Давоми чанд соли охир мавзуи ба ниҳодҳои эҷодии кишвар аъзо шудани афроди тасодуфӣ баҳси гарми равшанфикрони тоҷик ба шумор меравад.

Масалан, агар иддае масъулини чунин ниҳодҳои эҷодиро барои ба аъзогӣ қабул намудани ашхоси тасодуфӣ айбдор намоянд, қисми дигар аз он шикоят мекунанд, ки бархе нафароне, ки ба узвияти чунин ниҳодҳо пазируфта мешаванд, тамоман ба талабот ҷавобгӯ нестанд: агар яке бо ихтисоси ғайр ба узвияти чунин ниҳодҳои эҷодӣ шомил шуда бошад, нафари дигар аз рӯйи истеъдод ва маҳсули эҷод ба талаботи аъзо будан ба ин ё он муассиса, ташкилот ё иттиҳодяи эҷодӣ ҷавобгӯ нест. Ва гӯё аъзо шудан ба ниҳодҳои эҷодии кишвар ба дараҷае соддаву осон бошад, ки ҳар кас новобаста аз ихтисос ва ҳунару истеъдод тавонад унвони ифтихории «Узви Иттифоқи…»-ро соҳиб бишавад.
Ҳарчанд то имрӯз чандин ниҳоди хурду бузурги эҷодии кишвар аз афроди тасодуфӣ лабрезанду аммо роҳбарияташон дар масъалаи мазкур ҳеҷ тадбире наандешидаанд, нахустин шуда Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо роҳбарии Низом Қосим ба чунин як баҳси чандинсола вокуниш нишон дод. Соли 2016 ин иттиҳодяи эҷодӣ масъалаи аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфиро шуруъ кард. Он замон бо ин мақсад як комиссияи корӣ дар чаҳорчӯбаи стратегияи «Омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ» таъсис дода шуд ва барои арзиши бадеии асарҳо ва сатҳи касбии адибонро мавриди баррасӣ қарор додан ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тавр, то кунун бештар аз 40 нафар адиб бо сабаби он, ки маҳсули эҷодашон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, аз сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Воқеан, агар аз рӯйи адолат бигӯем, аксари адибонеро, ки аз сафи аъзои Иттифоқи нависандагони кишвар хориҷ шуданд, ҳамчун шоир ё нависанда қариб касе намешинохт. Ҳатто банда борҳо шоҳид будам, ки вақте дар ин ё он нишасту суҳбатҳо атрофи ин мавзуъ сухан мерафт, бисёриҳо иқрор мешуданд, ки чунин адибонро намешиносанд ва танҳо вақте номашон пас аз хориҷ шудан аз узвияти Иттифоқи нависандагон дар матбуот ва сомонаҳои интернетӣ нашр шуд, фаҳмиданд, ки чунин шоиру нависанда дар кишвар будааст. Пас, саволе ба миён меояд, ки вақте адибе эҷодиёташ хонанда надорад ва аз сад ҳатто ду-се нафар ӯро ҳамчун шоир ё нависанда намешиносанд, чӣ гуна метавонад узви як иттиҳодяи эҷодии давлатӣ бошад?! Ин дар ҳолест, ки вақте адибе узви чунин як ниҳоди бузурги эҷодӣ аст, бояд маҳсули эҷодаш бурун аз доираи дӯсту шиносу маҳал маҳбубият дошта бошад. Ҳоло дар бораи он намегӯем, ки агар мабодо миёни хонандагону донишҷӯёни макотиби оливу миёна ва муштариёни китобхонаҳо назарсанҷӣ гузаронида шавад, чанд нафар бо ашъори адибони аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷгашта шиносоӣ дошта ва ё ҳадди ақал эшонро ҳамчун шоир ё нависанда мешинохта бошанд?!
Боиси хушнудист, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2017 якчанд иқдоми хуберо рӯйи кор гирифт. Аз ҷумла, ба ҷойи адибони ихроҷшуда дар ин сол низ якчанд ҷавонони эҷодкорро ба узвият пазируфт. Адибони ҷавоне, ки воқеан истеъдоди хуб доранд ва умед аст, ки ояндаи адабиёти кишварро гулгулшукуфон хоҳанд кард. Чун пас аз ба курсии раҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишастани Низом Қосим махсусан адибони ҷавони кишвар умед бар он баста буданд, ки бигзор акнун роҳи онҳо барои ворид шудан ба адабиёт кушода бишавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин умеди онҳо аллакай бароварда шуд. Имрӯз чандин нафар адибони ҷавони кишвар узви Иттифоқи нависандагон, соҳиби китоб ва дорои сабку услуби хосаи худанд, ки ин худ дастоварди ин насли умедбахш ба шумор меравад.
Чун сарвари давлат дар ҳама баромадҳояш аз дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон таъкид мекунад, имрӯз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои фаъоли мамлакат дар самти амалигардонии супориш ва таъкидҳои президент дар соҳаи ҷавонон ба шумор меравад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зери роҳбарии шоир ва мунаққиди шинохта Низом Қосим ояндаҳои наздик ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар хоҳад расид.
Умедворем, ки ҷалби адибони ҷавон ва дастгириву ҳавасмандгардонии эшон низ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Иттифоқи нависандагон қарор хоҳад гирифт.

Хусрав ШОҲСАИДОВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here