Чаро вакилони парлумон ба ҷои он ки фаъол бошанд, журналистонро “зархарид” меноманд?
Ин баҳси нав нест, ки журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагонро дар бисёрии ҳолат ба фаъол набудану хомӯшӣ ихтиёр кардан дар масъалаҳои рӯзмарра интиқод мекунанд. Солҳои пеш ҳамагӣ 4 — 5 вакиле буданд, ки дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешуданд, ки журналистон ва мардум ба онҳо дастрасии нисбӣ доранд. Дар сафи нави вакилон ин теъдод ба як ё баъзан ду нафар ихтисор шуд. Яъне ҳоло фақат аз Сайидҷаъфар Усмонзода — раиси Ҳизби демократ ва намояндаи он дар Маҷлиси намояндагон ном бурда мешавад, ки тариқи суҳбатҳояш бо журналистон дар масъалаҳои муҳим изҳори назар мекунад. Аз ин хотир, ӯро дар бархе гуруҳҳои фейсбукӣ вакили сол ҳам эълон намуданд.
“Вакилҳои хомӯш”-и дигар, ки мардум мегӯянд аз онҳо шинохт надоранд, мисле ки сахт асабӣ шудаанд ва акнун дар ҳамаи “мушкилот” журналистонро айбдор меҳисобанд. Барои ин вақти муносиб ҳам ёфтанд. Таври маълум, мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагон аз 1 то 9-уми январи соли равон мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон сурат гирифт. Бештари ҳолат чунин вохӯриҳо низ расмиёте беш нест. Яъне вакилон “ради галочки” ба ноҳияҳо мераванд, чанд нафарро ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷамъ мекунанд ва депутатҳо “дар бораи муваффақиятҳо” суҳбат мекунанд.
Намедонам, вале аз бархӯрди мардум, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот мехонем, аксарият мегӯянд номи вакилони худро намедонанд ва ба онҳо овоз ҳам надодаанд. Бовуҷуд, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин лаҳзаи барои ҳукумат душвор ба минтақаҳо фиристода шуданд, то мардумро бо воқеиятҳо шинос кунанд. Дар хабарҳо мехонем, ки дар ҷараёни ин сафари корӣ вакилон бояд ба мардум муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақоми олии қонунбарор, вазъи сиёсиву дохилии кишвар, ҷалби сармоя ва рушди соҳибкориро фаҳмонанд. Аммо вакилони МН чӣ кор карданд?
Дар шабакаҳои телевизионӣ, сомонаи Маҷлиси намояндагон мехонему дидем, ки зимни вохӯрии раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мавзӯи асосӣ омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ, озмунҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва кишти картошка будааст. Ҳамчунин, бонувон дархост кардаанд, ки барои онҳо теъдоди грантҳо зиёд карда шавад, то дар бунёди корхонаву муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоранд.
Вакил Баҳриддин Зиёӣ дар ҳавзаи Ашт бештар аз сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пешгирии бемории сироятии «Ковид-19» гап задааст. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб низ дар суҳбатҳо ҷо доштааст. Вакилон Хайрулло Амонулло ва Шарифҷон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб боздид намудаанд. Қодир Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо мардуми ҷамъомада аз омодагиҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, пешгирӣ аз ҳама гуна қонуншиканиҳо ва масоили мисли ин суҳбат намуда, мардум ӯро гӯш кард, фаҳмид. Вале халқ аз ӯ чӣ хоҳиш кард, дар ягон ҷо чизе пайдо накардем.
Тавре мебинем, ягон вакил мавзӯи хос ба ҳавзаи интихоботиашро баррасӣ накардааст ва қариб ҳамаашон муҳокимаи якхела доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, як “қаҳрамон” пайдо шуд, ки таваҷҷуҳи ҳамкасбони мо ва ҷомеаи фаъолро ба худ сахт машғул дошт. Бархе аз журналистон навиштанд, ки дар вилояти Суғд як “вакили багурда” тамоми мушкилотро ба кормандони воситаҳои ахбори омма бор карда, гуфтааст, ки маҳз онҳо бо пахш намудани “хабарҳои дурӯғ” мардумро ноором карданианд. Номи ин “қаҳрамон” барои ҳамкасбон маълум аст, вале аз эълони он бо сабабҳое ҳоло худдорӣ намудаанд. Зеро пас аз баррасии ин мавзуъ зумрае аз журналистон пешниҳод карданд, ки номи ин вакил эълон гардад, сарвату дороиҳояш расонаӣ шавад, ҳамчунин маълум кунанд, ки ин “қаҳрамон” бо чанд интихобкунанда вохӯрда, кадом мушкилоти мардумро дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ намудааст. Ҳатто рӯйхати суханрониҳои ӯро дар ин як соли вакилиаш барои мардум пешниҳод кунанд.
Чаро ҳамкасбони мо ин гуфтори як вакили барои мардум ноошноро сахт гирифтанд?
Оре, бори аввал ҳам нест, ки чунин тамғагузорӣ ба журналистон сурат мегирад. Даҳ сол пеш вазири мудофиаи собиқ ҳатто журналистонро ба ҳамкорӣ бо террористҳо айбдор карданӣ шуд, ки баъд бебунёд буданаш маълум шуд.
Аммо ҳоло вазъият дигар аст. Мушкилоти мардум кам нест. Одамон ҳоло ҳам фақат ба Пешвои миллат бовар доранду барои ҳалли мушкилоташон танҳо ба ӯ муроҷиат мекунанд. Журналистон бо душворӣ маълумоти муҳимро ҷамъ оварда, ба ҷомеа пешниҳод мекунанд. Кумаки вакилон ҳам дар ин маврид эҳсос намешавад.
Аз ҳама муҳимаш, паҳну пахши хабари дурӯғ масъулияти ҳуқуқӣ дар пай дорад. Пас дар куҷо хондем, ки кадом журналистеро барои пахши хабари нодуруст муҷозот кардаанд?
Баръакс, мебинем, ки бо дерӣ ҳам бошад, маълумоти паҳнкардаи онҳо тасдиқи худро меёбад. Пешвои миллат ҳам борҳо гуфтаанд, ки “ҳатто маро танқид кунед, аммо ба давлату миллат хиёнат накунед”. Яъне Президент аз танқид тарс надоранд, зеро воқеан ҳам кор мекунанд.
Вакилон чӣ?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА