ин гуна тасмим тавонист бисёриҳоро ба хизмати аскарӣ ҷалб намояд. Пас, масъулин бояд ба ин монанд роҳҳои ҷалбро пайдо намоянд, на аз кашталу линги ҷавонписарон дар кӯчаҳои марказии шаҳр гирифта ё аз ҷогаҳи хоб бо ҳақорату дашномҳои қабеҳ унвонии модару хоҳар ба мошин “навозишкорона” “гуселонанд”.
Як мавзӯи муҳими дигар ин аст, ки мардуми оддӣ норозианд, ин ба аскарӣ нарафтани “ҷавонони тиллоӣ” – фарзандони мансабдорону сарватмандон аст. Дар сурати пахш шудани хабарҳо дар бораи ба аскарӣ рафтани ин гуна “фарзандони эрка” низ хеле саволу ҷавобҳо кам шуда, боис ба ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонони оддӣ мегардад. Биёед ба ёд биёрем, кадом вазир фарзандашро ба комиссарияти харбӣ бурду фармони Пешвои миллатро иҷро кард, ки “рав, писарҷони тиллоӣ хизмат кун, ин қарзи туст дар назди Ватан? Шумо шунидаед? Аммо, агар ин масъалаву мушкилот ҳалли худро наёбанд, ҳеҷ боварам намеояд, ки “облава” аз байн равад. “Масъалаи ҳуқуқӣ” танҳо “қапоқапи ғайриқонунӣ” нест. Сару садо дар бораи вуҷуд доштани ҷиноятҳои коррупсионист. Яъне, тибқи ин сару садо, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук менависанд, худи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳамроҳи раисони шаҳраку ҷамоатҳо аз ин маърака хуб манфиати молӣ мебинанд… Модаре мегӯяд, бачаам 1 гурда надорад, дигар шикоят аз он мекунад, ки писарам маъюби дараҷаи 2 -юм аст, саввумӣ аз паст будани биноии чашми фарзандаш нигаронӣ мекунад, вале ин ҷавонаскарон дар сафи авваланд? Варақаи духтур низ инҳоро одами солим менависад. Мансабдорон бачаҳои сиҳату саломати худро “то ором шудани вазъ” ба соҳилҳои баҳрҳои ороми Туркияву Сочи мегурезонанд.
Оё ин гуна сару садо ба вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо даркор аст? Магар имиҷи як вазорати пурнуфузи кишварамонро паст намезанад? Ё дар ҳақиқат касе манфиатдор аст, ки хизмат ба Ватанро “даҳшат” нишон доданӣ шуда, аз ин ҳисоб чанд пулаке кор кунад?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
«Ё дар ҳақиқат касе манфиатдор аст, ки хизмат ба Ватанро “даҳшат” нишон доданӣ шуда, аз ин ҳисоб чанд пулаке кор кунад?» — ҳамин масъалаи пул аст.