Журналистонро онҳое қатл мекунанд, ки аз кадом кори анҷомдодаашон шарм медоранд…
Хабари террор шудани рӯзноманигори ҳақталоши афғонистонӣ Ямо Сиёвуш бори дигар нишон дод, ки гуфтани ҳақиқат чӣ қадар мушкил аст. Пинҳон ҳам нест, ки аксарияти давлатмардон ҳақиқатро дӯст намедоранд.
Аз сиёсатмадорон бигзарем, боре дар суҳбати яке аз онҳое будам, ки худро аз ҷумлаи “тоҷикони нав” ва миллионер меҳисобад. Ӯ аз фаъолияти ҳамкасбони мо изҳори норозигӣ мекард ва оромона мегуфт, ки “шикастани як журналист барои ман чиай, ду карат ду?!”.
Ба ин тундӣ ва хеле роҳат суҳбатро оғоз намудани ӯ бароям аввал хеле ғайриинтизор намуд ва ҳам дарк кардам, ки дарвоқеъ ҳақиқнигоронро метавонанд хеле зуд ва ба осонӣ қурбон намоянд.
Хуб, гуфтем, ки журналистон ба сиёсатмадорон “халал” мерасонанд, аммо бархе сарватмандон, ки гӯё ҳама чӣ доранд, мехоҳанд ҳақиқатро бӯғӣ кунанд. Пас чӣ метавон хулоса кард? Яъне сарвату дороии онҳо низ дар робита бо қонуншиканиву шояд ҷиноятҳои ин гуна сиёсатмадорон пайдо шудааст?
Аҷибтар чизи дигар аст. Вақте ин сиёсатмадорон ё пулдорони замон ба мушкиле рӯ ба рӯ шуданд, аввалин ва шояд охирин умедашон ҳамин журналистон мешавад, ки куштанашон, тавре мегӯянд, “ду карат ду аст”.
Ямо Сиёвуш дар як мамалакате зиндагӣ мекард, ки солҳои тӯлонӣ ҷанг идома дорад, мардум ҳам хаста шудаанд ва дар воқеъ ба гуфтору пиндори ростӣ хеле бештар аз дигарон ниёз доранд. Худоё, фазои Афғонистонро мисли Ватани мо орому осуда бигардон!
Аммо ин танҳо дар Афғонистони ҷангзада нест, ки ҳамкасбони моро мекушанд. Агар ба маълумонномаи “Хабарнигорони бидуни марз” назар кунем, танҳо дар соли 2019 шуруъ аз 1-уми январ то 1-уми декабр қариб 49 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ кушта шудаанд. Вале аксарияти онҳо на дар минтақаҳои ҷангӣ, балки дар кишварҳои амн қатл шудаанд.
Соли 2019 Шафиқ Ориё ва Раҳимулло Раҳмонӣ — ду рӯзноманигори ҷавон ҳам дар Афғонистон аз ҷониби гуруҳи муссалаҳи номаълум ҳангоми пушти микрофон иҷро кардани барнома мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар ниҳоят кушта шуданд. Ҳамчунин, Ҷовид Нурӣ — як журналисти дигар низ дар зодгоҳаш кушта шуд, ки баъдан ҳамлаи ӯро толибон ба зимма гирифтанд, ки мегуфтанд “ин журналист барои ҳукумат кор мекунад”.
Тибқи иттилои ЮНЕСКО, дар 5 соли охир беш аз 530 нафар журналистон кушта шудаанд ва гунаҳкорони аксарият пайдо нагардидааст. Дар баъзе аз парвандаҳо гумонбарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Дар мо низ замони ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 70 журналист кушта шуд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ, журналисти Би-би-сӣ Муҳиддин Олимпур, узви Коммисияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ мавриди террор қарор гирифтанд.
Саволе пайдо мешавад: Журналисти ҳақпарастро кӣ дӯст намедорад ва тоқат намекунад?
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи ҳукуматдоронаш таъкид кард, ки “ман медонам, аксарияти шумо журналистонро дӯст намедоред, вале ман онҳоро дӯст медорам, чунки ҳақиқат менависанд”.
Ин маънои онро дорад, ки маҳз диктатору қонуншиканҳо душмани ҷонии ҳамкасбони адолатпарвари мо хоҳанд буд.
Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар чандин вохӯриҳояшон бо зиёиён пайваста таъкид ба он мекунанд, ки ҳақиқатнигоронро дӯст медораду таърифи зиёдро қобили қабул намедонад. Ӯ дар чандин суханрониҳояш гуфт, ки “ҳатто маро танқид кунед, аммо ба Ватан хиёнат накунед!”.
Ин меъёри бисёр муҳим аст ва маънои озодии суханро боз ҳам равшантар менамояд.
Дар ҳақиқат, аз навиштани мушкилот набояд ҳаросид. Дар ин баробар, масъулиятшинос бояд буд. Шояд танҳо барои ба 2-3 нафар “маъқул ҳастем”, ободиву пешрафтро низ дида тавонем, ки ченаки хеле асосии зиндагиамон ба шумор меравад.
Ҷасорат доштан — ин маънои бо маълумоти зарурӣ мусаллаҳ будан аст, на гуфтани овозаву гапҳои беасос. Ҳамон тавре яке аз устодони машҳури мо — журналистон дар дарсҳояш гуфтани ин иқтибосро дӯст медорад: “Вақте ҳатто модаратон мегӯяд, ки «ман шуморо дӯст медорам», бояд ба ӯ гуфт: “Далел биёр!”.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА