Монолог
“Аз гили бад зарфи хуб сохта намешавад”.
Ричард Олдингтон
Маълумат бод, ҷаноби Хоҷаев, ин иқтибос, ки аз шоир ва мунаққиди англис Ричард Олдингтон овардам, хело тӯлонӣ буд ва дақиқан, ҳар ҷузъ дорои маънии бикру волое. Аммо чун ҳадафи ман муттамарказ ва мушаххас аст, лозим донистам танҳо ҳамин порчаро интихоб намоям. Ва он агарчи мухтасар аст, метавонад як дунё маъниро дар худ бигунҷонад. Ҳадаф чист? Хуб, бубин, агар аз ту ё мани бекорхӯҷа исрор шавад, ки фалон корро бо фисади муайян ба анҷом расонем, оё метавонем ин хоҳишро бе пушт-пушт ва бидуни инҳироф анҷом диҳем? Посух дугуна аст, ончунон ки шубон намедонад бузаш имсол дугоник мезояд ё як бузғола. Ва ӯ гунаҳгор ҳам буда наметавонад. Зеро на ҳамеша вазъият мувофиқи хоҳиши мо печутоб мехӯрад. Шояд ману ту ва ӯву онҳо хоҳиш дошта бошем, ки рафиқонамон бо мо аз сидқи дил ҷӯра мешаванду дигар садде дар роҳи дӯстии мо вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳайҳот, афсӯс, ки хато мекунем. Чун на ҳама якдилу якзабонанд, махсусан дар замоне, ки мо умр ба сар мебарем. Вақте танҳо ҷудоянд, ақидаҳо низ мухталиф мешаванд ва ин дар нигоҳи аввал як чизи оддист. Дигар ин ки, аз ҳар нафари тасодуфӣ набаромадани дӯстии арзанда — ин таҷрибаи тасдиқгардидаву санҷидашуда аст. Барои ҳамин, нафари дӯстшавандаро қабл аз дӯст шуданаш бояд озмуд, то баъд лаб ба шиква накушоем, ки ӯ арзанда набуд ва мо дар интихоби дӯст иштибоҳ кардем. Вагарна, аксиомае моро азоб додаву рӯзафзун ранҷур хоҳад кард, ки хоҳиши дӯстӣ бо касеро дорему дӯстиро намехоҳем. Яъне, дар ин маврид коре муфид аз дасти мо баромаданаш дар гумон аст. Дақиқтараш, дар тасмимгирӣ озод нестем. Мисли ҳамон суолгузории файласуфи фаронсавии баромадаш олмонӣ Пер Анри Голбах, ки мегӯяд: “Шумо худро озод меҳисобед, чун кореро анҷом медиҳед, ки худ мехоҳед. Аммо дар хостан ё нахостан оё озодед?”.
Агар дуруст дарк карда бошӣ мулоҳизаи маро, хуш ба ҳолат, рафиқ Хоҷаев. Вагарна, низ ҳеҷ ишколе надорад. Чаро? Чун, ман намехоҳам говро ба зӯрӣ ба пода бибаранд ё аз пистони ӯ ба ҷои шир асал ҷӯшидан хоҳанд. Ва инҷо низ матлаб сари хоҳиш аст. Хоҳише, ки ба таври тамсил овардам, аммо дар асл, агар хоҳем кореро анҷом диҳем, шояд он иҷронашуданӣ бошад. Бо гуноҳи кӣ? Бо айби ман ё ту, албатта!…
Мақоле ҳаст, ки “аз мард монад гил, аз номард монад дил”. Ту худ доноӣ ва шояд ҳатто худро донотар аз ману ҳама касон мепиндориву дар шарҳи ин мақол худро довар меҳисобӣ. Бигузор, туро бо андешаҳои худият танҳо мегузорам, аммо мегӯям, ки ин гил ҳамон гили гуфтаи ҷаноби Ричард аст, вале бо тобиши дигар, бо маънои мусбаташ. Бо он маънӣ, ки гил гили хушсифат аст ва аз он метавон аъҷубаҳои фавқулодда дилписанду мардона сохт. Аз номард мондани дил бошад, ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад.
Аммо агар аз андешаҳои фалсафӣ канор равем ва ба олами воқеӣ рӯй орем, басанда аст гӯшзад кардани ҳамин як афсонае, ки мо — хурду калон онро бо мароқи зиёд мехонем ва ё гӯш медиҳем:
Буд — набуд, мурғу мурғобӣ ва муш буданд. Мурғу мушу мурғобӣ ҳамроҳ зиндагонӣ мекарданд. Мурғ рӯзе ин тарафу он тараф рафта, камакак гандум ёфту хурсанд шуда, қуд-қудкунон ба назди ҳамроҳонаш омад.
— Гандум ёфтам, гандум ёфтам! Орд кардан даркор. Кӣ ба осиёб мебарад?,- болҳояшро афшонда гуфт мурғ.
— Ман намебарам!,- танбалӣ кард мурғобӣ.
— Ман ҳам намебарам!,-айёрӣ кард муш.
Мурғ худаш гандумро ба осиёб бурда, орд кард.
— Акнун ордро кӣ ба хона мебарад?,- болҳояшро афшонда, гуфт мурғ.
— Ман намебарам!, -танбалӣ кард мурғобӣ.
— Ман ҳам намебарам!,- айёрӣ кард муш.
Мурғ ноилоҷ монд ва худаш ордро ба хона овард.
— Кӣ хамир мекунад?,- боз пурсид мурғ.
— Ман намекунам!,- якравӣ кард мурғобӣ.
— Ман ҳам намекунам!,- хамёза кашид муш.
Мурғ ноилоҷ ордро хамир кард.
— Кӣ ҳезум мешиканад, кӣ танӯрро метафсонад?,- илтимос кард мурғ.
— Ман ҳезум намешиканам!,- ғо-ғо кард мурғобӣ.
— Ман танӯрро наметафсонам!,- худро ба хоб зад муш.
Мурғ алов карду танӯрро тафсонд.
— Кӣ нонро ба танӯр мечаспонад?,- хоҳиш кард ӯ.
— Ман намечаспонам, метарсам,- гуфт мурғобӣ.
— Ман ҳам намечаспонам!,- гуфт муш.
Мурғ нонро ба танӯр часпонд. Нони суп-сурхи гармаку бомаззаро канда ба рӯйи дастархон паҳн карда, пурсид:
— Кӣ нон мехӯрад?
— Ман мехӯрам!,- хушҳол шуд мурғобӣ.
— Ман ҳам мехӯрам!,- гӯён муш ба дастархон наздик шуд.
— Не, шумо нон намехӯред! Барои он ки дар ин кор ҳисса нагузоштед,- рӯ овард ба онҳо мурғ ва ҳамроҳони коргурезашро ба сари дастархон роҳ надод.
Ба фикри ман, мурғ кори дуруст кард, дӯстам Хоҷаев. Чун ҳамроҳонаш хоҳиши бе заҳмат ҷиғилдон пур кардан доштанду хоҳиши меҳнат кардан не. Гарчанде ҳавасмандӣ барои онҳо, яъне хӯрдани нони гармаку болаззат вуҷуд дошт…
Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”