Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Декабр. Зимистон. Гузаштани рӯзҳои кӯтоҳи офтобию шабҳои дарози торику сард. Ноумедию ғам, тарсу ҳаяҷон, ҷудоиву дилшиканӣ, нобоварию ашкрезӣ, гиристану натавонистан ва нокомию бекорӣ.

Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Ба гӯш расидани ҷумлаҳои шум: “Маблағи шартномаи донишгоҳро биёред!”, “Ту имсол либоси зимистона нахаридӣ?”, “Имсол ҳам оиладор нашудӣ?”, “Ба имтиҳонҳо тайёр шавед!” (ба имтиҳонҳои тестӣ, ҳамон имтиҳонҳое, ки ман имтиҳонашон намеҳисобам), “Зимистон шуду ту ҳоло ҳам проектҳоятро амалӣ накардӣ!”, “Корҳоят чӣ тавр?”, “Хеле нақша кашидӣ, вале ба ҳеҷ кадомаш амал накардӣ!”…

Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Бо чашм дидани лавҳаҳои ногувор: “Попӯшҳои куҳнаву даридаи донишҷӯйи аълохон дар борони сахт тар шуданд”. “Толибилм бо ҳамсабақонаш аз савор шудан ба хатгард ҳазар кард, зеро роҳкиро надошт”. “Хонаи иҷорае холиву нафароне, ки онро бояд мегирифтанд, дар кӯча монданд, зеро соҳибхона 1000 сомонӣ гуфт”. “Гурдаҳои муҳоҷир аз хунукӣ варам карданд, аммо барнагашт, зеро бояд пули “қалинг”-и дилдодаашро меғундошт”. ..

Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Рӯ ба рӯ шудан бо саволҳо. Бо саволҳои беҷавоб ва дилгиркунанда. Дар мисоли: “Чаро ман муваффақ намешавам?”, “Чаро ягон корам барор намегирад?”, “Чаро рӯзгузаронӣ ин қадар мушкил аст?”, “Чаро зиндагӣ зиндони одамони бегуноҳ аст?”, “Чаро ишқро фурӯхтаву харида мешавад?”, “Барои чӣ ҷавонии мо то ин андоза “фач”, бемаънӣ, танг, кӯтоҳ, маҳдуд… аст?”, “Чаро мо дасткӯтоҳем?”, “Чаро камбағалон камбағалтару бойҳо бойтар мешаванд?”…

Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Шоҳид шудан ба афсӯсхӯриҳо. Афсӯсҳое, ки чизеро баргардонида наметавонанд. Афсӯсҳое, ки ба ҷуз уф ва пуф дигар чизе ба мо намедиҳанд. Ва он афсӯсҳо бефоидаанд. “Агар ман донишҷӯ мешудам…”, “Агар ман муҳоҷир намебудам…”, “Агар ман “тағо” медоштам…”, “Агар ман мошин медоштам…”, “Агар ман пул медоштам…”, “Агар ман як бизнеси хурдакак медоштам…”, “Агар ман озод мебудам…”, “Агар ман камтари дигар имкон медоштам…”, “Агар ман фалон чизро медоштам…”, “Агар ман фалон предметро медонистам…”…

Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!

Саратон гиҷ шуд? Асабӣ шудед? Аз бисёр дидани аломати “нохунак” дилгир шудед? Аз ҷумлаҳои саволиро хондан хаста шудед? Аз дидаҳову шунидаҳо ва шоҳид шуданҳои ман асабатон вайрон шуд? Аз шаш маротиба хондани ҷумлаи “Декабр аз нисф гузашт. Дер шуд, дер!!!” ноумед шудед? Ба ин саволҳои дилгиркунанда ҳар чизе, ки ҷавоб медиҳед, қабул аст, зеро ба ин ҳақ доред. Танҳо ман илова карданӣ ҳастам, ки агар шумо ҳам ин ҷумларо ба забон оред ва ба он боварӣ дошта бошед, хатои бузургу нобахшиданӣ мекунед. Зеро ҳеҷ вақт дер намешавад ва ҳаргиз набояд таслим шуд.

Дуруст аст, ки аз “умр”-и соли 2019 камтар аз як моҳи дигар мондааст ва ин далели сипарӣ гардидани чанд фоизи умри мо мебошад. Шояд 1 ё 2 фоиз. Ва ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки мо дар ин миқдор фоизи умрамон чӣ корҳоро ба сомон расонидем? Мо як пораи умрамонро чӣ гуна сарф кардем? Мо як қисмати ҷудонашавандаи умрамонро ба чӣ корҳо бахшидем? Мо қадри як порчаи хурд ё калони умрамонро ба чӣ ва чиҳо ё кӣ ва киҳо “туҳфа” кардем?

Агар гӯем, ки инҳо ҳам муҳим нестанд, дунё ба охир намерасад. Вале бояд донист, ки агар мо хостгори нашунидани ҷумлаҳои шум бошем, агар мо нахоҳем, ки қаҳрамони лавҳаҳои ногувор бошем, агар мо дар талаби надоштани саволҳои зиёди беҷавоб бошем, агар нахоҳем, ки оҳу афсӯс хӯрем, бояд имрӯзро ба мисли дирӯзи онҳо нагузаронем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here