Имрӯз сухан дигар аз ташкили курсҳои маҳви бесаводӣ дар солҳои 30-юму 40-уми асри гузашта намеравад. Зеро ҳоло барои саводнок шудани ҷомеа имкониятҳо фароҳаманд, аммо гап сари китобхонӣ ва аз он дур мондани миллат меравад.
Он замон барои барҳам додани маҳви бесаводӣ сохтмону таъсиси макбату муассисаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо, қироатхонаву чойхонаҳои сурх ва матбуоти давриро дар мадди аввал қарор доданд. Пас аз гузашти як даҳсола ҷамъияти одамони нав, ки ҳамагӣ хату савод доштанд, ба сохтмони сотсиализм баромаданд. Яъне барои тасмими бунёди ҷомеаи соҳибмаълумот аввал бояд оммаро аз чалласаводӣ раҳонид ва пас аз он ҷумҳурии навинро сохт.
Ҳоло ҷомеаи кишвар саводноканд, аммо чалласаводиҳои даврони аввали таъсиси ҷамоҳири шӯравӣ ҳанӯз побарҷост. Фарқи бесаводии мардуми имрӯза аз солҳои сиюм дар он аст, ки онҳо хату саводи навиштану хондан надоштанд, аммо ҳоло ҳама инро метавонанд, вале на ҳар кас китоб мехонад. Гумон дорам, шояд яке аз омилҳои амри баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Президент дар китобхон кардани омма бошад. Имсол озмун хелеҳоро аз ғафлати китобдурӣ раҳониду бисёреро китобхон кард. Лекин агар хуб назар кунем, мушкили аз китоб дур мондан на фақат оммаи оддӣ, балки қишрҳои ба қавле зиёӣ — омӯзгор, рӯшанфикр ва мансабдорро низ фаро гирифтааст. Пас чӣ монеае садди роҳи китобхонӣ дар ҷомеа гардидааст, ки аксарият онро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд?
Дар ҳоли ҳозир саводнокиро аз рӯйи фарҳанги китобхонии ҳар миллат баҳогузорӣ мекунанд. Аз китобхонӣ ва мутолиаи матбуот дур будани миллат аз бесаводиаш ҳушдор медиҳад. Барои раҳоӣ аз чалласаводӣ корбурди мақоли мардумии “Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар” хеле саривақтӣ мебошад. Бинед, ба зора нахонданд, аммо ба зар теъдодашон афзуд, ки ин қишр асосан ҷавононро ташкил дод. Аммо сатҳи омӯзгорон, рӯшанфикрон ва мансабдорон як тараф монданд ва дар ин зимн бояд механизми маҷбурсозиро ба кор бурд. Дар оғоз яке аз шартҳои гузариш аз аттестатсияи омӯзгоронро “китобхонӣ” кунанд, агарчанде ҳоло вуҷуд дорад, аммо бояд ба шакли ҷиддӣ ва бо назорати қатъӣ ҷорӣ кард. Дувум, маҷрои ақидаи чанде аз рӯшанфикронро бояд тағйир дод, ки китобхонӣ танҳо кори ҷавонон нест, онон бояд худ намуна бошанд. Саввум, соле як маротиба мансабдоронро низ аз аттестатсияи китобхонӣ гузаронанд. Кӣ медонад, ки дар ин сатҳ кормекардагиҳо аксарашон мафҳуми китобхониро фаромӯш карда бошанд. Ин роҳи ислоҳи чанд камбуди аз китоб дур будани қишрҳои гуногуни ҷомеа буд.
Ва аммо баъд, бояд дар ёд дошт, ки мо мусалмонем ва бояд амри “Бихон”-ро “лаббайк” гӯему аз пайи хондан шавем.
Ҳамин тавр не?
Нуралӣ КАРИМ