Чаро Убайдзода барои ҳоҷатхонаҳо об медиҳаду барои нӯшидани мардум не?
Сокинони кӯчаи Саҳбои шаҳри Душанбе шикоят аз он доранд, ки бо вуҷуди ду маротиба гарон шудани нархи оби ошомиданӣ, онҳо мушкили дастрасии онро доранд.
Сокинон мегӯянд, ки онҳо аз замони шӯравӣ ва ҳоло низ об надоранд. Гарчанде ҳар сол пули обро месупоранд, ҳоло кормандони КВД «Обу корези Душанбе» аз онҳо хостаанд, ки ба 300 сомонӣ ҳисобкунак ба таври ҳатмӣ часпонанд, то онҳо истифодаи дурусти обро донанд.
Саида, сокини ин кӯча мегӯяд, ки «тӯли 50 сол пул супоридем ва ҳоло низ месупорем, вале кормандони КВД «Обу корези Душанбе» ҳисоби дурусти онро нав дарк карданд? Вақте об нест, барои чӣ пул супорем? Либосҳоямро дар як ҳафта ҷамъ мекунам ва аз «Нагорний» ба маҳаллаи 33, ба хонаи акаам меравам, то ҷомашӯӣ кунам. Барои оббозӣ ҳам ҳар ҳафта хонаи келин меравем. Ҳавлиям баъд аз рӯфтан обро намебинад. Гилемҳоро ҳам хонаи шиносҳо мебарем барои шустан. Ифлосиву партов аз боло меояд, ки хеле бӯйи бад дорад. Об дар як шабонарӯз 2 соат меояду халос ва он ҳам дар хонаи ҳамсоя. Ҳар рӯз аз хонаи ҳамсоя рафтан ҳам одам шарм мекунад, вале чун дигар чора нест, маҷбурем хира шуда равем. Ҳамсоя мегӯяд, ки «дигар ба хонаи ман наёед, чунки дар ҳавлиям ҳисобкунак часпониданд, ман пули кадоми шуморо супорам!?». 30 хоҷагӣ беоб ва он ҳам дар маркази шаҳри Душанбе. Ба сардори КВД «Обу корези Душанбе» мактуб кардем, дар ҷавоб фақат як чиз мешунавем: «Тоқат кунед, мешавад!». Раиси маҳалла чун дигар мансабдорон ваъда медиҳад, ки мушкил ҳатман ҳал мешавад, фақат тоқат кунед! 50 сол тоқат кардем. Аз ин беш мешавад? Сардори КВД «Обу корези Душанбе» Убайдзода Мирзомурод аз шикояти сокинон миҷааш хам намехӯрад ва сабаби чора наандешиданашро низ намедонем. Чаро Убайдзода намебинад, ки мо як истакон оби ошомиданиро намеёбем нӯшем, вале дар баъзе хонаҳои навсохт ҳатто дар хоҷатхонаҳояшон об мисли «фантан» ҷорист? Аксарияти мардум, ки аз пойтахт фарсахҳо дуранд, гулу полезҳояшонро об медиҳанд. Аз мастӣ дар 1 рӯз 6 бор ба ҳаммом медароянд».
Занони маҳалла мегӯянд, ки чаро бархеро қубурҳояшон доимо тоза аст ва масъулини КВД «Обу корези Душанбе» обро зуд барояшон пайваст мекунанд?
— Насосҳо дар 1 ҳафта пайваст мегарданд. Вале аз мо пули обро барои 24 соат ситониданианд. Ва агар лаб кушоӣ, чунин ҷавоб мегӯянд: «Фарқаш чӣ, обро аз хонаи худат меорӣ, ё аз кӯчаи Телман? Аз ташнагӣ намурдед-ку! Боз чӣ мехоҳед?»,- шиква мекунанд онҳо.
Тибқи маълумотҳо, Тоҷикистон дар фасли тобистон ба миқдори зиёд нерӯи барқи изофӣ дорад. Вале КВД «Обу корези Душанбе» барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ бо масрафи харҷи барқ аз мардум пул меситонад.
Мардум бо нигаронӣ мегӯянд, ки «ҳар рӯз тариқи телевизиони давлатӣ ва ВАО мебинем ва мехонем, ки сармоягузорони хориҷӣ, бонкҳои ҷаҳонӣ миллионҳо доллар пул барои ҳалли мушкили об ихтисос медиҳанд, вале ин пул ба куҷо масраф мегардад, Худо медонад».
Ва бештар мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақте нафаре ба дилхоҳ вазифаи давлатӣ таъин гардид, ҳатто нафас накашида, дар як ҳафта соҳиби хона ва мошин мегардад. Ва ба суоли ҳамсояҳо янга чунин ҷавоб медиҳад: «Охир мардакам вазифа гирифт-ку!».
Пас, ҳангоми таъини мансабҳои давлатӣ Пешвои миллат маҳз ба ҳамин хотир такрор ба такрор мегӯянд, ки «поку тоза кор кунед!».
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА