Ҳар кореро, ки моро аз карданаш манъ мекунанд, мо боз ҳамонро мекунем..

Ҳамин қарори охири қабулкардаи Ситоди ҷумхуриявӣ бар зидди COVID-19, тавсияи Кумитаи дин, иловатан тавсияи Шӯрои уламо ва дастархонороиву идгардакравии тоҷикистониён, хусусан дар деҳот ба ҳамагон сухани чанд соли пеш гуфтаи реперони мактаби куҳнаамон «мора намешава манъ карда»-ро ба ёд меорад.

Дар иди Қурбон ҳақиқатан ҳам моро нашуд манъ карда: савдои савдогарон дар авҷ шуд, омодагиҳои мардум бисёр хуб буд, дастархонҳоро бисёр зебо оростем ва идгардакравӣ то шаб идома ёфт. Мо ба сари мардум санг заданӣ нестем, зеро аллакай кори намешуданӣ шуд. Шукр, ки аз дастархонҳои бепул шикамҳоро сер кардем. Вале ин ҷо як масъалаи бисёр муҳим аст, ки пушти абри сиёҳ мондааст. Ба фикри сирф шахсии мо, сабаби ягонаи «моро манъ карда натавонистан»-и қарору тавсияҳо ин набудани мубаллиғон ё худ будану вазифаашонро иҷро накардани онҳост.

Биёед, қабул кунем, ки мо ҳақиқатан ҳам аз ҷиҳати мубаллиғони якрӯву дар ғами миллат буда танқисӣ мекашем.

Телевизион, радио, матбуот? Бовар кунед, таъсир намерасонанд. Мисол мегӯед? Чанд идгардакомадаро гуфтам: “Биёеду лекин дар телевизион гуфтанд, ки идгардак манъ аст-ку”. Гуфтанд: “Дар телевизион бисёр чиз мегӯянд, аҳамият надеҳ”. Медонед, ин чӣ маъно дорад? Мардум ба ВАО дигар бовар надоранд.

Қисми зиёди мардуми мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва бисёртар онҳо сарфи назар аз ҳама қарорҳо менамоянд. Мутаассифона, дар деҳоти мо касоне ёфт намешаванд, ки ба мардум ором, сода ва фаҳмо мазмуну ҳадафи ҳар қонуну қарорро гӯянд. Касоне ёфт намешаванд, ки ба ҷойи ба роҳгумӣ бурдани мардум роҳнамои онҳо бошанд. Балки қарорро қонун ва тавсияро амр гуфта, аз дилхоҳ хабар филмномаи криминалӣ эҷод мекунанд. Ба ин ҳама кӣ гунаҳкор? Албатта, ин гуноҳи раисони деҳот ва ҷамоату ноҳияҳо аст. Зеро аксарият як фикр мекунанд: “Мардум дар хизмати мост, кадом тарафе, ки хоҳем, “рулашонро” тоб медиҳем”. Ва ин ҷо гуноҳи ягонаи мардум ҳамин аст, ки дар асл кӣ бояд дар хизмати кӣ бошад, намедонанд.

Биёед, қабул кунем, ки имрӯз мардум раиси деҳаро ба як бекорхӯҷа, раиси ҷамоатро ба нафаре, ки омадан замон бояд дастархон ороста, меҳмондорӣ кард ва раиси ноҳияро ҳамчун як нафари дастнорас мешиносанд.

То замоне, ки раиси деҳа ҳаммаънои дардрасон нагардад…

То замоне, ки раиси ҷамоат мубаллиғи сиёсати Ҳукумат нагардад…

То замоне, ки раиси ноҳия мушкилосонкуни мардум нашавад…

Ва то замоне, ки вакили ноҳия пул миёни аҳолӣ ва парлумон нашавад, мардумро аз дилхоҳ кор манъ карда намешавад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here