Дуруд Хуршед!

“Мардҳо намегирянд, то вақте ки кор ба таъмир накашад” — маъно аз як мақоли урусӣ.

Дар ҳақиқат мо гиряи мардро кам дидаем. То вақте, ки ҷонашон дард накунад, мардҳо гиря намекунанд. Мардҳоро ҳам гиря гулӯгир мешавад, мардҳо ҳам дар дилашон буғз доранд, дилашон месӯзад, ҷонашон дард мекунад, алам доранд, аз ноадолатиҳо ба дод меоянд, аз қаҳру ғазаб мушт гиреҳ мекунанд, мушт ба рӯйи миз мекубанд, гоҳ-гоҳ ин муштро ба сари номардҳо  ҳам мезананд, аҳён-аҳён фаҳмида мешавад, ки даст ба сари занҳояшон низ мебардоранд, аммо гиря намекунанд! Гиряашонро фурӯ мебаранд.

Кам ҳам бошад, агар мардҳо бигирянд, сахт мегирянд. Вақте, ки падару модарро аз даст медиҳанд, мегирянд. Дар сӯгу мотами фарзанди падар мегирянд. Дар мотами дӯст мегирянд. Дар азои ҳамсинну ҳамсолашон шикаста мешаванд, мегирянд. Сахт мегирянд, бо алам мегирянд, “во алам!”-гӯён фарёд мекашанд. Фикр мекунам, вақте мард мегиряд арши Худо ба ларза меояд!…

Агар дар бораи гиряи мард муфассал нависам, худатон низ мегирйед. Биёед ба гуфти Шумо ба сари гову гӯсолаи худамон баргардем.

Ғараз аз навиштани гиряи мард, ҳамон таъмир буд, ки дар боло бо овардани як мақоли урусӣ зикраш кардам.

Дӯсти азиз!

Ду ҳафта шуд, ки ман бо сабабҳои зарурӣ хонаамро таъмир мекунам. Ду ҳафта шуд, ки ман дар хонаам ҷойи хоби дуруст надорам, ду ҳафта шуд, ки ришҳои ман ногирифтаю либосҳоям дарзмол нокарда, ду ҳафта шуд, ки ман қалам ба даст намегирам, ду ҳафта шуд, ки ман назди компутар намешинам (ҳар чӣ менависам дар ҷойи кор менависам), ду ҳафта шуд, ки ман аз камбудии маблағ барои зиндагӣ фикр мекунам, ду ҳафта шуд, ки дар мағз-мағзи ҷонам мушкилии мардуми аз маблағ танқисӣ мекашидаро ҳис мекунам, ду ҳафта шуд, ки… фақат намегиряму халос!

Бардоштани нозу нузи устоҳо, қимматии нарху навои сохтмонӣ, набудани баъзе аз лавозимоти кори усто, дуруст нагирифтани як ранг ба ранги дигар (масалан ранги арш аз фарш, ё ранги тиреза аз девор, ё ранги парда аз дар,  ки ман ба ин чизҳо хеле ҳассосам), ба болои ин қошу қавоқи ҳамхонаҳо одамро мондаю лаккот мекардааст. Ду ҳафта барои ман монанди як соли тӯлонӣ тофт! Намегирйеду халос!

Ман аз таъмир “ба гуфтаи мардак” қимоб шудаам. Таъмири мошинро ҳам бад мебинам, таъмири утоқи кориро ҳам. Охир, ман ба таъмири руҳ, ба таъмири ҷон ниёз дорам Хуршед!

Инҳо маро намефаҳманд!

Намегиряму халос!

Бо эҳтиром Абдувоҳид

 

Ашк силоҳи зан аст

Дуруд Абдувоҳид!

Номаатонро хонда, зиқ шудам. Охир, хонанда намедонад, ки ба болои ин ҳама Шумо таъмири дандон доред ва азоби алимро ин рӯзҳо мекашед.

Ба фикрам нависандаи равоншод Муҳаммадраҳими Сайдар гуфта буд:

“Агар мардон гириста метавонистанд, ҳеҷ гоҳ гирифтори дарди дил намешуданд. Аламу дардеро, ки берун карда наметавонанд, чун ришта дар қалбашон кӯргиреҳ мехӯрад ва гирифтор ба дарди дил мекунад”. Рост! Мо гириста наметавонем! Аз гиристан шарм мекунем! Фикр мекунем, ки ба ҳоламон механданд. Дар ҳамин ҳол, аз гиристани зан қалбамон ба дод меояд ва то ҷое метавонем мушкилашро осон мекунем. Ҳол он ки бузургон барвақт гуфтаанд:

“Гиря даҳшатноктарин яроқ дар дасти зан аст”. Занон метавонанд бо гиря муҳимтарин мушкили хешро осон кунанд, мардро ба дилсӯзӣ водор месозанд, ба қаҳрамонию аз худ гузаштан, маҷбур намоянд.

Мардони бечора чӣ? Назди кӣ гиря кунанд? Аз кӣ мадад пурсанд? Фақат дасти мадад ба осмон бардоштаю аз Худованд мадад меҷӯянду бас! Мисле, ки Шумо ба ман дарди дил мекунед, ба ягон нафари наздик шояд қисса намоянд.

Мушкили таъмир… Бовар кунед, ман ҳам аз таъмир ба ҷон расидаам. Хоҳ таъмири хона бошад, хоҳ таъмири мошин. Сарчашмааш ин аст, ки беҳтарин мутахассисон тарки Тоҷикистон кардаанд, устои ҳунарманду огоҳ аз пешаи хеш кам дорем. Ангуштшуморанд. Медонед чӣ? Баъди коронавирус ман метарсам, ки мо ба ҳолате нарасем, ки як нафари касбӣ намемонаду ҳатто сӯзандору гузаронида натавонем. Бовар кунед, ин вабои аср аслан табибонро ҳадаф қарор дод ва бо кушода шудани сарҳадҳо табиби огоҳе дар кишвар намемонад. Ба хотири маблағи бештар, зиндагии бароҳаттар ҳатман тарки Ватан мекунанд. Баъзе онҳоро хоин меноманд, вале хато мекунанд. Чунки асрҳои аср мегуфтанду мегӯянд, ки:

Ватан онҷо ки озораш набошад,

Касеро бар касе кораш набошад.

Аз ин рӯ, набудани устои касбӣ торафт моро гирифтор ба мушкилиҳои зиёд менамояд. Ёдам намеравад, ки боре хостам дар “дача” дар часпонам. Бовар мекунед, устои касбие, ки тавсия доданд, дар як ҳафта як дар мечаспонид. Вақте эрод мегирифтам, мегуфт, ки “марҳамат, устои дигар биёред”. Медидам, ба қавле кораш тоза аст, чизе гуфта наметавонистам. Ба қавле ноз мекард. Ҳамин тавр, ҳафт дар часпонидани ман ҳафт ҳафта давом кард.

Ба ин монанд, мошинро ранг кардани ман ба ҷои як ҳафта се ҳафта идома ёфт. Нафари касбӣ ноз дорад Абдувоҳид! Барои ҳамин , Худо мегӯям, ки устои Шумо касбӣ бошад ва баъди як ҳафта гилаю ҷингилаи Шуморо аз ин ё он кори усто нашунавам.

Байни худамон, барои як ҳунарманди касбӣ як сурудро чанд вақт менависед? Бовар дорам, мисли баъзе дар як шаб не! Пас, хулоса кунед, ки интихоби дуруст кардаед!

Зинда бод касбият!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here