Дуруд Абдувоҳид!

Ҳафтае, ки гузашт, ба деҳа рафтам. На-на, чун ҳамеша ба ҷустуҷуйи кӯдакиву пайраҳаи кӯршудаи он не! Фурсати каме доштам, танҳо ба ҳамдеҳоне, ки шинохтам, суҳбат кардам сари ину он мушкили деҳа. Медонед, — чӣ… вақте ман аз деҳа баромадам, ҳанӯз 17 сола будам. Имсол ба ҳиҷрати ман 30 сол пур мешавад. Яъне, оне ки имрӯз ба синни сӣ даромадааст, барои ман тамоман нишинос аст. Вақте 17 сола, дар деҳа будам, кӯдакони то ҳафтсоларо намешинохтам. Хулоса, касе ба синни 37 даромадааст, барои ман ношинос аст. Сафи ононе ки мешинохтам, сол ба сол камтар мешавад ва торафт риштаи иртиботи ман бо деҳа канда мегардад.

Мавзӯи суҳбати аҳли деҳа ҳам дигар шудааст. Ҳа, дигар аз он ки гови холаи Хосият гум шудааст, бузғолаи амаки Абдураҳмонро гург хӯрдааст, мурғи аммаи  Назокат якбора даҳ тухм кардааст, мардум ҳарфе намезананд. Ҳарфи онҳо дигар аз ғорати замин аз ҷониби фалон раиси хоҷагию беинсофии раиси ҷамоат, номеҳрубонии масъулини Ҳукумати ноҳия, ноободии мактабу беморхона аст.

Мавзӯъҳое, ки дар замони тифлии ману Шумо буд, дигар бо ҳамон дунёи зебои кӯдакӣ ба коми гумномӣ рафтааст Абдувоҳид… Намедонам, сабаб чист, шояд ин ки ҳамсуҳбатони ҳам дигар пир шудаанду аз мушкилиҳои ҷиддитар меандешанд ва ё шояд маро шахси масъул меҳисобанду дарди дил мекунанд?

Валлоҳ намедонам!

Аммо ҳаминро медонам, ки дигар мардум ҳам аз афсонаҳои ҳанӯз зинда дар ангораҳои хаёли ман намегӯянд, ҳама аз он меандешанд, ки кай хатсайрҳои Русия боз мешаваду тезтар барои поранони даҳони кӯдакон ба он мулк раванд. Ҳеҷ кас ҳам ҳавсалаи дар замин кор кардану ризқ ёфтан намекунад. Ҳама дар андешаи тезтар рафтан ва ба осонӣ соҳиби нон шудан!

Дигар дар деҳаҳое, ки аз хонандаи мактаб то ба соҳибхоназанҳояш раҳи газетаҳоро мепоиданд, китоб мехонданд, каси рӯзномахоне намондааст!

Медонед чаро? Дар ин деҳа шояд наздики бист нафарро медонам, ки маълумоти олӣ доранд, вале ҷойи кор надоранд! Ҳукумати шаҳри Панҷекат ба ҳадде ба ин масъала бепарво аст, ки ногуфтанӣ. Як мисол меорам: Ҳукумат шуъбае дорад, шуъбаи экологӣ. Бо вуҷуди будани ҷойи холӣ дар ин шуъба, нафареро медонам, ки муддати як сол бештар бо амри раиси ноҳия хост то ба ин шуъба ба кор равад. Аммо натавонист! Чунки ситорааш ба ситораи мудири шуъбаи экология маъқул нашуд ба фикрам… Ё деҳае, ки таваллуд шудааст.Шумо дар бораи сатҳи ин мудири шуъбаи экологӣ аз моҷарои “исёни моҳиҳо дар Ҳафткӯл” медонед. Аммо солҳо, панҷу даҳсолаҳо мегузаранду вай сари вазифа аст.

Мегӯянд фақат Ҳукумати ноҳия ба беш аз бист мутахассис ниёз дорад, аммо касе ҷойи кор намеёбад.

Баъди он ки дипломро мегирию мехоҳӣ дар диёри хеш хидмате кунӣ ва масъулини тақдирсоз чунин муносибат доранд, дигар ба ту чӣ роҳе мемонад? Ҷуз он ки кай кушода шудани хатсайрҳои Русияро интизор шавӣ?

Узр, дар деҳа мушкил ба ҳадде зиёд аст ногуфтанӣ. Ва ман танҳо якеи онро гуфтам. Интизорам, ки мушкили дигарашро Шумо хоҳед гуфт! Интизорам!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here