Дар баробари худкушӣ, одамкушӣ, ҳайвонкушӣ боз коркушӣ ҳам ҳаст, ки ба мо ва атрофиёнамон хеле зарар меорад.

Ба аҷаб ҳолате гирифтор шудаам. Бисёр кор мекунам, бисёр мегардам, бисёр суҳбат мекунам, бисёр даводав дорам, вале ҳеҷ ба ҷавҳари корҳо, гаштанҳо, суҳбатҳо ва даводавҳо расида наметавонам. Ҳар вақте ки кореро ба нақша мегирам, ҳатман дар ҷояш кори дигаре мекунам ва кори асосӣ канор мемонад. Ҳар вақте ки бо нафаре сари мавзӯе суҳбат карданӣ мешавам, ҳатман мавзӯи дуввумдараҷае пайдо шудаву аз мавзӯи аввалиндараҷа канор меравам. Ҳар вақте ки даводави кореро карданӣ мешавам, ҳатман кори дигаре мебарояд ва аз пушти он давидан лозим меояд. Акнун бигӯед, ки шумо ҳам чунинед ё ба чунин ҳолат дучор меоед? Барои ҷавоби амиқ ёфтанатон кӯмак мекунам.

Фарз кардем, ки шумо бояд саҳифаи “word”-еро сиёҳ кунед. Барои ин корро анҷом додан як соат ҷудо мекунем. “Инстаграм” медароед. Ният доред, ки видеороликҳои ҳаҷвиро дида, дар бораи “вайнер”-ҳои тоҷик чизаке нависед. Баъди ворид шудан пеш аз он ки видеоҳои мехостаатонро ҷустуҷӯ кунед, чашматон ба “лента” меафтад. Бо таваҷҷуҳи зиёд дар фазои маҷозӣ кор карда, хушҳолӣ мекунед. “Таймер”-и телефонатон ба занг задан медарояд. Бо ин занг заданаш ба шумо хабар медиҳад, ки вақти ҷудошуда ба охир расид. Шумо як соат барои дидани видеороликҳо ҷудо кардед ва ин ҳам бошад, махсус барои навиштани чизе, вале муваффақ нашудед. Медонед чаро? Зеро бисёр сода, бе баҳона, маҷбур нашуда ва бо айби худ кори дар нақша доштаатонро куштед.

Мо лофи беҳуда мезанем, ки “Фейсбук”-ро танҳо ва танҳо барои аз навгониҳо бохабар шудану аз мардуму ҷомеа қафо намондан истифода мебарем ва бо ин баҳона ба ин шабакаи вақткушандаву коркушанда ворид мегардем. Вале дар бисёр маврид баробари ворид шудан ба “Фейсбук” дигар чӣ хостану чӣ талаб карданамонро аз хотир бароварда, танҳо “коммент”-ҳоро хондану ба “коммент”-ҳои дигарон ҷавоб доданро медонему халос.

Мисолҳои дар боло овардашуда дар худ чӣ гуна коркушиямонро нишон медиҳанд. Яъне гуфтанӣ ҳастем, ки ману мо ва шумо метавонем (д) дар ҳар лаҳзаву соат кушандаи кори худ бошем (д).

Дар муҳиту фазое умр ба сар бурда истодаем, ки коркушӣ ба дараҷаи аъло расидааст. Шуморо намедонам, аммо ман ба фикре ҳастам, ки дар ҳоли ҳозир яке аз “ҷиноят”-ҳое, ки беҷазо мондаасту монда истодааст — ин кори дигаронро куштан аст. Баъзан ҳайрон ҳам мешавам, ки як нафар чӣ гуна метавонад кори даҳҳо нафари дигарро кушад ва боз хандакунон роҳашро давом диҳад!?

Ҳар нафаре, ки як чизи аз ҳама муҳим, ирода дорад, ҳеҷ гоҳ кори худу кори дигаронро намекушад. Вале мушкилии аввалиндараҷаи мо дар он аст, ки ҳамроҳи иродаамон “ногап” шудаем. Чӣ будану барои чӣ доштани иродаро фаромӯш кардаем ва ба болои ин ҳама кӯшиши барқарор ва мустаҳкам кардани онро намекунем.

Дар охир саволи “Чӣ бояд кард?” пешорӯйи мо меистад. Ба фикри мо бояд қабл аз ҳама ба худ ваъда додану бечуну чаро иҷро кардани онро омӯзем. Моҳияти ваъда додан, вафо кардан ва ваъахилофиро дарк кунем. Пас аз ин ҳама, боз кӯшиш кунем, ки то зӯррас ба худамон ваъда диҳем ва он ё онҳоро ҳатман иҷро намоем. Ва аз ҳама муҳим, агар куштани кори атрофиёнамонро хотима диҳем, бешубҳа, касе кори моро намекушад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here