Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!
Номаи “Марг”-атонро гирифтам. Маълуми табъи латифатон бод, ки дар ин рӯзгори бесарунӯг, ҳамин як умедворӣ, номанависии ману Шумо мондааст! Акнун Шумои азиз мехоҳед, ки вабои асру коронавирусу чопи газиту ҳисобу китобу вохӯрию муҳосибаю мубоҳисаю репортажу нишастҳои матбуотию гаштаку хабару мақолаю ғайраю ҳоказо гуфта баҳона кунеду маро аз ҳамин як пораи нони маърифат, ки ҳамон ҳам гоҳ-гоҳ шудааст, маҳрум намоед?!
Хестед, ки хобед! Пеши худ тасмим доштам, ки “ҳамин ҳафта ҳам, агар аз Хуршед нома нарасад, як ҳақоратнома менависаму дар шабакаҳои иҷтимоӣ мекораму дигар ҳарчи бодо бод!” Шукр, ки ҳамин Зоҳири Сайфулло ҳасту Шуморо маҷбӯр мекунад, ки “саҳифаҳои газит холӣ, ягон чиз нависед”!
Дӯстам! Шумо дар ин мактуб дар бораи тарс гуфтед. Дар бораи аз тарс ба мағоза ё бозор нарафтани ману аз сигору қаҳва ёдовар шудед ва дар маҷмӯъ аз тарси куруно гуфтед. Аммо дар бораи тарсу будани миллат ёдовар нашудед. Ман фикр мекунам, ки ин як курунои лаънатӣ нест, ки ба дили ману мардум тарс овардааст. Ин тарсуӣ асрҳост, ки ҳамроҳи ману Шумою мардумамон будааст. Як назари сатҳи кофист, ки ба таърих андозеду ба ин гуфтаҳо бовар кунед. Аслан, ҳамин таърихро низ ҳиҷои охираш ба ман маъқул нест! Баъзан фикр мекунам, ки ҳамин таърихро баъзе шахсони ба ҳиҷои охир мувофиқ ба таври ба худашон мувофиқ таърих мекунанд.
Гӯр ба сари ҳамаи инҳо! Биёед ба сари гову гӯсолаҳои худамон баргардем. Бародари ман, ки бошед, бидонеду ҳуш дошта бошед, ки ҳич вақт инсон ба дарду ранҷу марг одат намекунад! Ин дарду ранҷу марг ногузир аст. Дузду ноинсофу молимардумхӯру ҷаллобу қаллоб ҳама аз марг метарсанд! Фақат курунои лаънатӣ онҳоро водор кардааст, ки аз марги бемаҳал битарсанд. Марги бемаҳал ба маънои дар маҳалли худ ё маҳаллаи дигар мурдан нест, марги бемаҳал, ногоҳ дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ё тиҷорат ё қуллаҳои баланди эҷод мурдан аст.
Аммо дар бораи эҳсоси ман. Ман аз бозе, ки худамро шинохтаам, ҳамеша бо марг рӯ ба рӯ будаам. Ҳамеша бо марг дар гуфтугӯ будаам. Ҳамеша бо марг паҳлӯ ба паҳлӯ будаам. Ман аз марг ҳарос надорам. Марг як чизи муқаррарӣ барои ман гаштааст. То рӯзе, ки ҷон дар бадан дорам зиндагӣ мекунам, беҳтарин лаззатҳои зиндагиро ба даст меорам ва хоҳам овард. Яъне ман на дуздам, на ноинсофам, на молимардумхӯрам, на қаллобу ҷаллобам ва маргро чун таваллуд қабул дорам.
Ана барои ҳамин ҳам мардум курунои лаънатиро ба қатори ҳодисаҳои фавқуттабиӣ, як чизи хушку холӣ дохил карда наметавонанд, яъне омма маргро чун тавлид қабул карда наметавонанд.
P.S: Нома саросема дар роҳ навишта шуд. Агар уқда кушода нашуд ё хатое рафт узру маънӣ.
Бо эҳтиром Абдувоҳид