Чаро мардум бояд барои бадтарин Интернет пул пардохт намоянд?

“Пулмона мехӯред, заҳри танатон шавад, ба ҳафт пуштатон насиб накунад!!!”. Ҳамин гуна доду дуои бади мардум ширкатҳои интернетрасонро накуҳиш мекунанду ба гӯши мо мерасад. Мардум бар замми дуздидани пул аз суратҳисоби телефонҳои мобилӣ, акнун бештар аз суръати пасту нархи баланди он норозигӣ мекунанд.

Истифодабарандагони интернети мобилӣ мегӯянд, ки ширкатҳо ба ҷуз “саргарм” шудан ба пардохти молиёти нав ба нав ҳеҷ технологияи муосирро барои интернети беҳтар намеоранд. Ва дигар ин аст, ки онҳо на дар фикри сифату муштарӣ, балки фоида ва кисаи пур аз доллар ҳастанд.

Умдатан, масъулини ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, ки онҳо бо технологияи 4G муҷаҳҳазанд ва дар телефонҳои мобилӣ як навиштаҷоти хеле хурдро нишон медиҳанд, ки ба сифати баланди он рабт мегирад, вале баъзе аз масъулини Хадамоти алоқа андешаи дигар пеш меоранд: буҳрони иқтисодӣ сабабгор шуд, ки ҳамаи ширкатҳои мобилӣ натавонистанд технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари Тоҷикистон ҷорӣ намоянд.

Ҳоло ҷаҳон дар оғози марҳилаи озмоишии сифати нави 6G ва 7G аст. Воқеан, Интернет барои мардум як шабакаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки аз он дилхоҳ нафар метавонад истифода кунад. Вале мо ба 7G ҳам гузарем, сифати пасти Интернет ҳамоно боқӣ хоҳад монд, зеро мебинем, ки касе бо қоидаву қонунҳои амалкунандаи кишварамон кор намебарад. Пас, оё рушди Интернет мумкин аст? Албатта номумкин!

Дар миёни 130 давлати дунё суръати Интернети мобилӣ дар мо дар ҷойи охир қарор дорад, ки он суръати 4,97 мегабитро ташкил медиҳад ва аз ҳама суст аст. Замоне вориди ягон вебсайт мешавем, вақти хеле зиёд гирифта мешаваду мунтазир бояд нишаст. Албатта муштарӣ аз чунин хизматрасонӣ азият мекашад.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки молиёти зиёд бастани  ширкатҳои интернетрасон ва маркази ягонаи коммуникатсионӣ, ки ҳамагон аз он ҷо интернет харидорӣ мекунанд, рақобати солимро зери суол мебарад. Чунки ҳамагон маҷбур мешаванд танҳо аз 1 нафар интернет харидорӣ намоянд.

Ҳоло масъулини Хадамоти алоқа таъкид ба иҷрои тарҳи 92-миллиондолларӣ мекунанд, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Тарҳи мазкур дар минтақаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистону Покистон амалӣ карда мешавад, ки бо номи Digital CASA маъруф аст.

Масъулини ширкатҳои мобилӣ бар ин назаранд, ки барои беҳбуд бахшидани сифати Интернет таъсиси муассисаи мустақили воридкунанда зарур аст, ки он бояд аз ҷониби созмонҳои мустақил роҳбарӣ карда шавад. Аммо масъулини “Тоҷиктелеком” мегӯянд, ки «мо муассисаи давлатӣ ҳастем ва назорат бояд дар дасти мо бошад». Зеро онҳо метавонанд дилхоҳ хабарро аз мо ва мардум пинҳон кунанд.

Ба ҳар сурат, бояд кӯшиш кард, ки дуои муштариён ҷонибҳоро нагирад.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here