Расонаҳои Тоҷикистон дар масъалаи расонидани иттилоот хеле заифанд ва ин камбудӣ дар ҷаҳони имрӯза боиси аз даст додани имиҷи сиёсӣ мешавад. Махсусан, дар ин шабу рӯзе, ки хатти марз дар миёни Тоҷикистону Қирғизистон боиси баҳс шудааст, расонаҳо бояд ҳақиқатро ба мардум расонанд.

Як сол қабл, яке аз дӯстонам дар сӯҳбати катбӣ ба эшон гуфт: ”дар масъалаи марз дигар чизе нанависед, ҳамааш ҳалли худро ёфт, бепарво бошед!”. Ва аммо, магар ором нишастан мешавад?

Муноқишаи марзӣ дар Исфара мисли ҳамеша савол ва  муаммоҳои зиёдро ба бор оварда буд ва ҳоло низ ҳамчунон суолбарангез аст. Хушбахтона, ҳарду ҷониб то ҷойе роҳҳи ҳалро пайдо карданд. Албатта, идома ёфтани бунёди қитъаи баҳсбарангези роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ, ҳамон тавре мардум мегӯянд, ҳанӯз маънии “ғалабаи дипломатияи тоҷик”-ро надорад. Баръакс, одамон мегӯянд, ки агар ҷониби Қирғизистон “барои чорвояш роҳи асфалт месозад”, маънии “стратегӣ” будани гӯсфанду мурғу хару асп ва гову буданаву бузғолаи қирғизиро дорад. Аммо аз қатлу хунрезии зиёдтар пешгирӣ шуд, ин албатта “гапи калон” аст. Бовар дорем, мансабдорони ҳарду ҷониб дар оромии асаб роҳи ҳалли муносиби ин мушкилро пайдо мекунанд…

Дар ҳамон шабу рӯзи муноқишаҳо одамон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ саволҳои зиёде медоданд, ки чаро дар бораи ин вазъият нашрия, радио ва шабакаҳои телевизиони мо хомӯширо авло донистанд ва ҳамоно табиати нотакрор, садои форами шаршараҳо, рақсу сурудхониро такрор ба такрор нишон медиҳанд? Ё журналистони телевизион ҳоло аз қазияи сарҳад огоҳ нестанд?

Соли гузашта  пеш аз ин ҳодисаҳо, тақрибан 15 рӯз пеш, Президент дар мулоқоте, ки бо ҳамкасбонамон аз телевизион ва радио доштанд, хеле сахт эрод ҳам гирифт, ки чаро журанлистон мавзуи муҳими рӯзро саривақт пешкаши тамошобинон намекунанд?

Чаро бо ин ҳама дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳам шабакаҳои давлатӣ дар солҳои аввали истиқлол қарор доранд? Аз шабакаҳои ҳамсоякишварҳо хеле ва хеле қафоанд, чӣ расад ба шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ.

Барои Ҳукумат ва мардум телевизион ва радио мавқеи муҳим  дорад. Шабакаҳои зиёди телевизиониву радиоӣ кушода шуду барои кормандони онҳо хонаи истиқоматӣ доданд ва ҳоло низ ҳукумат дар пайи ғамхории онҳост.

Албатта, ин маротибаи  аввал нест, ки Президенти кишвар  норозигии худро нисбати барномаҳои ТВ баён медорад. Дар нишастҳои матбуотии қаблӣ баъзе раисони кумитаҳои телевизион ва радио пайгирӣ накардани мавзуъҳои муҳиму доғро дар барномаҳои ТВ ва радио чунин ифода карданд: “мо беасос гап задан наметавонем”. Матбуоти мустақил, ки шабу рӯз дифоъ аз давлату Ҳукумат ва марзу бум мекунад, пас “беасос” ва “ҳавоӣ” гап мезананд? Агар телевизион ва радио ин ҳодисаҳоро нишон намедиҳанд, ин маънии онро надорад, ки мардум бехабар мемонанд. Чашм кушоед, дар берун асри 21 аст, асри технологияи иттилооотӣ, асри шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили фейсбуку инстаграму телеграмм, одноклассники, ВК, тwitter, viber, IMO, whatsapp, youtube ва даҳҳо василаи дигари хабаррасонӣ шудааст. Магар тавассути ин шабакаҳо аз мардум ягон чиз пинҳон мемонад?!

Мо гуфтан намехоҳем, ки дар шабакаҳои радиоиву телевизиони  ҳукуматӣ одамони тасодуфиву ғайрикасбӣ кор мекунанд. Баракс, онҳое кам нестанд, ки бисёр касбӣ метавонанд мавзуъҳоро пайгирӣ кунанд ва ба мардум ҳақиқати ҳолро расонанд. Манбаъҳои муҳими хабарӣ барои ҳамкасбони ТВ ва радио назар ба матбуот ва расонаҳои мустақил дастрастаранд. Пас, танҳо барои онҳо бояд имкон дод!

Ҳатто баррандаҳо, ки  аслан дар чунин рӯзҳои мушкил тарзи баромадро бояд бо лаҳни хандон неву лоаққал каме ҷиддӣ ба бинанда расонанд, дар фикри “дирӯз куртаи сурх пӯшидам, имрӯз чӣ кор кунам?” набошанд. Бузургтарин мушкил барои аксарияти бонувони ТВ  куртаву костюм ва эфир аст, на мантиқу муҳтавои барнома.

Воқеан, дар ин масъала ҳам Президент аз рӯи таъбири “изои мӯъмин — ҳаром” амал ва хеле нозук интиқод карда, гуфт, “камтар бояд «краска» кунанд, табиӣ бояд буд ва он ҳам махсус дар телевизион”.

Одам зиқ мешавад, вақте ҳар гуна изҳороти расмиву ғайрирасмиро мешунаваду мехонаду мебинад, баъзеашон мисли тарошае аз боманд.

Фикр мекунам, яке аз сарчашмаҳои баҳси “журналистони ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ” маҳз аз ҳамин ҷо сар мезананд. Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик норозӣ мешаванд, ки ҷоизаву мукофотҳоро ба “журналистони ҳукуматӣ” медиҳанд. Барои кадом намоиши таҳлилӣ ва ҳангомавӣ бояд соҳиби ҷоиза шаванд? Боре як журналисти собиқадор, ки беш аз 30-соли умрашро ба соҳа сарф кардааст, гуфт, чаро барои намоиш додани “табиати зебо”, “манзараҳои дилрабо” кормандони ТВ бояд даъвогари ҷоизаҳо шаванд? Барои нишон додани ин манзараҳо журналист ҳам даркор нест, як оператор бас аст, агар мақсад пур кардани “сетка” бошад!

Ҷамила Мирбозхонова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here