Дуруд Абдувоҳид!
Мушкиле, ки ин ҳафта маро таъқиб мекард, медонед чӣ буд?
Бепулӣ мегӯед? Ба ин барвақт одат кардем. Ҳамон тавре ба фавҷ- фавҷ мурдани шахсиятҳои маъруф аз дасти коронавирус ҳам дигар чун ба як тақозои табиат менигарем.
Бераҳмию бесаводии баъзе мегӯед? Ба ин ҳам кайҳо одат кардаем ва ҳангоме нафаре аз мансабдорон бо лаҳни хушу гӯшнавоз ҳарф мезанад, дар тааҷҷуб меафтему даррав дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ доҳӣ метарошем.
Хушомаду косалесӣ мегӯед? Бубахшед, аммо ин дигар мушкил нест! Ин раванди даст пеши бару лагандбардорӣ дигар дар хуну пӯсти ҷомеа ҷой шудаву вақте касе бе мадҳу сано ҳарф мезанад, ба назари дигарон чунин менамояд, ки ин нафар ё одам нест ё аз ин олам нест!
Хайр, наёфтед, акнун худам мегӯям! Ин ҳафта мушкили об маро думболагир буд. Аниқтараш, мушкили барқ ҳал шуду мушкили об пайдо шуд! Ҳа, баъди он ки лимити нонавишта бартараф гардиду дар минтақаҳо барқ пайдо гардиду мо ҳам дигар нафаси сабук кашидем, ки дигар зимистони бофароғат моро интизор аст, яку якбора мушкили об пайдо шуд. Хайр хабаркашони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки гуиё кадом садамае шудаасту барои ҳамин як рӯзу ду рӯз дар баъзе шаҳракҳо то се рӯз об набуд.
Аммо, ман як чиро намефаҳмам… Масъулони идеологии мо ба фикрам рисолати аслии хешро гум кардаанд. Дар бораи садамаи ногаҳонӣ магар мардумро огоҳ карда намешуд? Охир, чандин шабакаҳои телевизионии якранг дорем ку? Агар якеи ҳамон хабар медод, замин ба осмон намечаспид. Хонаҳо ҳам бӯй намегирифтанд, мардум барои қазои ҳоҷат ба пушти дарахтону деворҳо намерафтанд, сатил ба даст аз ин гӯшаи шаҳр ба дигараш намешитофтанд, савдогарони беинсофу худобехабар қимати панҷ литр оби панҷ сомониро то ба бист сомонӣ намебардоштанд.
Ёдам ҳаст, замоне Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе буд, дар ин ҳолатҳо аввалин коре мекард, ба шаҳр баровардани мошинҳои обкаш буд. Муҳим, беоб намондани мардум ва дар дили онҳо бедор накардани ҳисси норизоӣ буд.
Вале имрӯз чӣ? Бо баҳонаи сохтмонҳои нав ба наву кашидани хатти об дар бисёр маҳаллаҳо аз як то се рӯз об қатъ мешавад. Шумо медонед, дар ин “катакҳои битонӣ” (таъбир аз устод Лоиқ. Х.А) агар ним рӯз об набошад, он ба чӣ бадал мегардад? Ба як оғили бадбӯй! Доду фарёду шикояти фарзандонро аз беобӣ намегӯед?
Ҳамаи инро раисону вазирон хуб медонанд! Чунки се — чор хона доранду агар дар яке барқ ё об набошад, ба дигараш мераванд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки хидматгори мардум ҳастанд, рисолати эшон хидмат ба мардум аст на аз мушкили мардум чашм пӯшидан!
Ана ҳамин гуна, ман маҷбур шудам то дар шабакаи иҷтимоии Фесбук аз раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як сатил об қарз пурсам. Ҳа, як сатил! Ақаллан ба дасту рӯй шустан расад! Хушбахтона, баъди доду фиғони мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ обро доданд. Лекин ман як чиро дарк кардам, ки бе барқу бе гармӣ метавон мурда — мурда зист, аммо бе об наметавон зист!
Об синоними ҳаёт будааст! Рост мегӯям?
Нархи об
Дуруд Хуршед!
Инак, номаи Шуморо мехонаму аз обкшиҳои давраи кӯдакиям дар деҳа, ки дар мактуби ҳафтаи гузашта навишта будам, ёдам меояд. Деҳа ҳарчанд мушкилиҳои худро дорад, аммо об аз манзили истиқоматӣ дур ҳам бошад, набуданашро ҳис намекунед.
Дар деҳа бузургсолон мегуфтанд, ки “ҳезумфурӯшу обфурӯш барака намеёбад”. Барака ёфтан ё наёфтанашонро намедонам, чун бо касе аз ин тоифа шиносоӣ надорам, аммо ҳаминро медонам, ки нархи об дар ватани мо хеле қиммат аст. Охир об худод аст бародарҷон!
Медонам, ки Шумо ба баъзе мушкилиҳои ҷойдоштаи рӯзгор одат кардаед, аммо ин одати маҷбурӣ аст, дӯстам. Чун Шумо яке аз чеҳраҳои шинохта ҳастед, бояд маҷбурӣ одат накунед. Агар ҳамин ману Шумо ҳам ба ҳар чизи бад одат кунем ва дар баробари беадолатӣ лаб фурӯ бандем, пас кӣ хори халаи чашми баъзе аз вазифадорони тамбали фориғбол мешавад?
Журналист кист? Журналист хори халаи чашми масъулин аст! Журналистро ягон нафар аз вазифадорони ноуҳдабаро нағз намебинад. Чун журналист бояд бигӯяд, бояд нависад, бояд хабар диҳад, на ин ки аз раиси кудом ноҳия пул не, зару зевару тилло не, мол не “як сатил об” қарз бипурсад.
Аммо намедонам барои чӣ на шабакаҳои иҷтимоӣ аз садамаи хати об хабар доданду на радиою телевизиону на газиту журналҳо. О бародарҷон, агар тарафи дигари масъаларо нигарем, шояд боз ҳам айби худамон бошад? Яъне ин журналистон айбдоранд, ки мардумро пешакӣ огоҳ накарданд, ки оби ду-се рӯзаашонро захира кунанд. Бало ба пасашон! Боз ҳам шукр мекунем, ки ин чанд рӯзи беобӣ ва азоби гӯр ҳам гузашт…
Масъалаи сохтмонҳои даруни пойтахт ҳам масъалаест, ки пагоҳ-фардо, хоҳ-нохоҳ бурду бохташро хоҳанд гуфт. Агар имрӯз Шумо бо дард дар ин бора менависед, шояд фардо касе пайдо мешаваду раҳмататон мегӯяд, чун имрӯз дар ин бора чизе гуфтан бе фоида аст.
Масъалаи набудани об дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт, ки гоҳ-гоҳ шоҳид мешавем, масъалаи як рӯзаю ду-се рӯза нест. Аз ҳамин сабаб набояд, ки аз паси панҷа нигариста шавад. Ба ҷойи Шумо мебудаму минбар дар дастам мебуд, чанд хабарнигорро ба ҷойҳои зарурӣ равон мекардаму дар пӯсти баъзе аз зимомдорон кайк меандохтам. Намедонам мо кай шаҳрӣ мешуда бошем? Ва кай шаҳрванд буданамонро ҳис мекарда бошем? Кай мисли одами шаҳрӣ тозаю озода мешуда бошем? Ба Худо намедонам!