Боиси нигаронист, ки чаро имрӯзҳо дар бисёр маврид кӯдаконро танҳо даст дар дасти модарон мебинем!?

Дар бисёри ҳолатҳо наврасон ҳамроҳи модар ҳастанд ва кам андар кам дида мешавад, ки кӯдаке бо падар гаштугузор намояд. Ҳамзамон, дар беморхонаву мактабу боғчаҳо низ саҳми модарон зиёд ба назар мерасад. Чунин манзара дар оилаҳое низ мушоҳида мешавад, ки соҳиби кӯдакони дорои маъюбиятанд. Гарчанде вазъи ҷисмонии ин қабил кӯдакон вазнин аст, ба ин нигоҳ накарда, модарон онҳоро бардоштаву ба беморхона ва ташкилотҳое мебаранд, ки бо онҳо кор мекунанд.

Ҳамаи ин сабаб гаштааст, то ба модарони худ меҳри беандоза ва ногуфтанӣ варзем. Дар бисёр мавридҳо агар аз кӯдак пурсон шавем, ки киро зиёд дӯст медорад, аввалин калимае, ки ба забон меорад — ин «модар» аст.

Аммо дар ҳеҷ сурат наметавон мавқеи падаронро нодида гирифту онҳоро гунаҳгор шуморид. Чун, сабаби дур шудани фарзанду падар дар он аст, ки бисёре аз падарони мо дар талоши ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират мераванд. Яъне, онҳо гоҳо вақти кофӣ надоранд, то ба тарбияи фарзандон машғул шаванд. Дар ин сурат, модарони покгавҳари мо муваззафанд тарбияи кӯдаконро бар уҳдаи худ бигиранд, бидуни айбмонӣ ба падар ва шикваҳои ноҷо.

Албатта, мо намегӯем, ки ҳама мардон моҳи беайбанд. Ҳастанд падароне, ки чун берун аз кишвар қадам мениҳанд, оила ва зану фарзанди худро гӯё фаромӯш месозанд. Ҳатто шоҳиди зиёд хабарҳое будему хоҳем буд, ки фалон мард дар хориҷи кишвар зани дигар гирифт ва бо ӯ андармон шудаву ёди хонаву дари зани тоҷикашро накард. Дар ин радиф, ҳастанд мардоне, ки “маблағ равон карда истодаам” гӯён, аз тарбияи фарзанди худ бехабар мемонанд. Магар бо маблағ меҳру муҳаббат, таълиму тарбияро харида мешавад? Воқеан, масъалаи чигил ва андешаталаб аст. Дар ин росто, яъне дар таълиму тарбияи бе каму кости кӯдакон танҳо оилаҳое муваффақ мегарданд, ки муносибати ҳамдигарфаҳмӣ миёни падару модар устувор бошад. Яъне, агар падар вақт наёфт, модар бояд ин холигиро навъе карда пӯшонад ва дар ҳолате, ки модар қудрати анҷом додани кори вазнинтареро надорад, падар бояд ба кумак ояд. Ва агар, падар масалан дар муҳоҷират аст, ҳадди ақал ҳамсарашро аз маслиҳатҳои телефонӣ баҳри тарбияи фарзандонашон бенасиб намонад.

Дар ҳақиқат, созгор ин аст, ки падару модар ҳамеша канори ҳамдигар бошанд ва дар тарбияи фарзандон муштарак амал намоянд. Вале, тавре ишора кардем, на ҳамеша ва на барои ҳама кас чунин шароит фароҳам меояд. На ҳамеша бод ба хости дили мо мевазад. Гоҳо мушкилие пешорӯи кӯдак меояд, ки онро ба модар гуфта намешавад ё истиҳола дар миён меафтад. Ва ё модар аз уҳдаи бартараф кардани он намебарояд. Дар ин маврид маслиҳату пуштибонии падарона лозим аст. Ҳамин гуна, пеш омадани мушкиле низ имкон дорад, ки кӯдак наметавонад ба падар изҳор намояд ва кумаки модар лозим мешавад. Яъне, фарзанд то замони дастгири падару модар шудан аввал дастнигари онҳост ва бояд эҳтиёҷоташ аз ҷониби ҳар ду нафар ҳам ба инобат гирифта шавад.

Маҳз бо дарназардошти ҳамаи ҳамин масъалаҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки на танҳо модарон, балки падаронро ҳам уҳдадор намудааст, то нисбати фарзанди худ масъулиятшинос бошанд.

Агар аз ҷиҳати динӣ назар намоем, Паёмбари ислом (с) фармудаанд: «Ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалб — ин фарзанд аст». Пас, набояд нисбати меваи қалби худ бетафовут бошем.

Барои ҳар як фарзанд падар шоҳсутун ва пуштибон аст. Пешравӣ ва тарбияи дурусти фарзанд муҳимтар аз бисёр дигар ҷабҳаҳои зиндагист.

Падарам дӯст, сояи сар ва пуштибони ман аст!

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here