Китоб баҳреро мемонад, ки ҳарчанд китҳо аз обаш бинӯшанд ҳам, кам намегардад.

Доираи фарогирии китоб ва баҳрабардорӣ аз он фарох аст. Дуруст аст, ки китобро аниси кунҷи танҳоӣ гуфтаанд. Ҳар як шахс ҳангоми танҳоӣ, ғамгинӣ, руҳафтодагӣ китоб мутолиа намудаву фикри худро ба дигар тараф ҷалб карда метавонад. Китоб дӯсти инсоният буда, шахс аз хондани зиёдаш на шикоят мекунад ва на монда мешавад. Китоб маслиҳатдиҳанда, равшанибахши ҳаёти ҳар яки мост, чун ҳангоми мутолиаи он ба бисёр саволҳои сарбастаи худ ҷавоб ёфта метавонем.

Вале аз чӣ бошад, ки имрӯзҳо шавқу рағбати мардум нисбат ба мутолиаи китоб, рӯзнома, маҷалла хело кам ба назар мерасад. Ҷомеаи имрӯза аз китобу китобдорӣ дур гаштааст. Дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нафаре ба назар намерасад, ки машғули китоб ва ё рӯзномахонӣ бошад. Ҳамагӣ овораи телефонҳои мобилиянд. Сомонаҳои иҷтимоӣ, ки пур аз саҳву дурӯғанд, ҷомеаи моро ба худ ҷалб намуда, аз китобҳои пурмазмун ва пандомез дур кардаанд.

Новобаста аз он, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо китобхонаҳои барҳаво таъсис дода шудаанд, вале кам касоне пайдо мешаванд, ки аз онҳо ба таври лозимӣ истифода баранд. Агар ба якчанд сол қабл назар намоем, шароити мувофиқ барои мутолиаи китоб набуд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, модарон, бибиву бобоҳои мо ҳадди ақал як китобе хондаву дар борааш маълумоте доштанд. Дар бозорҳо низ фурӯши китоб кам ба назар мерасид ва барои пайдо намудани як китоб роҳи чандин бозору мағозаро тай мекардем. Ҳоло бошад, дӯконҳои китобфурӯшии зиёд мавриди истифода қарор доранд, ки харидорони худро солҳо боз интизоранд.

Бо дарназардошти чунин камбудиҳо, озмунҳои зиёд ба роҳ монда шудаанд, то каме ҳам бошад, ҷомеи мо ба китобу китобхонӣ рӯй оварад. Албатта, ҳастанд нафароне, ки ба хондани ин ва ё он китобу рӯзномаҳо шавқу рағбати беандоза доранд, вале кам андар кам.

Аз чанд нафар пурсон шудам, ки охирон маротиба кай ва кадом китобро мутолиа кардаанд? Вале ҷавоб якто: «Дар хотир надорам. Китобҳои дарсӣ (ҳангоми таҳсил дар муассиса), ҳар чӣ ки лозим ояд, аз интернет мехонам». Аз шунидани чунин ҷавобҳои ғайри қаноатбахш кас ба андешаи тӯлонӣ фурӯ меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хусусан ҷавонон, донишҷӯён аз истифодаи китобҳо дур монда, интернетро қулай ва қобили қабул мешуморанд. Истифода аз манбаҳои интернетӣ хуб аст, вале ин набояд моро аз китоб дур намояд. Китоб манбаест бе хароҷот ва ба саломатии инсон низ зарар намерасонад. Инчунин, мафкураи инсонро васеъ намуда, яке аз воситаҳои муҳим баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳли ҷомеа мебошад. Қобилияти суханронӣ, фикррониро сайқал дода, доираи андешаронӣ ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ мегардонад. Инчунин, шахсро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки нисбати китоб — манбаи дониш ва ақлу заковати худ бетараф набошем.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here