Имрӯзҳо бо омадани вируси нав бо номи «коронавирус» ё худ Covid-19 мардумро дар сар чанд фикру хаёл аст. Бархе орд захира мекунанд, бархеи дигар равған, сеюмӣ доруворӣ мехараду чорумӣ маҳсулоти зидди вирус ё ба истилоҳ антисептик.
Аз бозе, ки дар Тоҷикистони азизи мо низ расман мавҷудияти ин вабо эълон гардид, дар маҳали ман мезиста низ зиндагӣ ранги дигар гирифт. Ҳама барои худ захира мекунанд ва бештар орду равған. Дар баробари ин, мардум барои худ дорувор ва маҳсулоти зиддивирус, аз қабили хокаҳои хлору белизна ва содаю «рахша» захира карданро шуруъ карданд. Яку якбора аз тарқиши 7-уми замин ба арши 77-уми осмон баромадани нархҳоро бе гуфти ман низ хонанда худаш беҳтару хубтар медонад…
Дар хона хлорамон чанде пеш тамом шуда буду фурсати хариданро надоштем ва бо нияти якбора харидани хлор модарам роҳ пеш гирифт сӯйи дорухонаи пеши хонаамон. Аммо, мутаассифона, он ҷо хлор кайҳо тамом шудаву доруфурӯш «апа, ҳолӣ хлор қиммат шудагияй, бо уқарам дилпур нестан, барои ҳамин намебиёрем» гуфта, ӯро бо дасти тиҳӣ гусел кард. Ба мағозаи рӯ ба рӯ даромад, он ҷо низ хлор кайҳо тамом шуда буд. Чанд мағозаи дигар низ ҳамчунин. Ахиран ба мағозаи ду маҳал дур аз хонаамон рафтааст. Соҳиби мағоза, ки як замоне дар мактаб дарсаш медод, баробари дидани модарам пас аз аҳволпурсӣ гуфтааст:
— Муаллима, хлор дорем, надорем не. Аммо дилпур нест. Чун мисли пештара бӯйи хлор намекунад. Мани беақл зимни яклухт гирифтан даҳонашро кушода надидам. Акнун ҳар харидоре меояд, виҷдонам намебардорад, ки гӯям хлори ҳақиқист. Фақат ба ҳама ҳамин гапро мегӯям, хоҳанд, гиранд, нахоҳанд, не. Хубтараш рафта белизна гиред, бо сода якҷоя об карда пошед. Аз ин хлорҳои шубҳаангез, фикр мекунам, хубтар аст.
Бо дили хиҷил ба хона омад ва шиква кард: «Наход дар як шаҳри калон як кило хлори тоза ёфт нашавад?». Чун аз ҳолат хабардор шудам, аз «дӯст»-и дастиам — интернет кӯмак хостам. Ба гуруҳи эълонҳо даромада, аз фурӯшандаҳою корафтодаҳо барои харидани лоақал як килограмм хлори тоза мадад пурсидам. Дар тӯли ду соат 145 шарҳ зери постам пайдо шуд. Яке «Саховат»-ро маслиҳат медоду дигарӣ «Меҳргон» ва саввум деҳқонбозоррову чорум тавсия медод, ки хлори эрониро харам. Аммо чӣ мегӯед, хонандаи азизи ман, ки аксаран шикоят карданд, ки «аз бозор бо нархи 30 сомонӣ харидему ба ҷои хлор ба хона оҳак ё алебастр овардем». Ҳатто як нафар дашном ҳам дод, ки фурӯшандаҳо аз дармондагии мардум истифода карда, ҷиғилдон пур мекунанд. Бинобар ин, аксаран маслиҳат медоданд, ки белизна ё антимикробҳои тайёре монанди «Пемолюкс» ё «Домостес»-ро харидорӣ кунам. Ноилоҷ ба гуфтаи корафтодагону шогирдам амал кардам. Белизна харидам (шояд боваратон наояд, аммо аз 7 мағоза пурсон шудам, на «Пемолюкс» ёфтам, на «Домостес») ва инак ду рӯз аст, ки бо сода якҷоя карда, хонаҳоро «дезинфексияи тоҷикӣ» карда астодаам. То куҷо белизна бо сода микробҳоро мекушад, инашро танҳо Худо медонаду олимони соҳа. Аммо суоли саргиҷкунанда ин аст, ки одамони аз интернет бехабару то ҳол хлор истифода набурда, чӣ кор мекунанд? Аз ин хлорҳои алебастру оҳакдор чанд кас кӯр мешаваду чанд каси дигар аз бӯйи тези зараровараш астма? Кӣ ин ҳама фиреби хлофурӯшонро назорат мекунад?
Ман ҳоло бобати яку якбора аз 4 сомонӣ ба 30 сомонӣ ҷаҳидани нархи ин моеъ ҳарф намезанам. Фақат мехоҳам, ки ҳамсояи ман, ҳамватани ман, хешу ақрабои ман аз бозор хлори микробу бактерияи зарароваркуш ба хонааш барад, на оҳаку алебастри одамкуш!
Фарангиси ФАРМОН