Чаро аксари ҳизбҳои сиёсӣ танҳо дар интихоботҳо аз “хоби хирсона” бедор шудаву мехоҳанд худро фаъол нишон диҳанд?

Ин андешаи мардум аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Баъзеҳо гиламанд аз онанд, ки вакилашонро намешиносанд. Гуруҳи дигар мегӯянд, ки 5 сол кофтанд, вале вакилашонро на дар оина нилгун, на дар интернет ва на дар расонаҳои чопӣ наёфтанд.

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мисли неруҳои сиёсии кишварҳои дигар дар худ рамзи ҳайвонотро надоранд. Ҳизби пешбари ИМА — ҷумҳурихоҳонро рамзи фил муаррифӣ мекунад. Мардум бо ҳамин рамз онҳоро мешиносанд ва ба онҳо овоз медиҳанд. Ягон ҷои таҳқир нест ва масхара ҳам намекунанд. Онҳо маънии дигар доранд ва ба ин восита интихобкунанда ин ҳизбҳоро мешиносад. Ҳамон тавре, ки баъзе ширкатҳо бренди махсуси худро доранд.

Дар Русия ҳам чунин аст. Ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар Русия рамзи хирсро интихоб кардааст. Лидери асосии ин ҳизб Владимир Путин мебошад. Ин албатта ба он маъно нест, ки аъзои ин ҳизби ҳоло пурнуфуз мисли хирс хобанду барои ба даст овардани овози мардум талош намекунанд. Маҳз ҳамин меъёр кофист, ки дар интихоботҳо онҳо пирӯз бошанд.

Ҳизбҳои мо на рамзе доранд ва на фаъолият, бовар кунед. Ҳарчанд дар анҷумани онҳо ҳузур дошта бошӣ, мегӯӣ тамом: кулли масъалаҳои муҳими давлат ба уҳдаи онҳост ва ғамхори аслии мардум дар Тоҷикистон ҳаминҳоянд. Инҳо набошанд, мо чӣ кор мекарда бошем?

Баъзе ҳизбҳо дар бораи на камтар аз 10 000 узви худ бо ифтихор сухан мекунанду рекламаҳояшон дар авҷ.  Ҳол он ки, дар толори анҷуманашон 60-70 нафареро мебинӣ, ки ё аз донишгоҳҳо маҷбур овардаанд, ё пиронсолоне ҳастанд, ки дигар ҷои рафтан надоранд ва иштирок дар чунин маъракаҳоро аз замони шӯравӣ дӯст медоштанд.

— Пас, чунин ҳизбҳо чӣ зарурат доранд ва мардум аз онҳо чӣ бояд интизор бошанд,- суол мегузоранд мардум дар шабакаҳои интернетӣ?

Аз Ҳизби халқӣ-демократӣ чизе намегӯем. Ниёз ба муаррифӣ надорад, ҳамеша дар талошанд. Маълум аст, ки раисии Пешвои миллат дар он кифоя мебошад, ки мардум ба ҷонибдориаш раъй диҳанд. Ҷавонон ва одамони начандон ҷавон ҳам, аз як ҷиҳат барои пайравӣ ба мактаби Ҷаноби Олӣ ба ин ҳизб аъзо шаванд, баъзеҳо низ ҳастанд, ки умед доранд бо узвият дар ҲХДТ ягон вазифа мегиранд. Агар аз рӯи адолат гӯем, ин ягона ҳизбе ҳам ҳаст, ки созмонҳо дорад дар шаҳру ноҳияҳо, идораи ҳизбиро соҳибанд, ё онро месозанд. Номзадҳояшон ҳам мисли Рустами Шоҳмурод — вазири адлияи кишвар арзандаанд.

Намояндаҳояшон шуруъ аз ҲХДТ дар Қубодиёну Шаҳритуз то Носири Хусраву Леваканд дар “Фейсбук” саҳифаи худро доранд. Ва ҳар рӯз хабару навгонӣ ва ҳатто то кӯмакҳои хайрияашонро нашр мекунанд. Хеле фаъоланд ва ҳатто видеоҳоро низ аз вохӯриҳо гузоштанд, то мардум бубинанд, ки фаъолияташон чӣ гуна аст. Ягон чизро пинҳон намекунанд. Аъзояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ воқеан фаъоланд.

Нашрияҳои зиёди ҳизбӣ низ доранду теъдоди нашрашон бузург буда, як манбаи даромади ҲХДТ маҳз аз ҳамин ҷост. Дар дастгоҳи кориашон ҳам дар марказ ва ҳам ноҳияҳо шахсиятҳои пурнуфуз кор мекунанд. Дар интернет сомона дошта, дар рӯйхати номзадҳо ба интихобот ҳам аз шахсиятҳои маъруфи ҳизбиву ғайриҳизбӣ истифода мекунанд. Воқеан, ҳизбҳо ҳақ доранд, ки дар интихоботи парлумонӣ шахсони беҳизбиро низ пешбарӣ кунанд…

Аҳзоби дигар на аъзо доранд, на пул ва на нашрия. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол нестанд. Танҳо Сайидҷаъфар Усмонзодаро аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебинем, ки дар “Фейсбук” аз худ дарак медиҳад ва гоҳ-гоҳ Рустам Латифзода — раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботҳо яку якбора худро каме “реклама” мекунад.

Пас интихобкунанда дар воқеъ дар интихоботҳо чаро ҳайрон намонад, ки чаро ба ин гуна ҳизбҳои хоболуд овоз диҳад? Даъвои пасазинтихоботии онҳо бошад, барои чисту чӣ маъно дорад?

Аз ин хотир, беҳтар нест, ки ҳизбҳо барои худ рамзҳои хос дошта бошанд? Шояд ба воситаи ин рамзҳо шинохти мардум бештар гардад. Ё тавре дар мақоли халқӣ омадааст, “ном ба одам шафоат мебахшад”. Эҳтимол интихоби рамзҳо мисли давлати абарқудрати дунё — Русия ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро ҳам ба ҷунбиш оварад.

Тавре як дӯстам гуфт, “Шумо ҳамеша аз парлумон гузориш омода мекунед. Як бор пурсед, вакили ноҳияи мо кист ё аксашро гиреду ба ман нишон диҳед. Агар худашро набинем ҳам, лоақал аксашро бинем ё садояшро шунавем”. Ин ҳам ҷойи гиря дораду ҳам ханда.

Пас, агар вакиламонро нашиносем, чиро бояд аз ӯ интизор шуд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Интихоб кардаанд пиру ҷавон, Ки ҳеҷ кори ҷаҳон ба сомон нест,
    Ком ба вақте диҳад, ки ком намонд,нон ба вақте диҳад, ки дандон нест!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here