Гап фақат сари пули он меравад?

Охири сол вакилони парлумони Тоҷикистон ду тарҳи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он ақди никоҳи мусалмонии навхонадорон бояд дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) анҷом шавад.

Бояд гуфт, Сайидҷаъфар Усмонзода, вакил аз Ҳизби демократи Тоҷикистон пеш аз интихоботи парлумонӣ ҳамеша мегуфт, онҳое, ки бе иштироки волидон ва мулло ҳамсари худро талоқ медиҳанд, бояд ба 10 соли зиндон муҷозот шаванд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки “дар як кишвари дунявӣ ба миён омадани чунин масъалагузорӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст аст?”, посух дод: «Пешниҳоди мо ин аст, ки никоҳи давлативу мазҳабӣ якҷоя сурат бигирад. Дар ин сурат ду шоҳид — ҳам намояндаи давлат ва ҳам руҳоният хоҳад буд, ки фикр мекунем масъулияти навхонадоронро зиёд мекунад…».

Акнун ба ҳамин маъно тарҳи қонуне таҳия мешавад ва маълум аст, ки он баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст. Мақсади аслии қонуни мазкурро вакилон барои пешгирӣ аз масрафоти зиёд ҳангоми маросими хеле муҳими мусулмонон, яъне никоҳ арзёбӣ мекунанд.

Руҳонии тоҷик Маҳмуд Сангалиев мегӯяд, ки хутбаи никоҳ суннати пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) аст ва аслан барои хондани хутба маконе муайян нашудааст: “Вале ин андеша чандон созгор нест, ки никоҳро дар бинои ЗАГС хонанд”.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ бар ин назар аст, ки таҳлили таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар аксарияти мутлақи давлатҳо новобаста аз тафовутҳои фарҳангию таърихӣ ва динию дигар арзишҳои инсонӣ зимни таъсиси оила санадҳои заруриро дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда, бо риояи тартиби муқаррарнамудаи урфу одат ва анъанаҳои ташаккулёфта хутбаи никоҳро дар макони зисти зан мехонанд: «Чунин таҷрибаро дар Тоҷикистон низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз як ҷиҳат чунин муносибат аз робитаи риоя шудану эътирофи меъёрҳои марбутаи шариати Ислом дар давлати дунявӣ гувоҳӣ диҳад, аз ҷиҳати дигар дар нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва бештар шудани масъулияти зану шавҳар ва анҷоми рисолатҳояшон таъсири мусбат хоҳад дошт. Ба андешаи ман, бо вуҷуди заминаҳои динӣ доштан табдили он дар солҳои тӯлонӣ ба одату анъана мувофиқи мақсад мебуд, ки хутбаи никоҳро дар хонаи арӯс хонанд. Пардохти арзиши хизмати ходими дин бояд то ҳадде бошад, ки воқеиятҳои сатҳ ва сифати зиндагии аксарияти мутлақи шаҳрвандони кишвар ба инобат гирифта шавад».

Андешаҳое ҳам гуфта мешавад, ки “бештари вақт мардон фақат никоҳи мусулмонӣ мекунанду аз ақди никоҳи расмӣ, яъне ЗАГС мегурезанд. Агар ҷудо шаванд, бо се талоқ худро халос мекунанду зани бечора бо фарзандон дар ба дари мақомот мегарданд, ягон меросро наметавонанд барои фарзандонашон соҳиб шаванд ва баъзан ҳатто алиментро, чунки ЗАГС надоранд. Агар ин қонун қабул шавад, мардон маҷбур мешаванд, ки пеши муллову кормандони давлат 2 асноди муҳими оилавиро имзо кунанд. Ин ҳолатҳоро мо мебинем, ки занонро на фарзанд, балки 1 ҳуҷҷат метавонад соҳиби ҳама чиз гардонад. Барои занон ин қонун бештар сабукӣ меорад ”.

Коршиносони умури дин бошанд, ба ин назаранд, ки “никоҳ зеби хона дорад”. Онҳо мегӯянд, сабаби аслии қабули ин қонун маблағи никоҳ аст, ки минбаъд мумкин онро низ муайян мекунанд ва ба буҷаи давлат равона мегардад.

Наход гап фақат сари ҳамин бошад?

Ё масъалаи дигаре ҳам вуҷуд дораду мо намедонем?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here