Зан — модар олиҳаи зебоӣ, покӣ, нури хонадон, ҳамсари мушфиқу ғамхор, ҳалиму меҳрубон, тарбиятдиҳандаи насли наврас ва ояндасози давлату миллат мебошад.
Занҳо дар ҷомеа нақши басо муҳим дошта, дар ҳамаи ҷодаҳои зиндагӣ саҳмгузоранд. Дар таълим ва тарбияи фарзандон саҳми бузург дошта, баҳри ба муваффаққиятҳои ҳаётан муҳим ноил гаштан намунаи беҳтаринанд.
Ногуфта намонад, ки нақши зан — модарро дини поки ислом низ ба дараҷаи аъло бардошта, дар мадди аввал биҳиштро зери қудуми модарон қарор дода, занҳоро ба покизагӣ ва иффат роҳнамоӣ намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Албатта, ҷомеаи босаводу бомаърифат аз зан — модар вобастагии калон дорад, зеро тарбиятдиҳандаи аввалиндараҷа ба ҳар як фарзанд — ин модар аст, ки ояндаи неки мо дар даст ӯст. Ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа далолат додани зан ин нишони боварӣ ба ҳар як зани ватандӯсту хештаншинос аст. Зан — модар, ки дорои хислагҳои бузурги инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу ор, виҷдон, шарму ҳаё набошад, гумкардаи ҳаёти солим аст ва зиндагӣ дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад.
Имрӯзҳо рафтору кирдори ғайриинсонӣ, бадахлоқии баъзе занҳо, духтарон, модарон дар байни ҷомеа ба назар мерасад, ки новобаста аз муҳит, шароит ва шахсияти хеш ба амалҳои нохубу зиёновар, аз қабили кӯчагардӣ, дуздӣ, куштор, истеъмоли ҳар гуна маводи нашъаовар ва монанди ин амалҳое, ки шахсияти инсонро поймол месозанд, даст мезананд, ки нангу номус ва ори ин миллати бузурги тоҷикро паст менамоянд. Албатта, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин тоифа на танҳо кӣ будани худ, балки бузургии миллату давлату қавми хешро намедонанд.
Рӯзе нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши навор ва ё аксе аз ҷангу ҷидол ва хархашаҳои занҳо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавриди баҳси омма қарор нагирад.
Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо рафтор ва кирдори намунавӣ, инсондӯстӣ, шарму ҳаё ва номусу ор фарқ мекунад. Зеро ин хусусиятҳои ба инсон хос дар ҳама мавридҳо одамиятро ҳамчун зару зевар ва либосҳои қиматбаҳо оро медиҳанд. Инсоне, ки орӣ аз ин гуна хислатҳост, дар шумори одамиён нест.
Гарчи гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.
Дуруст аст, ки шарму ҳаёро аз барги гул ҳам нозуктар гуфтаанд, чун инсони бо шарму ҳаё орӣ аз одатҳои бади инсонӣ мебошад ва маҳз шарму ҳаёст, ки инсонҳоро аз роҳи бад, кори бад ва гуфтори бад бозмедорад. Дини барҳақи ислом шарму ҳаёро нишонаи имондорӣ гуфта, ишора бар он кардааст, ки шахси боҳаё аз рафтори ношоиста парҳез намуда, дар роҳи рост бо хулқи шоистаи инсонӣ гом мениҳад.
Махсусан занону духтаронро ҳаё зебу зиннат ва бузургӣ мебахшад. Бузурге гуфта: «Зани беҳаё ваҳшатнок аст, чун аждаҳо. Ин зан на лоиқи муҳаббат бувад, на ҳурмат. Марди баномусу ор аз ин гуна зан мегурезад». Яъне, бо зани беҳаё ҳатто дӯстӣ намебояд.
«Аз суҳбати нокасону беҳаёҳо бипарҳез! Бо саҳро суҳбат кун, бо дарё суҳбат кун, бо дунё суҳбат кун»,- гуфтааст соҳибхираде.
Аз ин лиҳоз, баҳри дурӣ ҷустан аз одатҳои бади инсонӣ, амалҳои ношоиста, рафтору кирдори дағалона моро зарур аст, ки таълиму тарбияро дар мадди аввал гузошта, кӯшиш ба харҷ диҳем, то духтарони мо, ки ҳамсар, келин ва модари оянда мебошанд, бо шарму ҳаё, боиффат ва покдоман ба воя расида, ояндасози миллати хеш бошанд.
Ҳаё бояд ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!
Шаҳло СОДИҚЗОДА