Тоҷикистон ба мавҷи дуюми пандемия чӣ омодагӣ дорад?
Ҳамон тавре коршиносон тахмин мезаданд, бо фарорасии тирамоҳ ва пеш омадани хунукиҳо эҳтимоли сар задани мавҷи дуюми КОВИД-19 мавҷуд буд. Мутаассифона, ин фарзия воқеият гардид. Ҳоло ҳарчанд дар сатҳи расмӣ чунин хатареро ошкор намекунанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза мебинему мехонем, ки аз марги одамон бо аломатҳои коронавирус дарак медиҳанд.
Вазорати тандурустии кишвар чанд рӯз пеш ахиран тасдиқ кард, ки теъдоди гирифторони КОВИД-19 дар Тоҷикистон дар мавҷи 2-юм рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар сомонаи расмии ин ниҳод гуфта шудааст, ки рӯзҳои охир гирифторони ин бемории сироятӣ беш аз даҳ дарсадро ташкил медиҳад, агар моҳҳои қаблӣ дар як рӯз то 39-40 кас гирифтори ин беморӣ мешуданд, ҳоло бошад, он аз 45 маврид бештар сабт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар мавҷи аввали ин бемории ҳамагир Тоҷикистон яке аз кишварҳои охирине буд, ки мавҷудияти ин бемориро расман тасдиқ намуд. Ҳарчанд ҳанӯз аз моҳи марту апрел дар бораи маргу мири одамон аз ин маризӣ хабарҳо паҳн мегардид, масъулин танҳо як рӯз пеш аз ворид шудани намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аввалин гирифторони бемориро бо теъдоди 15 нафар эълон намуданд. Ин эътирофи расмӣ боис ба талвосаву хавфи зиёди мардум гардид. Дар натиҷа касалхонаҳо аз одамон пур шуданд ва маълум гардид, ки онҳо ба ин омодагии ҷиддӣ надоштаанд. Мардум худ ба кумаки табибон бархостанд, гуруҳҳои ихтиёрӣ ташкил намуда, барои духтурон либос, ғизо ва чизҳои дигари зарурӣ, барои беморон дору мебурданд. Дар доираҳои таҳлилӣ аз масъулин интиқод мекарданд, ки агарчи Тоҷикистон то эътирофи расмӣ 4 моҳ дар ихтиёр дошт, аммо тайёрии ҷиддӣ нагирифтааст.
Ҳамин тавр, аз охири моҳи апрел то 29-уми сентябр дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ 41 ҳолати нав сабт шудааст, ки дар маҷмуъ шумораи гирифторони беморӣ ба 9726 нафар баробар гардид. Ҳамчунин, то санаи 29-уми сентябр дар мамлакат 8531 нафар аз бемории КОВИД-19 шифо ёфта, бар асари он 75 нафар фавтидаанд.
Масъулини вазорат ҳушдор медиҳанд, ки табиби ҳар як шахс худи ӯст ва таъкид бар он мекунанд, ки қоидаҳои шахсиро қатъиян риоя бояд кард.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш шаҳрдории Москва Сергей Собянин дар робита ба авҷгирии КОВИД-19 эълом кард, ки хонандагони мактаб аз 5 то 18-уми октябр ба таътили фаврӣ фиристонида мешаванд. Тасмими эълони мазкур бо тавсияи табибони рус дар пайи авҷгирии беморӣ дар фасли тирамоҳ гирифта шудааст.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки гарчанде кӯдакон хушбахтона ба ин беморӣ гирифтор намешаванд, вале онҳо ба осонӣ метавонанд калонсолонро гирифтор кунанд. Чанде пеш хабари фавти як тифл низ паҳн шуда буд. Абдухалил Холиқзода — мудири бемористони хусусии “Ибни Сино” баръакси омори вазорат мегӯяд, ки “кӯдакон хатари паҳншавии бемориро бештар мекунанд, чунки мавридҳои гирифтор шудани кӯдакон ба коронавирус ҳанӯз моҳи май сабт шуда буд ва ҳоло ҳам дида мешавад”.
Ҳоло дар Русия дубора аз нафароне, ки аз 60-сола боло ҳастанд, хостанд, то бидуни зарурат аз хона набароянд. Ва ҳоло кӯшиш доранд, ки дубора «низоми худинзиво»-ро ҷорӣ намоянду ба кори фосилавӣ гузаранд. Дар Амрико, Британия Кабир мардум аз моҳи апрел то ҳоло фосилавӣ кор мекунанд, танҳо мактаб ва боғча кори онлайниро хотима дод.
Гирифторони коронавируси нав менависанд, ки он аз мавҷи аввал фарқ дорад. Аломатҳояш низ дигаргунаанд: дарди мушакҳо, дарди қафаси сина, дилбеҳузурӣ, хунукхӯрӣ, нафаҳмидани бӯй ва лаззат, хушкшавии даҳон ва бемадорӣ.
Як нафаре, ки аз ин беморӣ раҳо ёфтааст, дар «Фейсбук» навишт, ки дард аз гулӯ ва шуш намегирад, таб боло намеравад, ҳисси мазза ва бӯйро гум намекунад, бемор дар вуҷудаш нишонаҳои зуком ва шамолхӯрдагиро ҳис мекунад, аз миён болои бадан арақ мекунад ва ҳамаи ин нишонаҳо боис мешаванд, ки бемориҳои куҳна хурӯҷ кунанд.
Вале муҳимтар аз ҳама муносибати духтурон бо беморон аст, ки ҳамоно бинобар шикояти беморон дар сатҳи паст қарор дорад. Мардум шикоят мекунанд, ки аксари вақт беморонро вақте ба бемористон мебаранд, духтурони соҳибтаҷрибаро саривақт пайдо намекунанд ва ин боис ба бадтар шудани вазъияти бемор мегардад.
Дигаре шикоят аз он дорад, ки беморонро бе “через” дар вазорат ба беморхонаҳо намехобонанд. “Ҳатто метавонанд бо як сӯзандору беморро ба хона интиқол диҳанд”,- мегӯяд ӯ.
Мушкили дигар он аст, ки беморонро ба беморхона саривақт интиқол додан ғайриимкон аст. Ҳангоме, ки ӯ бояд хоб равад, “направление” аз вазорат дархост мекунанд, ки мушкили иловагӣ зам мегардад ва он ба вазъи равонаии бемор низ таъсири манфии худро мерасонад.
Ҳамчунин, аз нарасидани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҳамоно шикоятҳо зиёданд. Бемордорон мегӯянд, ки ин масъала мушкили рақами 1 боқӣ мемонад, чун аксари ИВЛ-ҳо куҳнаанду на ба ҳама беморон мерасанд.
Инчунин, ҳарчанд масъулин мегӯянд, ки дору барои беморон бепул аст, аммо ниёзмандон мегӯянд, ҳамааш аз ҷониби беморон харидорӣ мегардад.
Пас, оё гуфта метавонем, ки аз даври аввали КОВИД-19 мо таҷрибаи зарурӣ гирифта, омодагии ҷиддӣ ба даври дуюм дорем?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА