Вақте дар ҷомеа зиндагӣ мекунӣ, наметавонӣ берун аз он бошӣ.

Ҷамъият мафҳумест, ки ҷамъи парешони одамон дархӯри ҳадафаш нест. Яъне, ҳар як инсон, ки миёни ҷомеа зиндагиву кору пайкор дорад, бояд ба ҳаёти дигарон низ таваҷҷуҳманд бошад. Бахусус нисбати зиндагии шахсони дорои имконияти маҳдуд. Ҳама кӯшиш мекунанд, ки тарзи дуруст ном гирифтани шахсони дорои имконияти маҳдудро ба роҳ монанд. Албатта, ин кори басо муҳим аст, чун бо истифодаи вожаи муфовиқу мусбат руҳияи ин табақаи ҷомеа баланд мешавад. Вале моро зарур аст, ки на танҳо ба ҳарфҳо диққат диҳем, балки ба ҳаёт ва фаъолият, дастрасӣ ва мушкилиҳои шахсони дориои имконияти маҳдуд, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ҳаёти басо вазнинро ба сар мебаранд, таваҷҷуҳ ва роҳҳои дурустро интихоб намоем.

Аз таҷрибаи корӣ, мушоҳида ва инчунин муроҷиати худи шахсоне, ки дорои имконияти маҳдуданд, гуфтан мумкин аст, ки ин табақаи осебпазири ҷомеа ба мушкилиҳои зиёд дар ҳамаи самтҳои ҳаётӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Хусусан дар беморхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим. Ҳангоми ба баъзе аз беморхонаҳо муроҷиат намудан, дар ҳоли ройгон ва ё тахфиф доштани ҳаққи хизматрасонӣ ҳам маблағи пурра талаб мекунанд. Агар бистарӣ кардани бемор лозим ояд, «ҷой надорем» гуфта, ҷавоб медиҳанд. Инчунин, мушкилиҳои зиёд ҳангоми гирифтани нафақа пеш меоянд, ки барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима ба чор тарафи Тоҷикистон равон мекунанд. Чанд бор чунин нуктаро шунидаам, ки ягон нафари дорои имконияти маҳдуд мегӯяд: «Баъзе вақт маҷбур шуда мегӯям, ки ба Вазорати тандурустӣ аз шумо шикоят мекунам ва аз шунидани ин сухан дарҳол гуфтаашонро иваз мекунанд».

Албатта табибоне ҳастанд, ки бисёр муомилаи хуб, рафтори дуруст ва дар доираи қонунҳо доранд, вале кам андар кам. Дар бисёр мавридҳо нафс ғолиб меояд. Аз ҷиҳати дигар, дар мавриди бо кор таъмин намудан низ монеаҳои зиёд ба назар мерасад, ки нигаронкунанда аст. Ҳастанд нафароне, ки маълумотии олӣ доранд, тавони фаъолият кардан дар ин ё он самтҳоро дороянд, вале новобаста ба ин, баҳонаҳои ночизро пеш оварда, онҳоро ба кор қабул намекунанд. Дар муассисаҳои таълимӣ бошад, сарфи назар аз он, ки оид ба таълими инклюзивӣ қонун ба тасвиб расидааст ва бисёр омӯзгорон аз курсҳои «таълимоти инклюзивӣ» гузаштаанд, дар қабули кӯдакони имконияташон маҳдуд ба муассисаҳо ҳарос, фориғболи ва ё бетарафӣ нисбати онҳо дида мешавад, ки ин ба насли наврас, хусусан кӯдакони дорои имконияти маҳдуд зарари равонӣ расонида, онҳоро руҳафтода ва аз ҳаёти мустақилона доштан маҳрум месозад. Инчунин, дастрас набудани шароити мувофиқ (ба мисли пандус, ҳоҷатҳона, роҳравак, мизу курсӣ) барои ба таълим фаро гирифтани кӯдакони дорои имконияти маҳдуд монеаҳои зиёдро пеш меорад. Ба таълими хонагӣ он кӯдаконе фаро гирифта мешаванд, ки мушкилии ҷисмонии вазнин (ФМС — намуди квартплигия) доранду қобилияти дар муассиса таълим гирифтанро надоранд. Ба онҳо бояд омӯзгор алоҳида дар хона таълим диҳад. Аммо аз хунукназарӣ бошад ё чизи дигар, ки на ҳамеша сари вақт ба хонаи кӯдакон ташриф меоранд.

Хуб мешуд, ки ҳамаи мо ба вазифаи худ содиқ бошем ва камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем. Кам нестанд ташкилот ва идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки ба шахсони дорои имконияти маҳдуд дар самти ҳуқуқ ва имтиёзҳо, дахолати саривақтӣ, тайёрӣ ба мактаб, касбомӯзӣ, корҳои офитябахшӣ, фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ, дастгирии иҷтимоӣ, таъмини ҷои кор ройгон хизмат мерасонанд. Яке аз онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ташкилоти ҷамъиятии маъбон «Ҳаракат» мебошад. Вале танҳо тариқи ба ин ё он ташкилот вогузор намудани ёрмандӣ мушкилиҳо бартараф намешаванд. Ҳамаи мо бояд дастҷамъона, дар як радиф ва бо масъулияти баланд саҳми худро гузошта, нисбати имрӯз ва ояндаи ин табақаи ҷудонашавандаи ҷомеа бетараф набошем.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here