Монолог

Баъзан аз рӯи нофаҳмӣ, гоҳо аз лиҳози таҷрибаҳои кам наметавонем ба умқи манфиатхоҳӣ ба таври бояду шояд сарфаҳм равем.

Бисёр вақт ман ҳам тунд мегӯям дар мавриди рафтори нафароне, ки дар садову симояшон манфиатхоҳӣ эҳсос мегардад, дӯстам Хоҷаев. Аммо, ҳаргиз намехоҳам бовар кунам, ки наход ҳама яксон бошанд? Наход мардум ҳамагӣ пайи манфиати худ кӯшанд ва фикр накунанд, ки ҳамтоҳояшон низ он чиро мехоҳанд ва ба он ниёз доранд, ки онҳо интизоранд? Хоҳиш мекунам, забонамро нахорон, ки чизе сахттар бигӯям!

Аммо, барои намуна, аз саҳнае ёдовар мешавам, ки шояд бароят лоиқи таваҷҷуҳ ва гузашта аз ин, хело башиддат таъсиргузор бошад. Тасаввур намо, ки фасли баҳор аст ва пирамарде бо синну соли ба ҷое расида, дар даст бел, даруни ҷӯйбори пушти хонааш ҷунбуҷул дорад. То ҷое, ки арақ аз ҷабинаш мерезад ва рӯйи риши сафедаш мешорад, аммо на парвои хӯроки нисфирӯзӣ дораду на хастагиро қабул. Гӯё аз нав ҷавон шудааст ва ана-мана нагуфта, метавонад думи шағолро миёни шудгор аз беху бун барканад. Ӯ хастагинопазир, чолок аст. Ба назар чунин мерасад, ки қодир аст кори се ҷуфти говро дар майдони кишт иҷро кунад. Рагҳои бозуҳояш мисли бозуҳои Суҳроби ял пасту баланду таранг мешаванд ва ҳар як кундаҳоеро аз даруни ҷӯйбор ба пушти девори хонааш ҳавола медиҳад, ки танҳо бо сухан мегӯӣ. Хуллас, тавсифи қувваташ интиҳо надорад. Вале чун тобистон мерасад ва селхезиҳо бартарафу оби ҷӯйборҳо хомӯш мешаванд, бозуҳои «паҳлавонамон» хаста мегарданд. Ҷӯйбори пушти хонааш аз лойу рег пур мешавад ва гоҳ-гоҳе ягон ҳамсояи савобҷӯ онро тоза мекунад. Пирамард бошад, парво надорад. Ӯ хуб медонад, ки об ҳар рӯз кунда намеорад. Дақиқ дар андешаи он аст, ки кундаҳои пушти хонааш як зимистони расо барои гарм кардани хона мерасанд…

Фикр мекунам, эпизоди ба таври намуна овардаам ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад, рафиқ Хоҷаев. Зеро, дилхоҳ нафар агар ба ҳолати ҳодиса таваҷҷуҳ намояд, барояш равшан мегардад, ки дар он саҳна манфиат ҳаст ё не ва агар бошад, манфиати якҷониба аст ё дуҷониба.

Воқеан, вақте дар бораи манфиати якҷонибаву дуҷониба гуфтем, бояд аз як чизи дигар ҳам ёдовар шавем. Мегӯянд, ки ҳамон мақоли «Як бому ду ҳаво» низ дар натиҷаи манфиатхоҳӣ ба вуҷуд омадааст. Ин мақол шарҳи булаҷабе дорад: «Ду ҷуфт болои як бом хобанд. Пиразан болои бом меравад ва нахуст назди ҷойхоби духтару домодаш қарор гирифта, нидо мекунад: «Наздик хоб равед, ҳаво хунук аст». Баъд сӯйи ҷойхоби писару келинаш мешитобад ва амр медиҳад: «Дур хоб кунед, ҳаво гарм аст!»».

Чӣ!? Чӣ дахл доштааст муносибати пиразан ба манфиатхоҳӣ? Ман ҳам ҳоло аз ҳамин боб гуфта истодаам, ҷаноби Хоҷаев. Банда низ ҳаргиз хостори он нестам, ки як нафар модар ба фарзандон ба гунаи манфиати духӯра муносибат кунад. Аммо ба ҳама, ба ту низ маълум аст, ки имрӯзҳо занро дар бештари ҳолатҳо дӯстдори духтару домод ба намоиш мегузоранд, на писару келин. Гӯё келин, ки ӯ ҳам зан аст, на аз ҷинси хушдоман бошад!…

Аммо мардҳо чӣ? Оё онҳо пайи манфиат намегарданд? Мегарданд! Ана ман худам мисоли зинда. Вақтҳои пеш, замони замзамаи шавқу шӯри ҷавонӣ, ба гуфти худ, ба нозанине ҳурлиқо ошиқ шудам. Гӯё бе ӯ зиндагӣ рангу бӯ надошт. Ҳамеша дар ёди ӯ, чашмони сиёҳаш пеши рӯ. Аммо, аксиомаро бин, ки гӯё дӯст медоштам, аммо вақте дар вохӯрӣ намешуд бӯсае ситонидан, се рӯзи дигар бо ӯ ногап мешудам. Дар ҳоле, ки шояд ӯ ҳамон лаҳза омода набуд. Шояд ин амалро ноҷо мешуморид ва он берун аз тасаввураш буд. Вале вақте шаҳди лабонаш ба ком мешуд, аҷаб хушҳолу сарафрохта будам. Сарфи назар аз он, ки шояд ӯ ҳамон замон сарафканда буд.

Ҳоло ҳам он лаҳзаҳо кам-кам ба хотир меоянд ва хиҷил мешавам. Гуфтаи файласуф Сенека ба сар меояд: «Шахсе, ки танҳо дар бораи худ фикр мекунад ва дар ҳама чиз манфиати худро меҷӯяд, наметавонад хушбахт бошад. Агар барои худ зиндагӣ кардан хоҳӣ, барои дигарон бизӣ».

Туро намедонам, вале ин ҳама гуфтаҳо барои ман панданд, дӯстам Хоҷаев. Ин пандҳоро ҳазм карда, ба хулоса меоям, ки одам бояд бибӯсад, аммо вақте ки шарикаш бӯсидан хоҳад… Одам бояд кореро баманфиат анҷом диҳад, ки он ба манфиати дигар кас ва ё дигарон низ бошад. На мисли он, ки нависандаи фаронсавӣ Анна-Луиза Жермена де Стал бо оҳанги киноя мегӯяд: «Одам осонакак аз як фикр ба фикри дигар мегузарад, вақте манфиати худаш дар пеш аст».

Дар ин ҳол, ман мегӯям, ки чунин амал аз рӯи ҷавонмардӣ нест!

 

Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here