Табибон мегӯянд, ки шиноварӣ метавонад манфиатовар бошад, ҳатто барои пешгирии COVID-19. Аммо…
Шиноварӣ аз қадим миёни мардуми тоҷик мавқеи хос дошт. Одамон онро ба фарзандони худ таълим медоданд. Чанд сол пеш Кумитаи ҷавонон ва варзиш ин намуди варзишро вориди бозиҳои миллӣ гардонд. Масъулин мегуфтанд, ки умед доранд акнун на танҳо тариқи квота шомили бозиҳои олимпӣ мегарданд, балки аз онҳо бо медалу нишонҳо бармегарданд. Воқеан, дар назар буд, ки олимпиадаи имсола дар Токио баргузор мешавад. Аммо коронавирус ба он халал расонд.
Тавре дар як суҳбати худ бо ҳамкасбони мо Муҳамаддилкушод Табаров — муовини директори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ” зикр намуда буд, дар Тоҷикистон бори аввал соли 1948 мусобиқаи шиноварӣ дар доираи Спартакиадаи Осиёи Миёна баргузор гардида, маросими ифтитоҳи он дар “Кӯли ҷавонон” ҷараён гирифтааст. Аввалин ҳавзи шиноварӣ дар Тоҷикистон соли 1952 дар назди “Кӯли комсомол” (ҳоло “Кӯли ҷавонон”) ба истифода дода шуд. Баъдан, соли 1972 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи ҳавзҳои шиноварии ҷумҳуриявӣ ба истифода дода шуд. Бесабаб набуд, ки соли 1975 яке аз мусобиқаҳои бонуфузтарини собиқ давлати шӯравӣ — 5-умин Спартакиадаи халқҳои СССР аз рӯи намуди ҷаҳидан ба об дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ки дар он тимҳои якачини собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуданд. Инчунин, дастаи мунтахаби кишвари мо дар Спартакиадаи 6-уми халқҳои собиқ шӯравӣ бо муваффақият ширкат варзид.
Аммо ҳоло мо дар бораи шиноварӣ ҳамчун варзиш суҳбат карданӣ нестем. Аз он гуфтанием, ки дар гармои тоқатфарсои кишвари мо оббозӣ ба як амали маъмулӣ табдил меёбад. Дар деҳот писарбачаҳо, ҳатто духтарон ба гармои зиёд тоқат накарда, худро ба дарёву каналҳо мезананд.
Мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон, ҳатто замони “карантин” оғоз шуда буд. Корбарони шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” видеоҳои хеле ҷолиб мегузоштанд ва тавре ба назар мерасид, онҳо парвои карантину коронавирус надоштанду аз баландиҳои чандметра худро ба ҳавз мепартофтанд.
Дар шароити коронавирус суоли аз ҳама муҳим дар байни мардум ин аст, ки оё ҳангоми оббозӣ вирус тариқи об мегузарад? Оббозӣ дар дарёҳое, ки назораташон кам аст, чӣ гуна бояд бошад?
Табибони беморхонаи Ибни Сино мегӯянд, ки аслан вирус тариқи ҳавоӣ — қатравӣ мегузарад. Шарти асосии пешгирии сироят — ин нигоҳ доштани фосилаи 1,5 то 2 метр мебошад. Гарчанде то имрӯз роҳи сироятёбӣ ҳангоми оббозӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо нигоҳ доштани фосила дар ҳама ҷо шарт аст ва ҳатто ҳангоми оббозӣ низ. Ба гуфтаи онҳо, оби ҳавз бояд безарар гардонида шавад ва тадбирҳои безараргардонӣ новобаста аз Ковид-19 бояд ҳатмӣ бошад. Чунки ғайр аз коронавирус ҳар тобистон бемориҳои дигари сироятӣ дар ҳоли афзоишанд.
Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ мегӯянд, ки оббозӣ кардан дар фасли сармо ва машқи бадан барои саломатӣ, хоса барои баланд кардани иммунитет ва пешгирии бемориҳои сироятӣ манфиатовар мебошад, вале дар баробари ин хеле эҳтиёт бояд кард. Ҳадди ақал бояд ҳангоми оббозӣ фосиларо нигаҳ дошт. Пас роҳи ҳал чист?
Дар мо, мутаассифона, шумори ками мардум имкони истироҳат дар осоишгоҳу бӯстонсароҳои Варзобу Ромитро доранд. Дигарон маҷбуранд ба гармии тоқатфарсои тобистон тоқат кунанд. Ё худро ба каналу дарёҳо зананд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки имсол аллакай 16 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд ва танҳо дар моҳи июн 5 нафар ғарқ шудааст.
Коршиносон мегӯянд, ки дар деҳот ташкил намудани ҳавзҳои касбии оббозӣ фурсат ва маблағи зиёдро талаб мекунад. Шояд мардум ҳам имкони пардохти шиноварӣ дар онҳоро надошта бошанд. Масалан як соат оббозӣ дар ин гуна ҳавзҳо то 10 сомонӣ арзиш дорад, ки на ҳама чунин имконро доранд. Аз ин ҷост, ки кӯдакону наврасон беҳтар медонанд дарёву каналҳои бепулро интихоб кунанд. Аммо оббозӣ дар ин гуна ҷойҳо, тавре гуфтем, хавфи зиёд дорад.
Пас беҳтар нест, ки дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар мактабҳо, ки бештар ба футбол ва он ҳам дар майдонҳои на ҳамеша мувофиқ баргузор мешаванд, дар охирҳои баҳор ва аввали тобистон маҳз ба оббозӣ сарф кунанд?
Ба ҳар сурат, тақрибан дар ҳамаи деҳаҳои мо ҷои оббозӣ ҳаст.
Ин танҳо як пешниҳод аст.
Шояд масъулин пешниҳодоти дигар ҳам доранд?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА