Тамоми дунё агар аз ғалаба дар мубориза бо КОВИД-19 гӯянд, дар Тоҷикистон интизор доранд, ки тафтиши кӯмакҳои башардӯстона чӣ “қаҳрамонҳоеро” муаррифӣ мекунад?

Баҳси он ки кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла доруҳо дар Тоҷикистон дуздида мешаванд, нав нест. Чанд сол аст, ки дар нишастҳои Вазорати тандурустӣ ин масъала аз ҷониби рӯзноманигорон пурсида мешавад, вале посухи мушаххас пайдо намекунад. Овозаҳо ҳаст, ки чунин доруҳоро дар дорухонаҳо мефурӯшанд.

Аз ҳамин ҷост, ки мусоҳибаи вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба табобати куллан ройгони беморони коронавирус дар беморхонаҳои кишвар баҳсҳои мухталифро барангехт. Тақрибан касе набуд, ки аз ин мавқеи вазир пуштибонӣ намояд. Ба назар мерасид, ки ин суханони ӯ болои сӯхта намакобро мемонд. Одамон мегуфтанд, ки аз вазири тозаъин умеди зиёде доштанд, вале…

Вазир замоне дар бораи табобати ройгони гирифторони ин беморӣ суҳбат мекард, ки мардум ба қавле бо дорухату маблағи он вориди “Фейсбук” шуданд. Чандин видеоҳо аз ВМКБ низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд, ки беморони гирифтори коронавирус аз набудани дору ва вазъи хеле нигаронкунандаи Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ шикоят мекарданд. Гирифторон, табобатшудаҳо ва пайвандонашон мегуфтанд, ки ин суханони вазир рост нест, зеро онҳо на танҳо пулакӣ табобат мегиранд, балки доруҳоро дар беморхонаву дорухонаҳо пайдо намекунанд. Ҳатто зарбулмасали наве ҳам бо шӯхӣ ё хеле ҷиддӣ пайдо шуд: “Таға дорӣ — тест дорӣ”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар хеле аз кишварҳо новобаста аз гирифтор будан ё набудани одамон ба коронавирус онҳоро сартосарӣ аз тест гузарониданд ва инро як муваффақияти пешгирӣ аз ин беморӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла дар Туркия.

Аммо дар Тоҷикистон…. алами мардум бештар аз он аст, ки тариқи шабакаҳои ҳукуматии ТВ нишон медоданд, ки аз кишварҳои дуру наздик ба мо кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла чандин тонна дорувориву ниқоб, либосҳои яккаратаву бисёркарата, маҳлулҳои антисептикӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ оварда шудаанд, аммо аз мушкилоти мардум дар боби пайдо кардани доруву лавозимот ва “табобати бепул” сухане намегуфтанд. Дар бораи орду равған ва кӯмакҳои дигар ҷои гап нест. Аксҳое аз бозорҳо пайдо шуданд бо тамғаи кӯмаки башардӯстона.

Дуруст аст, ки ин беморӣ тамоми сайёраро фаро гирифтааст. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни мулоқот бо табибон гуфт, ки ин бемориро касе ба Тоҷикистон наовардааст, касе гунаҳкор нест, он имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, супориши хеле қатъӣ доданд, ки нисбати онҳое, ки дар тақсими кӯмакҳои башардӯстона ноадолатона рафтор кардаанд, ҳатман чораандешӣ шавад. Аз ин мебарояд, ки аз тақсими ноодилонаи кумакҳо то ба Президент шикоят бурдаанд, ё ӯ аз баҳси расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуб огоҳ аст. Чун ишора ҳам карданд: “Дар бораи кумакҳои башардӯстона гапҳои ҳархела бисёр аст”.

