Мардум гоҳо бо шӯхӣ ва бисёрии вақт хеле ҷиддӣ байни ҳам мегӯянд: “Мансабдорон дар Тоҷикистон танҳо вақте “зинда” мешаванд, ки агар Сарвари давлат онҳоро мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор диҳад!”.

Ҳоло беш аз 8 моҳ аст, ки кошонаи ҳусн, сартарошхонаву ҳаммомҳои Тоҷикистон мавриди санҷиши «ҷиддӣ» аз ҷониби масъулини Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор гирифтанд. Албатта, ин ҳам пас аз як интиқоди шадиди Президенти Тоҷикистон, ки аз хунукназарии баъзе масъулин ва сироят ёфтани одамон изҳори нигаронӣ намуда, ҷиддӣ масъалагузорӣ кард.

Мардум акнун то андозае нафаси сабук кашиданд. Одамон дигар ба кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаву ҳаммом тарсида — тарсида намераванд ва бовар мекунанд, ки баъди истифода аз ин маконҳо ба онҳо чизе сироят нахоҳад кард.

Дар шабакаҳои телевизионӣ, таври маълум, қариб ҳар рӯз чандин гузоришу барномаҳои пайиҳам намоиш дода шуд, ки аз рейдҳои масъулин дар сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн хабар медоданд ва ба соҳибони ин гуна ҷойҳо барои ислоҳ албатта дастурҳо. Баъзеашонро барои муддати «тӯлонӣ», яъне як ҳафта бастанд. Вале, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз гузаронидани корҳои «фаҳмондадиҳӣ» бештари онҳо ба зудӣ дарро ба рӯйи муштариён боз мекунанд.

Тақрибан дар тамоми кошонаҳои ҳусн ишораи “баста” ва “боз” гӯё ба як масъалаи муҳим мубаддал гаштааст. Аммо оё гуфтан мумкин аст, ки ҳоло талаботи санитарӣ ва меъёрҳои дигар ба пуррагӣ риоя мешаванд?

Мушоҳидаҳо ҳамчунин баёнгаранд: устоҳое, ки бо нохун ва қошу абрӯи занон кор мекунанд, мошинаи «вирускуш»-е  пайдо кардаанд ва он танҳо ҳангоми пешвози комиссия “кор мекунад”. Дар ҳоле, ки бештарашон умуман фаъол набуда, дохили биноҳо низ ба талаботи санитариву эпидемиологӣ умуман ҷавобгӯ нест.

Мо амалан мебинем, ки фаъолияти чандин дандонпизишкҳо, бахусус барои кандани дандон қатъ гардид. Аммо хабаре шунидаед, ки дари  кадом як кошонаи ҳусн тамоман баста шудааст? Шахсан инҷониб чунин хабару маълумотеро вонахӯрдаам.

Дуруст аст, ки дар бархе кошонаҳои ҳусн мо шоҳиди таъмири зоҳирии онҳо мегардем. Яъне онро рангубори нав мекунанд ва бо ҳамин гӯё тамом. Бовар дорам, интиқоди Сарвари давлат танҳо ба ин паҳлуи масъала дахл надошт. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки аз сабаби беаҳамиятиву баднафсии соҳибкорон ба бадани шаҳрвандон вирусу бемориҳои зиёд ворид мешавад. Ва барои бемориҳои хатарнок доруҳои ройгон барои камбизоатон аслан вуҷуд надорад. Духтуре дар суҳбат ба банда гуфт: “Баъзе доруҳо танҳо дар Амрико ройгон дода мешаванд. Таҷрибаи чандинсолаамон нишон медиҳад, ки аксарияти мардум бо сабаби гарон будани нархи дору худро табобат карда наметавонанд. Ва сироят ҳам бештар аз ҷойҳое, ки шумо ишора кардед, хеле зиёд аст”. Агар ҳоло бубинем, ки дар ҳама нуқтаҳои маишӣ “корҳо сад” аст, пас гузаронидани ҳама гуна рейду санҷишҳо маъно надорад. Аммо, мутмаинам, ки чунин нест.

Нашавад, ки чанде пас боз Сарвари давлат роҳбарияи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои пешниҳоди маълумоти нодуруст ё аз воқеият дур мавриди интиқод қарор диҳад? Зеро дар мо одат кардаанд, ки танҳо пас аз вокуниши Президент масъаларо “ҷиддӣ” мегиранд.

Мисле, ки хабаргузориҳои қирғизӣ чанде пештар навиштанд, дар шаҳри Алмаато директори як кӯдакистон 3 сол боз гирифтори бемории сил будааст, вале масъулин ин маълумоти муҳимро пинҳон доштаанд. Ҳоло волидайни атфоли ин боғча нигарон аз онанд, ки мабодо кӯдаконашон аз ин касалӣ сироят наёфта бошанд…

Вале кадом “тағои зӯр” ин директорро дар Алмаато барои чанд муддат “соҳибӣ” кард. Бовар надорам, ки ин “тағо” пас аз ин сарусадо ва расидани гап то “калонҳо” “ҷияни худ”-ро соҳибӣ намояд.

Дар Тоҷикистон низ гапи “ҷияну тағо” нав нест. Маълум аст, ки онҳо ба ивази пулу мол ба ин “риск” мераванд. Ҳатто ҳолатеро нақл карданд, ки барои яке танҳо чанд килло ғулинг басанда будааст. Аз ин ҷост, ки «ғулинг» дар фонди луғавии баъзе соҳибкорон ё корафтодагон маънои дигар мегирад. Фаротар аз як меваи хушк аст. Яъне харидории тамоми заруратҳои хонаводаи масъулин дар зери ҳамин “ғулинг” ҷо ёфтааст. Чун худашон харид намекунанд, барояшон “мехаранд”. Дар ин бобат дар оянда боз суҳбат хоҳем кард.

Пас, интизор шавем, ки тавре дар байни мардум мегӯянд, “линги кӣ аз осмон меояд”, то вазъият беҳбуд ёбад?

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

2 ШАРҲҲОИ

  1. Хуршед нашри иншои мактабхонхоро бас кунед.Наход Хуршеди сахтгиру серталаб ин кадар бепарво шудааст?

  2. Таъбири «аз қоқи нав»-ро ба рафиқи ‘Суғдӣ’ агар мафҳум набошад, аз нав фаҳмонда ‘ти(ҳ)ет’. Саводи мардуми таҳҷойи дар ҳадди плинтуси мактаби миёна пойин фуромада ‘рафсос’. Дар ин кор сахтгириву серталабии як Хуршедсар асаре нахоҳад гузошт. Бояд, кӯли (!) (хонда шавад — кулли) системаи маорифи Ҷумҳуриро аз нав ба роҳ гузошта, кабир то сағири кишвар бояд дар курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here