Ҳамватанони мо, ки дар Амрико иқомат мекунанд, мегӯянд, системаи тандурустии ин кишвар ҳарчанд печидаву мушкил аст, аммо масъала роҳи ҳалли худро ёфтааст. Гуфта мешавад, нафароне, ки суғурта доранд, ройгон табобат мешаванд, одамони бесуғурта дар хонаҳояшон табобат мекунанд. Вале агар бемор ба шуъбаи ёрии таъҷилӣ маҳз бо бемории КОВИД-19 афтад, пас новобаста аз он ки суғурта дорад ё не, ройгон табобат мегирад.

Ҳамватанони муҳоҷири мо дар Русия низ гуфтанд, ки табобати бемории коронавирус комилан ройгон аст. Ҳатто тесту ташхисҳои томографӣ низ бе пул анҷом мешаванд. Духтурҳое, ки ба табобати беморон дар хона машғуланд, низ аз беморон пул талаб намекунанд. “Танҳо ба карантин фаро гирифтани моро хеле ҷиддӣ назорат мекунанд. Фарқ надорад, ки ту шаҳрвандии ин давлатро дорӣ ё не, чун гирифтори ин вирус шудӣ, ройгон ва сари вақт табобат ва хеле сахт назорат мекунанд. Мо худамон ҳатто бовар намекардем, ки чунин муносибат бо мо мешавад. Масалан мо дар 1 хонаи иҷора қариб 6 кас табобат мегирем. Мушкили мо ин аст, ки фақат ба кор рафта наметавонем, чунки иҷозатнома (пропуск) надорем. Вале дар масъалаи табобат парвое надорем”,- мегӯянд онҳо.

Пас, нафароне, ки дар мо дар хона табобат мегиранд, магар барои онҳо доруи ройгон мебаранд? Баъзеи онҳо ба саволи ман чунин посух доданд: “Шумо моро масхара мекунед ё ҷиддӣ мепурсед?”. Чӣ фикр доред? Чӣ посух медодам ба онҳо?

Ҳоло бошад, саволҳои тоҷикистониён дигар аст: 1 миллион еврои кумаккардаи Олмон куҷо шуд? 100 ҳазор доллари Бонки Осиёии Рушд чӣ? 11, 3 милллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ канӣ? 2 миллиону 566 ҳазор доллар барои чӣ харҷ шуд? 48 миллион еврои Иттиҳоди Аврупоро куҷо карданд? Бо кумаки 20 ҳазор дона тест ё маводи санҷиши коронавирус, ки аз Чину Русия омад, киро санҷидед, дар ҳоле ки мардум ба тестҳои номбурда дастрасӣ надоранд? Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар, Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз додааст ва ҳамчунин 11 миллион сомонии хайрияи сокинон, ки ҳоло дар суратҳисоби Вазорати молия ҷамъ шудааст, чӣ гуна ва ба куҷо масраф шуд?

Ба қавле, мардуми мо ба шаффофият бовар надоранд. Барои ҳамин, одамон ба суханони вазир бо шубҳа менигаранд, зеро агар доруҳо ройгон бошанду мавҷи дувуми сироят аллакай анҷом шудааст, он тавре ӯ мегӯяд, чаро Созмони ҷаҳонии беҳдошт маълумоти дигар пешниҳод мекунад? Яъне пик дар пеш аст?

Одамон мегӯянд, ки дигар ба афсонаҳои вазир бовар надоранд. Як бор ба интернет дароед, сабабҳои ин шубҳаи одамонро худатон мефаҳмед.

Биноан, фикр мекунем сабукдӯш шудани вазири собиқ анҷоми кор нест. Бархӯрди навбатиро замоне шоҳид мешавем, ки ниҳодҳои марбута, асосан Агентии зидди коррупсия дар пайи иҷрои супориши Пешвои миллат тақсимоти кумакҳои башардӯстонаро тафтиш намоянд. Ҳатман фактҳои ҷолиб тариқи камераҳои назоратӣ аз беморхонаҳо ва шикояти беморон аз доруҳои “ройгон” пайдо мешаванд.

Бовар намекунед?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here